Ӯ баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон (ДМТ) дар соли 1975 ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор омад, зеро дилаш гирифтори касби рӯзноманигорӣ буд. Вай аз ҳаёти ҳамаи рӯзномаву маҷаллаҳо воқиф буд, муҳарриронро ғоибона мешинохт. Нотарсона ба қабулгоҳи сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ» омад. Сармуҳаррири нашрия Ғоиб Қаландаров ӯро бо табассуми ба худ хос пешвоз гирифт. Ин суҳбатро баъди чанд сол ба ёд оварда ба ман гуфта буд Фаррух, ки ҳар ду дар Донишгоҳ ҳамсабақ будем.
- Дар бораи «бадҷаҳлии Қаландаров» ривоятҳои зиёд мебофтанд аҳли қалам, махсусан журналистони миёнаҳол. Гӯиё вай чунон бадқаҳр будааст, ки аз ваҷоҳаташ барфу борон мерехтаасту «оби Искандаркӯл дар тобистон ях мебастааст». Ҳатто, муовинонаш барои ба наздаш бо коре даромадан, ҷуръат намекардаанд. Аммо, дар ҳаёт ӯ чунин набудааст. Шахси ҳалиму меҳрубон, ҷавонони корафтода ва ё дар ҷустуҷӯйи корбударо бо самимият гӯш мекардааст. Вақте мақсадамро фаҳмид, мулоим пурсид:
- Кори газетаро медонӣ, мақолае навиштаӣ?
- Ман ба устод бастаи матлабҳои эҷодкардаамро, ки дар рӯзномаҳои ноҳиявию наврасону ҷавонони кишвар нашр шуда буданд, пешниҳод намудам. Сармуҳаррир ба ҳар яки он ба мулоҳиза чашм давонда гуфт:
- Нағз, вале, дар рӯзномаи ҷумҳуриявӣ корро аз мусаҳҳеҳхона оғоз менамоӣ, мактаби таҷрибаи «Тоҷикистони советӣ»-ро меомӯзӣ, худро ҳамчун хабарнигор муаррифӣ месозӣ, ман бояд бовар намоям, ки оянда аз иҷрои ҳар гуна супоришу вазифа мебароӣ. Он вақт мегӯям: «Роҳи сафед, ба ҷодаи матбуоти даврӣ».
Баъди ҳамин суҳбат Фаррух Ҳусейн муваққатан ёвари мусаҳҳеҳ таъин мегардад, ки ин вазифаро он вақт «подчитчик» меномиданд. Сармусаҳҳеҳ ё мусаҳҳеҳ бо овози баланд мақоларо мехонду ӯ ба нусхаи асл менигарист, агар ягон калима ва ё ибора ҳангоми ҳуруфчинӣ аз матн афтода бошад, ба он ислоҳ медаровард. Кор ба назар осон метофт, вале дар асл душвор буд. Синчакорона ба даҳҳо саҳифаҳо соатҳо чашм дӯхтан, ба садои хониши якмароми мусаҳҳеҳ бо диққат гӯш андохтан, хатоҳоро сари вақт дарёфтан, аз мутахассис чашмони заррабин, асаби оҳанин ва масъулиятшиносӣ мехост. Ин сифату хислатҳои мусбат дар ниҳоди Фаррух Ҳусейн ҷой доштанд. Вай аз заҳмати шабонарӯзӣ парҳез намекард. Дар солҳои 1975-1991 рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», минбаъд «Тоҷикистони шуравӣ» ҳафтае шаш маротиба бо теъдоди рӯзе то 250 ҳазор нусха ба нашр мерасид ва рӯзҳои корӣ гоҳе то 20 соат идома меёфтанд.
Баъди як сол, аниқаш 10-уми феврали соли 1976, ба кори доимӣ фармон гирифт. Ҳамон рӯз Ғоиб Назарович ба фаъолияти Фаррух Ҳусейн баҳои хуб дода гуфт:
- Аз ин рӯз ба кори доимӣ пазируфта мешавӣ, дар ҷодаи матбуот бароят комёбӣ мехоҳам.
Ҳамин тавр, Фаррух Ҳусейн ба дастаи эҷодии «Ҷумҳурият» пайваст. 10-уми январи соли 1980 мутасаддӣ-назоратгари саҳифабандӣ таъин мегардад. Акнун ба вай зарур меомад, ки барои зебою хоно ва назаррабо чоп шудани рӯзнома пешсарлавҳа, сарлавҳа ва зерсарлавҳаҳоро бо интихоби шаклҳои гуногуни ҳарфҳо мураттаб созад. Ӯ мекӯшид дар як саҳифа ду сарлавҳа бо ҳарфу шаклҳои монанд ҷой нагирад, ҳатман онҳо аз ҳам фарқ дошта бошанд. Шакли интихобнамудаи сарлавҳаҳои вай ҳама вақт ба мазмуну моҳияти мақола муносиб меомад. Барои маҳорати хуби саҳифаороӣ пайваста аҳсант мешунид.
4-уми ноябри соли 1986 хабарнигори шуъбаи иттилоот, 1-уми августи соли 1987 сардори шуъба оид ба корҳои хоҷагӣ таъин мегардад. Дар ҳамин давра фаъолияти эҷодии ӯ болу пари нав меёбад. Дар мавзуъҳои варзиш, санъат, навигариҳои иҷтимоиву фарҳангӣ хабар, гузоришҳо, аз ҳаёти одамони барӯманд очеркҳо омода месозад. Маҳсули эҷодаш дар китоби «Дилнигоштаҳо» фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, мақолаю мусоҳибаҳояш бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова бо номи «Бо суруд то Душанбе», «Ҳунари волои Лариса» дар бораи сафари ҳунарии Лариса Долина ба шаҳри Душанбе, «Ҳоҷибой механдонад» дар бобати малакаи ҳаҷвнигории Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистону Ӯзбекистон Ҳоҷибой Тоҷибоев, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамчун санъаткори воқеан нотакрор дар саҳнаи ҳаҷвнигорӣ ба ҳисоб мерафт, ҳикоят мекунанд.
Фаррух Ҳусейн то ба нафақа баромадан дар «Ҷумҳурият» фаъолият дошт. Бо нашрияи Ташкилоти мададгори мудофиаи кишвар «Ватанпарвар» ҳамкорӣ мекард. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, бо нишонҳои Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон қадр шудааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»