11-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунхуаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
“Ба туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал, бахусус бо Дафтари Шумо, ташаббусҳои мо дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ пайдо карданд. Қабули даҳ қатъномаи марбут ба обу иқлим аз ҷониби Маҷмаи умумӣ тасдиқи ин гуфтаҳост”, – изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суҳбат масоили обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, оқибатҳои таъсири манфии он, ҳифзи муҳити зист ва боло бурдани иқтидори тавлиди “неруи сабз” мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз талошҳои Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти илм, технология ва инноватсия ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор пуштибонӣ менамояд.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омодагии худро изҳор доштанд.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба аҳамияти қабули ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин, таъсиси “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” табодули андеша сурат гирифт.
ВОХӮРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО КОТИБИ ИҶРОИЯИ КОМИССИЯИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ СММ
11-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
“Тоҷикистон саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва “Рӯзномаи 2030”-и онро дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва мушкилоти ҷаҳони муосир муҳим медонад”, – изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама ниҳодҳои он қаноатмандӣ изҳор гардид.
Дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмон дар самти дастрасӣ ба неруи устувор, рушди кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ зарур шумурда шуд.
Нақши Комиссия дар иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 назаррас арзёбӣ гашт.
Дар ин зимн, дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамлу нақли бисёрҷанба, рушди инфрасохтори он ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ амри муҳим дониста шуд.
Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, низоми зеҳнии нақлиётӣ ва тағйирёбии иқлим аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.
РАИСИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
11-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
“Мо Маҷмаи умумиро ниҳоди муҳими Созмони Милал медонем ва нақши онро дар қабули қатъномаҳои ҳаётан муҳим қадр мекунем”, – изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардида, аз ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар самти обу иқлим ва дастгирӣ аз тадорукоти Конфронси кунунии Душанбе ба раёсати Маҷмаи умумии Созмон изҳори сипос карда шуд.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ масоили қабул ва амалисозии барномаҳо, аз қабили “Барқарорсозии эътимод ва эҳёи ҳамбастагии ҷаҳонӣ”, “Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор”, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро муҳокима намуданд. Обшавии босуръати пиряхҳо мушкилоти дигар дар раванди тағйирёбии иқлим номида шуда, қабули қатъномаи Маҷмаи умумӣ дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо иқдоми саривақтӣ арзёбӣ гардид.
Бо ибтикори Тоҷикистон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумӣ оид ба “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” барои рушди соҳаҳои варзиш, аз ҷумла футбол, муҳим шумурда шуд.
КОТИБИ ДАВЛАТИИ ВАТИКАН КАРДИНАЛ ПЕТРО ПАРОЛИН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
11-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин вохӯрданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаи таҳкиму густариши ҳамкории ду ҷониб баррасӣ гардид.
“Мо дастгирии Ватиканро аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим хеле қадр мекунем ва иштироки Шуморо дар чорабинии имрӯзаи муҳими байналмилалӣ мисоли дигари ин дастгирӣ медонем”, – изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Натиҷаҳои гуфтушуниди сатҳи олии Тоҷикистон ва Ватикан, ки 26-уми апрели соли 2024 баргузор шуда буд, қадами муҳим дар роҳи вусъат додани ҳамкории минбаъдаи ҳар ду тараф арзёбӣ гаштанд.
Ҷонибҳо оид ба масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, норасоии оби ошомиданӣ ва коҳиш додани зарари он ба иқтисоди кишварҳо табодули андеша карданд.
Таҳкими ҳамкории мамлакатҳо дар соҳаҳои гуманитарию фарҳангӣ, илм, сайёҳӣ зарур шумурда шуда, изҳори итминон карданд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳо ба раванди рушду тавсеаи равобити мусоиди Тоҷикистону Ватикан такони нав хоҳанд бахшид.
Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
ВАЗИРИ МУҲИТИ ЗИСТ, ОБ ВА КИШОВАРЗИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД
11-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон ал-Фазлӣ мулоқот доштанд.
Дар суҳбат маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд.
“Ҳузури Шуморо дар кори Конфронси сеюми оби Душанбе боз як далели таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии Арабистони Саудӣ ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон арзёбӣ мекунем”, – изҳор доштанд дар оғози гуфтушунид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду мамлакати дӯст, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, муҳити зист, татбиқи барномаву лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба бахшҳои судовар, чун кишоварзӣ ва саноат, бахусус саноати сабуку хӯрокворӣ, гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.
Ба роҳандозии содироти маҳсулоти алоҳидаи кишоварзии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гашт.
Роҳандозии хатсайрҳои мустақим миёни шаҳрҳои ду кишвар омили муассир дар рушду таҳкими робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти сайёҳӣ ва афзоиши тиҷорат, арзёбӣ гардид.
МУЛОҚОТ БО ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ СЕНАТИ МАЛАЙЗИЯ ДАТУК НУР ҶАЗЛОН МУҲАММАД
11-уми июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
“Мо таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Малайзияи ба мо дӯстро аз иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим қадр мекунем.
Малайзияро яке аз шарикони муҳим ва дӯсти боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”, – изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо зимни баррасии маҷмуи масоили ҳамкорӣ алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстонаву судманд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, изҳор доштанд.
Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ, сармояву инноватсионӣ, маориф, робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ аз омилҳои муҳими тақвиятбахши муносибатҳои ду кишвар номида шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.