Бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30-юми майи соли 2024
Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, ки вазъи кунунии соҳаи маорифу илми кишвар ва дурнамои он матраҳ гардид. Барои пешбурди соҳаи илм баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ зарур мебошад.
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маориф дар кишвар мавқеи асосиро ишғол намуда, омӯзгорону мутахассисон ва тадқиқотчиён асоси пешбарандаи тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб мераванд.
Ҳангоми суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои олӣ, миёна ва касбӣ ва ба замони ҳозира мутобиқ намудани соҳаи таълим диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин замина, доир ба рушду нумӯ ва мавқеи маориф дар ҷомеа Сарвари давлат вазорату идораҳои дахлдорро ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав, баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифдор намуда, дастуру супоришоти мушаххасро ироа намуданд.
Масъалаи калидии таҳкиму ташаккули низоми таълиму тарбия, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати он мебошад. Зеро бо паст будани сифати таҳсил, дар истеҳсолоту иқтисодиёти ҷомеа ихтилоф ба амал меояд. Аз ин ҷост, ки сифати таҳсил иқтидори иқтисодӣ, зеҳнӣ ва маънавии ҳар як кишварро муайян месозад. Бинобар ин, зарурати моҳиятан баланд бардоштани сифат ва иҷроиши самараноки нақшаву барномаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани методу технологияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани кадрҳо рӯз ба рӯз аён мегардад.
Маҳинахон ҚОБИЛОВА,
муаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров