Яке аз инсонҳои некном, рӯзноманигор ва адиби маъруфу маҳбуб, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, устоди зиндаёд Ибод Файзулло замоне сармуҳаррири нашрияи бонуфузи ҷумҳурӣ - "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло “Ҷумҳурият”), ки дар остони 100-солагӣ истодааст, буданд.
Нахустин навиштаи нависандаи шинохта, устод Ибод Файзулло таҳти сарлавҳаи "Мусобиқаи ҳамкурсон" тирамоҳи соли 1958, ҳангоми донишҷӯйи соли чоруми факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ДМТ) будан, дар саҳифаи аввали рӯзномаи овозадори "Тоҷикистони советӣ" чоп шуда буд. Пас аз нашри ин хабар дар ҳаёти мавсуф пайвасти риштаи ногусастанӣ бо ин рӯзномаи маъруфи кишвар ба вуқуъ омад.
Собиқадори матбуот, журналисти номдор Мазҳабшои Муҳаббатшо, боре зимни суҳбат чунин иброз дошта буд: "Хонандагони рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" дар солҳои 1959-1963 хуб дар хотир доранд, ки чӣ тавр одамон ҳар рӯзи якшанбе мунтазири фелетонҳои обдори Ибод Файзулло мешуданд. Журналисти ҷавон ин жанри публитсистиро ба ҳадди аълои худ расонд ва мухлисони зиёдеро барои рӯзномаи онвақтаи мо ҷамъ овард".
Ба ифодаи академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, асарҳои адиб Ибод Файзулло хусусиятҳои бадеӣ-публитсистӣ дошта, таъсири ҷамъиятии онҳо бузург аст.
Аксбардори “Ҷумҳурият”, Коркуни хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон Олимҷон Раҷабов низ, аз ҷумла боре гуфта буд: «Солҳое, ки шоири ғазалсаро ва нависандаи забардаст Аминҷон Шукӯҳӣ сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ» буданд, саҳифаи рӯзи истироҳатии онро ҳазорҳо нафар мухлисони ашаддӣ ва хонандагони сершумор интизор мешуданд. Устод Аминҷон Шукӯҳӣ ҳар касро ба кори газета намегирифтанд, аввал ӯро хуб месанҷиданд, шахсан дастхатҳояшро мехонданд ва услуби навишту маҳорати адабиашро ба инобат мегирифтанд. Аммо хуб дар ёд дорам, ки Ибод Файзулло баъди чопи як фелетон ба идораи рӯзнома даъват шуд ва баъди нашри мақолаи дуюмаш ӯро ба ҳайси ходими адабӣ ба кор қабул намуданд. Лозим ба тазаккур аст, ки чунин тарзи корбарии Аминҷон Шукӯҳиро баъдтар худи Ибод Файзулло низ чун сармуҳаррир солҳои 1977 – 1979 идома бахшид ва рӯзномаро воқеан ҳам ба ойинаи ҳақиқии ҳаёти Тоҷикистон мубаддал сохт».
Ибод Файзулло солҳои 1979 – 1981 мудири шуъбаи маданияти КМ ҲК Тоҷикистонро ба зимма дошт. Сипас, 10 сол ҳамчун котиби раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз соли 1991 то соли 2002 сардабири рӯзномаи ҷамъиятиву сиёсии пойтахт - «Паёми Душанбе» буд. Ду даъват вакили Шурои Олии ҷумҳурӣ интихоб шудааст. Нафақахӯри дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва собиқадори меҳнат, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, ҳамчунин, бо ордену медалҳо ва ҷоизаҳо қадр гаштааст.
Дар ҷумҳурии мо зиёданд одамоне, ки устод Ибод Файзуллоро дар ёд доранд, ҳикояву қисса, фелетону публитсистика ва очерку сафарномаҳои хубу марғубашро ҳоло ҳам мехонанд. Асарҳои устод "Рӯ ба офтоб", "Садоқат", "Роҳҳои зиндагӣ", "Падарон ва фарзандон", "Гулхани дӯстӣ", "Қиссаи бешаи сабз", "Ошёни баланд", "Савганд", "Қарзи фарзандӣ", "Аскари қаторӣ", "Чеҳраи шинос", "Дур аз фронт", "Кӯҳи панҷум","Борони баҳорон" -ро хонандагон хуш қабул кардаанд. Бар замми ин Ибод Файзулло асарҳои бисёр нависандагони маъруфи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсояро ба забони тоҷикӣ гардондааст.
Барои каминаи камтарин боиси ифтихору сарфарозист, ки чунин як суханвари ҳунарманд, хушсалиқаву пухтакор, марди оқилу дардошно, мунису меҳрубон ва хеле сахтгиру дилогоҳ ҳамроҳи мо, рӯзноманигорони даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар нашрияи «Паёми Душанбе» заҳмат кашидаву ба Тоҷикистони азиз содиқона хизмат намудаанд. Борҳо ба мо, ҷавонон, гаштаю баргашта таъкид мекарданд, ки аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” омӯзем, зеро он нашрияи воқеан ҳам рақами як ва барои ҳамаи журналистони мамлакат мактаби таҷриба аз ҳама ҷиҳат аст.
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ, узви ИЖТ