10-уми июн дар Кохи Наврӯз Форуми байналмилалии “Занон ва об” баргузор гардид. Форумро Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “СММ – Занон” дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID), Бонки осиёии рушд, Институти тафсири ҷанг ва сулҳ (IWPR), Агентии оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд (АСТЕД) баргузор намуд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамоиши мазкур дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 10 то 13-уми июн идома меёбад.
Дар чорабинӣ Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Элиза Фернандес, муовини директори минтақавии сохтори “СММ-Занон” оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Каха Имнадзе, сардори маркази минтақавии СММ оид ба димломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Терхи Хакала, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, Ненси Эслик, ҳамоҳангсози USAID оид ба захираҳои обӣ ва дигар намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносони соҳаҳои гуногун, шарикони рушд, дар умум намояндагони 27 давлат ширкат варзиданд.
Дилрабо Мансурӣ дар суханронии худ зикр кард, ки “захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об дар ҷаҳон ҷойи сеюм, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи дуюм ва Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро мегирад. Оид ба масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад. То имрӯз бо ташаббуси Тоҷикистон ҳашт қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар масъалаҳои об қабул шудааст. Ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва об, таъмини иштироки занон дар ҳали мушкилот дар ин самт дар рӯзномаи Форуми мазкур низ мавзуи афзалиятнок ба шумор меравад”.
Муовини директори минтақавии сохтори “СММ-Занон” оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Элиза Фернандес таъкид дошт: “Мақсади асосии Форум баррасии нақши муҳими занон дар идоракунии захираҳои обӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мебошад. Чунки норасоии об имрӯз ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст ва иштироки занон дар муколамаҳои марбут ба об нақши созгор мегузорад. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин мушкилот мо бояд ба ҳам оем, таҷрибаҳоро мубодила карда, роҳи ҳалли мушкилотро ёбем”.
Иштирокдорони чорабинӣ ҳадафи баргузории Форумро дар роҳи ҳалли мушкилиҳо ва таҳкими фаъолият дар самти дастрасӣ ба захираҳои об бо назардошти воқеияти гендерӣ, шарикӣ ва равандҳои байнисоҳавӣ арзёбӣ карданд.
Воқеан, баргузории Форуми “Занон ва об” бо фароҳам овардани майдони фарох барои мубодилаи афкор, иттилоот ва табодули таҷриба барои ҷонибҳои манфиатдори кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳо заминаи хуб мебошад.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”