Аслан, табиати инсонӣ гувоҳи он аст, ки маърифати ҳуқуқӣ набояд мактаби алоҳидаи худро дошта бошад, зеро олами ҳастии инсоният фазои мураккаби маърифати ҳуқуқиро танзим менамояд. Масалан, вақте кӯдак чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, дорои қобилият ва эҳсоснамоӣ аст. Агар ӯ аз хурдӣ дар оилаи бомаърифат ва босавод ба воя расад, дорои маърифати ҳуқуқӣ мегардад. Зеро заминаҳои асосии фарогирии маърифати ҳуқуқии ҷомеаро вобаста ба ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон таъсири муҳити оилавӣ ташкил медиҳад.
Оила, яке аз ҷузъҳои асосии ҷамъият ба шумор меравад, ки инсоният аз хурдӣ дар он обу тоб меёбад ва рафтору амалкунии худро метавонад аз кирдори падару модар ва ё нафарони дигар муайян намояд. Агар дар оила муносибати шахс бо назардошти урфу одат, расму оин ва дигар принсипҳои бомаърифатонаи инсонгароӣ сурат гирад, инсоният дар чунин муҳит тарбияи хубро аз худ мекунад ва дар натиҷа дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ хоҳад шуд.
Ҳоло бо назардошти паёмадҳои то рафт мурракаб гардидани вазъи сиёсию геополитикии ҷаҳон зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба миён омадааст. Аз ҳамин нуқтаи назар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид ба амал оварданд: “Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.
Воқеан, шинохту маърифат ва риояи меъёрҳои Конститутсия ба сифати санади асосии ҳуқуқӣ бояд дар авлавият қарор дошта бошад. Таҷлили рӯзи Конститутсия, ки соли ҷорӣ мардуми шарафманди тоҷик дар фазои осудаи Ватан 30-юмин солгарди қабули онро ҷашн мегиранд, нишонаи эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллӣ буда, дар ин робита Пешвои муаззами миллат чунин ибрози андеша карданд: “Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
Воқеан, ҷойгоҳи Конститутсия дар татбиқи амалии ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эътирофи давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ягона, инчунин амалӣ гардидани меъёрҳои он дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муассир дорад.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Аз ҳамин нуқтаи назар, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.
Воқеан, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” нишонаи ташаккул ва рушди шахсияти донишманд, ҳуқуқдону китобхон ва маърифатпарвару тарбиятгар буда, ҷомеаро дар шоҳроҳи устувори таърих раҳнамун месозад. Ҳифзи музаффариятҳои давлат, масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва бақои давлатдорӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсию ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути боз ҳам боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа шароити арзандаро фароҳам овардаанд.
Дар ин робита, бояд барои масъулияти ватандориро бар дӯши худ гирифтан, ба қадри суботи ҷомеа расидан, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои раъиятпарвар ва сулҳофар муттаҳид гардида, дар ободии Ватан, тарбияи насли худогоҳи миллӣ ҷаҳду талошҳои судаманд ба харҷ диҳем.
Нодирҷон САФАРЗОДА,
нотариуси давлатии идораи нотариалии
давлатии шаҳри Ҳисор