Ансамбли этнографӣ-фолклории «Ҳисор»-и ноҳияи Ҳисор аз Канада баргашт. Дар давоми 15 рӯз намояндагони тоҷик дар шаҳри Торонто ҳунарнамоӣ доштанд.
Ансамбли «Ҳисор» ягона коллективе буд, ки бо даъвати шоири эронинажод Аҳмад Шомлу, барои иштирок дар нахустнамоиши асари ӯ «Парниён» ба он сӯи уқёнус рафт. Дар Торонто мардуми эронинажод сукунат доранд ва хеле зиёданд. Ба мухлисон, хусусан, ҳунарнамоии Ҳофизи халқии республика Ҳусейн Насриддинов, Зиёвуддин Нуров, паррандапарвари фабрикаи Чиптура Саида Қараева, кормандони шӯъбаи маданияти район Абдураҳмон Нуров, Комилҷон Қаниев писанд омад.
Пӯлоди АБУБАКР,
“Тоҷикистони советӣ”, 9 марти соли 1990, № 34. (18 015)
Омодасоз Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”
ДЕҲОТ ОБОД МЕШАВАД
Соли гузашта дар хоҷагиҳои ноҳияи Данғара беш аз 400 оилаи мӯҳтоҷи сарпаноҳ, соҳиби хона ва замини хонасозӣ шуд. Ин кор дар совхози ба номи Ленин хеле хуб сурат мегирад. Маъмурияти хоҷагӣ ҳар сол барои мардуми шаҳраки Данғара то 10 гектар замин ҷудо мекунад. Соли гузашта дар ин хоҷагӣ 80 оила барои хонасозӣ замин гирифт. 70 фоизи мӯҳтоҷони манзил аллакай дар хонаҳои хушсохти замонавӣ истиқомат мекунанд. Имсол ҳам дар совхоз барои хонасозии коргарон 8 гектар замин ҷудо карда шуд.
***
Дар маркази совхози «60- солагии СССР»-и ноҳияи Ленинград -қишлоқи Туту сохтмони кӯдакистони нав барои 140 ҷой сар шуд. Совхоз барои сохтмони он 218 ҳазор сӯм ҷудо кард. Кӯдакистонро бинокорони колоннаи механиконидаи сайёри рақами 28-уми трести «Сельстрой-8»-и шаҳри Кӯлоб бунёд мекунанд.
***
Дар маркази деҳаи Сарсибулоқи совхози «Аврора»-и ноҳияи Ленинград, клуби дорои 200 ҷои нишаст бо усули ҳашар сохта, ба истифода дода шуд. Дар саҳнаи он бори аввал ҳунарпешагони театри халқии ноҳия ҳунарнамоӣ карда, хотири мардуми деҳотро шод гардонданд .
Дар бунёди ин маркази маданӣ маъмурияти хоҷагӣ низ саҳм гирифт. Ҳашар дар деҳаҳои кӯҳистон ба ҳукми анъана даромад. Мардум худашон марказҳои маданӣ, мағоза, табобатгоҳ месозанд. Аҳолии деҳаҳои Ҷавзодара, Чилдухтарон ва Фурӯзоба аз ҳашар ба хубӣ истифода мебаранд.
Д. РАҲМОНАЛИЕВ,
“Тоҷикистони советӣ” 25 марти соли 1990, № 71 (18 042)
Омодасоз Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”