Ба пешрафту дастовардҳои кишвари азизамон Тоҷикистон менигараму ифтихор мекунам. Ҳамзамон, он рӯзу моҳу солҳои даҳшатбори рафта пеши назар меоянд. Мо, воқеан, ба ин рӯзҳои нек, ба Ваҳдати миллӣ ба осонӣ нарасидаем. Мехостанд, ки тифли навзоди истиқлолиятро бӯғӣ бикунанду бикушанд ва номи кишваре бо номи Тоҷикистонро аз харитаи дунё маҳв бисозанд. Хиради азалии Сарвари ҷавони тозаинтихобшуда, дилсӯзӣ ва шинохти масъулияту саъю талошаш кишварро аз вартаи ҳалокат бароварду наҷот бахшид. Сулҳу оромӣ пойдор гардид, гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргардонда шуданд, шароити беҳтари зиндагиро ба тадриҷ фароҳам овард. Бе шак, имрӯз, ки зери осмони соф бо осоиштагӣ зиндагӣ дорем, пеш аз ҳама натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Мо худ шоҳид будем ва хуб дар ёд дорем, ки тамоми фоҷиаҳои солҳои 90-ум дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда сар заданд.
Ҳамаро зери по кардем. Ба чӣ оварда расонд?
Ба анархия, беҳокимиятӣ!”.
Барқарор кардани ин ҳама кори осон набуд. Конститутсия ва дигар қонунҳои қабулгардида бояд амал мекарданд.
Сарвари давлат дар баробари иҷрои дигар корҳои муҳим, тамоми диққатро ба барқарор кардани сохти фалаҷгардидаи мақомоти низомӣ равона карданд. Зикри ин нукта низ ба маврид аст, ки дар марҳалаи аввали истиқлоли давлатӣ фиребкорӣ, ҷангу куштори шахсони бегуноҳ, дуздӣ, ғорати моли мардум афзуд. Фаъолият дар чунин ҳолати беқонунӣ на танҳо душвору ногувор, балки номумкин буд. Аз ин рӯ, бо дастури Сарвари давлат дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои содиршуда таъсис ёфт ва ба кор шуруъ намуд. Сарварии он ба зиммаи муовини аввали Прокурори генералӣ Ҳақназар Шодиев гузошта шуд. Ба дӯш гирифтани ин бори масъулият дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ аз кас худфидоиро тақозо дошт. Ҳолиё боз бештар аз гузашта меандешам ва ба ин хулоса меоям, ки воқеан, чунин шахсияти арзандаву ҷасуру нотарс маҳз Ҳақназар Шодиев буд. Албатта, ҷасорату далерӣ дар ин сурат кофӣ набуд. Бояд шахс виҷдони пок, дасту дили тоза медошт ва аз тақдири одамон меандешид.
- Шумо ба одам сару кор доред. Хуб, ҷиноят содир кардааст. Дониста ё надониста? Қасдан ё тасодуфан? Кӣ водораш кардааст ва чаро? Айбдораш мекунед. Агар баъдҳо биандешед, ки дар ин ё он масъала шумо худатон хато кардаед, виҷдонатон сахт азоб медиҳад. Ин як азоб, азоби руҳӣ, аз азоби ҷисмонӣ вазнинтар, сангинтар аст ва тамоми умр доманатонро раҳо намекунад, - мегуфт ба мо.
Эҳсос мекардем, медидем, ки то ба охир худ гирифтори чунин азоб набуд. Агар ҳам бар асари кори зиёд хаста мешуд, ба зудӣ мондагиашро рафъ мекард.
Дар он рӯзгор таҳдиду зӯроварӣ ба ҳаёту саломатии аъзои гурӯҳ ҷой дошт. Ӯ моро ба касб, иҷрои вазифа бештару беҳтар умед мебахшид. Мегуфт, ки ин ҳама барои Ватан, пойдории давлат, сулҳу ваҳдат, истиқлол муҳим мебошад.
- Ҳама чизро, агар бифурӯшӣ, шояд дар иваз беҳтарашро биёбиву бихарӣ. Аммо дар ин маврид виҷдон истисност. Виҷдонро дигар ҳеҷ гоҳ харида наметавонед ва ҳам чизеро беҳтар аз виҷдон, - бо таъкид иброз медошт ӯ.
Ҳамин буд, ки гурӯҳ бо сарварии Ҳақназар Шодиев дар як муддати кӯтоҳ баррасии ниҳоии 198 парвандаи ҷиноятиро ба анҷом расонд. Инчунин, нисбат ба 235 нафар айбдоршаванда парвандаҳои ҷиноятиро ба суд ирсол кард. Ҷиноятҳо сабуки одӣ набуданд. Ҷиноятҳои табаддулоти ҳарбӣ, акти террористӣ, гаравгирӣ, бандитизм, тахрибкорӣ ба шумор мерафтанд. Ин гуна ҷиноятҳо ва тафтишот пештар дар ҷумҳурӣ содир нашуда буданд ва таҷрибаи тарзу усули тафтиш вуҷуд надошт.
Ҳақназар Шодиев солҳои 1979-2008, давоми сӣ сол, сармуфаттиши прокуратура ва муовини прокурори шаҳри Кӯлоб, муовини аввали Прокурори генералии ҷумҳурӣ ифои вазифа кардааст.
Хидматҳои содиқонааш дар ин соҳа бо ордени Шараф, Ифтихорнома ва унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон қадр карда шуда буданд.
Маврид ба зикри махсус мебошад, ки ӯ узви Комиссияи оштии миллии ҷумҳурӣ ва фаъолияташ дар он назаррас буд.
Ҳолиё, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва бо пойдории сулҳ, истиқлол, пешрафту тараққиёти кишвар ифтихор мекунем, симои ин марди фидоии соҳа ва он рӯзҳои душвор пеши назар меоянд. Дар ин ҳол, албатта, мегӯям: “Некон, дӯстдорону фидоиёни Ватан ҳаргиз намемиранд”.
Раҳматулло ХОЛОВ,
прокурори калони раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1