Сар карда аз рӯзи нашри «Иди тоҷик» яъне 15 марти соли 1925, ин рӯзнома ҳамасола дар чунин як рӯз, хосса фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ид дорад. «Иди тоҷик», воқеан, иди миллати тоҷик буд.
Агарчи дар солҳои баъдӣ борҳо бо «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шуравӣ» ва «Ҷумҳурият» тағйири ному алифбо намуд, аммо тағйири мақсаду мароми воло накард. Дар кишвар ҳеҷ рӯзномае ба ин синну сол баробар нест ва барои миллат дар ҳама мушкилоти рӯзгор хидмат нанамудааст.
Ин рӯзномаи бонуфузи миллӣ саҳифа ба саҳифа – ҳама таърихи зиндаи миллат ба шумор меравад. Шахсиятҳои маъруфи миллии мо барои бедории он саъю кӯшишу талош ва ҳатто ҷонфидоӣ карданд. Душманону бадхоҳон на танҳо мехостанд, ки чунин миллат вуҷуд надошта бошад, балки дар андешаи таъсис надодану аз миён бурдани кишваре бо номи Тоҷикистон буданд. Ба ин хотир, зубдагони миллатро бо навиштани сиёҳномаҳо ё ба қатл мерасонданд ва ё ҳабс менамуданд. Дар чунин як рӯзгори фитнабор онҳо бо матонат ва қаҳрамонӣ ҳақиқатро иброз медоштанд, бар зидди душманону бадхоҳони миллат мебаромаданд. Майдони мубориза бо ин ашхос, барои нашри навиштаҳояшон, албатта, «Ҷумҳурият» буд. Шахсиятҳои сарсупурдаву дӯстдор ҳам миллат, ҳам кишвар ва ҳам хазинаи маърифатро ҳифз карданду то ба имрӯз, ба мо расонданд.
Сарчашмаи даҳҳо рисолаҳои илмӣ, китобҳо, мебинем, ки «Ҷумҳурият» аст. Аз саҳифаҳои он дар ин наздики сад сол, ҳамзамон, набзи меҳнат, пешрафти илм, тараққиёт дар аксар соҳаҳои ҷумҳурӣ эҳсос мешавад. «Ҷумҳурият» бозгӯи он аст, ки чи гуна ин миллат, шаҳрвандони кишвар бо ҳаракати босмачигарӣ, фашизми олмонӣ дар муборизаи беамон буданд. «Ҷумҳурият» дар баробари инъикоси зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандон аз баргузории анҷуманҳои адибон, маҳфилҳои шеъру сухан маълумоти дақиқ медиҳад.
Метавон ифтихор кард, ки шахсиятҳое чун устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода бо ин рӯзнома дар иртибот ва ҳамкор буданд. Инчунин, аз ин минбари баланд сари вақт барои худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ истифода мекарданд. Баъдҳо низ шахсиятҳои маъруфу маҳбуби кишвар Самад Ғанӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ибод Файзуллоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ғоиб Сафарзода, Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, Воҳид Асрорӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Абдулҳамид Самад, Мутеулло Наҷмиддинов, Нур Табаров, Сайф Раҳимзода Афардӣ, Маҳмадалишоҳ Ҳайдаршоҳ ва дигарон маҳз дар ин мактаб обу тоб ёфтанд ва ба қуллаҳои баланди эҷод расиданд.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ «Ҷумҳурият» ба хотири барқарории сулҳ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ фаъолияти чашмрас дошту дорад. Теъдоди он имрӯз наздики 52 ҳазор нусха мебошад ва ҳафтае 5 маротиба нашр мешавад. 14 марти соли 2000-ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Ҷумҳурият» Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.
Таъсис ва ҷамъбасти озмунҳо дар ин чанд соли охир бори дигар собит сохт, ки рӯзнома рисолати худро дар сатҳи баланд иҷро кардааст. Инчунин, минбаъд ҳам бо ташаббусҳои созанда фаъолияти чашмрасу густурда менамояд. Ҳамзамон, ҳайати имрӯзаи эҷодии рӯзнома дар нашри китобҳо, шумораҳои махсуси сиёсиву фарҳангӣ саҳми чашмрас гирифтанду мегиранд.
Ба ифтихори 100-солагии «Ҷумҳурият» маъмурият ва аҳли эҷоди он бо ташаббусҳои неку созанда барои миллат, кишвар баромад хоҳад кард. Ба собит сохтан ниёз надорад, ки рӯзнома соҳиби мактаби махсус аст ва рисолаташро ҳамеша дар ин муддат ба ҷо овардаасту меорад. Ин мактаб, воқеан, мактаби бузург мебошад, мактабе барои рушду камолоти эҷодӣ ва муҳаббату садоқат ба миллат ва кишвари маҳбубамон.
Оғози соли 99-уми нашр, яъне иди тоҷикро барои ҳамаи кормандон, хонандагон, дӯстдорони миллати соҳибтамаддуну сарзамини аҷдодиямон табрик мегӯем.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»