Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад барои бонувони хонашини тоҷик ҷиҳати дарёфти шуғли доимӣ як таккони ҷиддие гашт.
Бино ба иттилои Муяссара Мавлонӣ, муовини сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо роҳандозии тадбирҳои муассир дар мақомотҳои маҳаллии шаҳру навоҳии Суғд феълан зиёда аз 12 ҳазору 250 нафар бонуи хонашин ҷиҳати таълим ва омӯзиши касбу хунарҳои мардумӣ ҷалб шуда, айни ҳол дар ҳудуди вилоят 288 адад маркази ҳунармандӣ амал мекунанд, ки аз он 108 ададаш маркази атласу адрас ва 180 ададаш маркази ҳунармандӣ аз рӯи тахассусҳои гуногун мебошад.
Яке аз чунин занҳо, ки маҳз ба шарофати эҳёи ҳунарҳои қадимии ниёгон дар ҷомеа обрӯву нуфуз ёфта, ба беҳбудии рӯзгор муваффақ шуд, сокини шаҳри Хуҷанд Матлуба Ниёзова мебошад.
- Ман аз зумраи он занҳои хушбахту хушиқболе ҳастам, ки маҳз ба шарофати таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои муаззами миллат дар касбу ҳунар мавқеъ ва ҷойгоҳи хешро ёфтаам, - мегӯяд ӯ.
Мавсуф 20 сол аст, ки ба ҳунармандӣ машғул аст. Ба ҳунар дил бохтани Матлуба тасодуфӣ нест. Падараш дуредгар мебошад. Модар сарфи назар аз омӯзгор-муаллимаи забон ва адабиёт будан, ба ҳунарҳои мардумӣ шавқу завқи беандоза дошта, дар вақтҳои холӣ пурра ба он машғул мешуд. Матлубаи хурдсол кешбофиву гулдӯзии дастӣ ва шероздӯзии модарашро дида, завқ мебурд. Ҳамон солҳо дар дилаш меҳри ҳунар пайдо шуд.
- Дар синфи ҳафтум мехондаму муҳра мебофтам. Гӯшвору дастпонаҳо омода мекардам. Ба ин намуди маҳсулот духтарону занҳо таваҷҷуҳ доштанд. Минбаъд чакандӯзӣ, қуроқу попур, хомакдӯзиро ба таври худомӯзӣ аз худ кардам.
Барои муаррифии ҳунару истеъдод ва такмили маҳорати Матлуба Ниёзова иқдомҳои пайдарпайи Ҳукумати кишвар дар ҷодаи рушди ҳунарҳои мардумӣ боис шуданд. Нахустин маҳсули кору эҷоди ин ҳунарманд дар озмуни “Атласи тоҷик” муаррифӣ гардид. Дар ин озмун чаҳор модели худро пешниҳод кард. Яке аз онҳо куртае буд, аз муҳра бо нусхаи атлас, ки давоми як солу шаш моҳ таҳия гардида, он баҳои баланди доваронро сазовор шуд.
Ин дастовард ба Матлуба руҳу илҳоми нав бахшид. Пайваста меомӯхт ва ба номгӯи ҳунарҳояш ҳунаре зам мекард. Ҳоло дар сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, зардӯзӣ, юрмадӯзӣ, хомакдӯзӣ, заргарӣ ва тарроҳӣ устоди моҳир аст. Дар тарроҳӣ нозукбин ва дорои истеъдоди фавқулода мебошад. Бо сабки хоссаи худ ва ба ҳам овардани нақшу нигори қадимаву муосир маҳсули ҳунарашро ҷаззоб менамояд.
Ба гуфтаи Матлуба Ниёзова соли 2020 барояш хеле хотирмон гардид. Маҳсули эҷоди вай дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик - 2010”, ки дар он Пешвои миллат ширкат доштанд, баҳои баланд гирифт. Матлуба сазовори Шоҳҷоиза ва панҷ ҳазор сомонӣ гардид. Ҳунарманд ба ин фестивал панҷ намуди либосро ба намоиш гузошта буд. Ҳамчунин, баъди ин дастовард Матлубаро бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадр карданд.
Маҳсули ҳунари вай дар якчанд намоишгоҳҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба маъраз гузошта шуда, сазовори баҳои баланд гардидааст. Ҳунарманд яке аз вохӯриҳо бо Президенти кишварро ба хотир меорад, ки барояш тақдирсоз гардид.
- Дар чорабинии Наврӯзи соли 2012 дар Кохи Сомон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ман суҳбати кӯтоҳ доштанд ва пурсиданд, ки маълумоти олӣ доред? “Не” гуфтам. Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҳатман бояд хонам ва маълумоти олӣ гирам.
Ҳамин тавр, Матлуба ба факултаи санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуда, онро бо дипломи сурх хатм кард ва ҳоло магистранти соли дувуми ҳамин муассиса аст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”