ВЕДОМОСТИ. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви БРИКС миёнаравӣ барои ҳалли низоъ дар Украинаро пешниҳод карданд.
Изҳороти якҷояро баъди мулоқот дар Нижний Новгород Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон нашр кард. «Вазирон мавқеъҳои миллии худро дар робита ба вазъ дар Украина ва атрофи он, ки дар форумҳои дахлдор, аз ҷумла Шурои амнияти СММ ва Маҷмаи умумии СММ, баён гардидаанд, ёдовар шуданд. Онҳо пешниҳодҳои дахлдорро оид ба миёнаравӣ ва корҳои нек, ки ба ҳалли осоиштаи низоъ тавассути муколама ва дипломатия нигаронда шудаанд, бо қаноатмандӣ таъкид намуданд», – гуфта мешавад дар изҳорот.
Мулоқоти Алиев бо Эрдоган
Мир 24. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари корӣ ба Анкара омад.
Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган бо Роҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқоти «як ба як» баргузор карда, густариши равобити энергетикӣ, нақлиётӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишварро баррасӣ намуданд. Онҳо, бахусус тавсеаи иқтидори роҳи оҳани Боку – Тбилиси – Карсро, ёдовар шуда, аҳамияти кори муштарак дар рушди долони Миёнаро таъкид карданд.
Илҳом Алиев Эрдоганро ба Озарбойҷон барои иштирок дар Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёби иқлим, ки моҳи ноябри соли равон баргузор мегардад, даъват кард. Реҷеб Тайип Эрдоган онро пазируфт.
Суҳбати телефонии Владимир Путин бо Луис Инасио Лула да Силва
Мир 24. Президенти Россия Владимир Путин ва Роҳбари Бразилия Луис Инасио Лула да Силва зимни гуфтугӯи телефонӣ муносибатҳои шарикии стратегии Россия ва Бразилияро баррасӣ карданд.
Дар суҳбат гуфта шуд, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ бомуваффақият инкишоф меёбанд ва ҷонибҳо ният доранд ин корро минбаъд амиқтар гардонанд.
Президентҳо, аз ҷумла дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби БРИКС гуфтугӯ намуданд. Россия имсол раёсати Созмонро бар уҳда дорад. Бразилия соли 2024 ба G20 роҳбарӣ мекунад ва ҳар ду кишвар дар он ҷо низ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.
Шаш номзад барои ширкат дар интихоботи президентии Эрон иҷозат гирифт
CentralAsia (CA). Вазорати корҳои дохилии Эрон рӯйхати шаш номзадро нашр кард, ки барои ширкат дар интихоботи Президенти Эрон иҷозат гирифтааст. Инҳо собиқ вакили парлумони Эрон Масъуд Пизишкиён, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва собиқ вазири адлия Мустафо Пурмуҳаммадӣ, узви Шурои муайянкунандаи мақсадҳои сиёсӣ Саид Ҷалилӣ, раиси шаҳри Теҳрон Алиризо Зоконӣ, ноиб-президент Амирҳусейн Қозизода Ҳошимӣ, раиси Парламент Муҳаммад Боқир Қолибоф мебошанд.
Тасдиқи номзадҳо ба онҳо ҳақ медиҳад, ки сабқати интихоботӣ оғоз намоянд. Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Эрон 28-уми июн баргузор мешавад.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Lenta.ru. Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, зимни нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви БРИКС дар Нижний Новгород, изҳор дошт, ки Пекин тарафдори даъвати конфронси нави воқеан сулҳовар аст, ки натиҷаҳои онро ҳам Россия ва ҳам Украина эътироф хоҳанд кард.
Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо губернатори вилояти Воронежи Россия Александр Гусев Воронежро аз муҳимтарин шарикони Минск номида, хостори дучанд афзоиш додани ҳамкориҳо шуд. Соли гузашта Беларус ва Воронеж ба маблағи 500 миллион доллари ИМА муомилоти тиҷоратӣ анҷом доданд.
Anadolu Ajansi. Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл бо сафари давлатӣ вориди Туркманистон шуд. Дар чаҳорчӯби сафари дурӯза дар Ашқобод музокироти сатҳи олии Туркманистону Корея баргузор мешаванд.
АИР «Новости». Вазирони корҳои хориҷии бархе аз кишварҳои аврупоӣ аз қатъномаи Шурои амнияти СММ бо тарҳи оташбас дар навори Ғазза изҳори ҳимоят карданд. Дипломатҳо аз ҷунбиши фаластинии ҲАМОС даъват намуданд, ки ин санадро бипазирад.