Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз МН МО хабар доданд.
Дар иҷлосия як масъала: оид ба пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудан ва ба ҳабс гирифтани вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода С.У.» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баромад карда, иброз намуд: «Эҳтиромона ба самъи Шумо расонда мешавад, ки дар пешбурди Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон ва дигарон бо моддаи 306, қисми 2, банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Тафтишот муайян намуд, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 бо тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.
Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонда, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалисозии нақшаи ҷинояткоронаи худ, дар дохили кишвар ва берун аз он, тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб сохта, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор мекунад.
Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда, онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат бо зӯрӣ сарнагун намоянд.
Саидҷаъфар Усмонзода барои содиркунии ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкили гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш кардааст. 12-уми июни соли 2024 нисбат ба Саидҷаъфар Усмонзода ва пайравонаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, номбурда хамчун гумонбар дастгир гардид.
Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс, тасдиқи худро ёфтааст.
Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми вакилияш то соли 2025 эътибор дорад.
Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва татбиқ намудани чораи пешгирии дар намуди дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ ҳамчун вакил розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, оид ба ин масъала розигӣ дода шавад».
Аз рӯи масъалаи мазкур, ҳамчунин, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон раиси Комиссияи одоби Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод баромад намуда, мутобиқати пешниҳоди Прокурори генералӣ оид ба маҳрум намудани дахлнопазирии вакил С. Усмонзода ва асосҳои пешниҳоди мазкурро таъкид карданд ва қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро оид ба ин масъала ҷонибдорӣ намуданд.
Дар интиҳои иҷлосия Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда, чунин иброз дошт: «Вакилони арҷманд, чаҳорчӯба ё худ меъёри дахлнопазир будани ҳуқуқи мо – вакилон, тибқи талаботи қонунгузории кишвар муайян гардидааст.
Хотирнишон менамоям, ки фаъолият ва рафтору гуфтори на танҳо вакил, балки ҳар як шаҳрванд дар доираи қонунҳои амалкунанда санҷида мешавад ва нисбат ба он хулосабарорӣ мешавад. Албатта, таҳаммул кардани кирдоре, ки шаъну эътибори вакилро паст мезанад, бисёр сангин ва нанговар аст.
Вакилони арҷманд, он боварие, ки интихобкунандагон нисбати мо – вакилон, доранд, ба он сазовор будан лозим аст. Ин ҳолати нангин мо – вакилони Маҷлиси намояндагонро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри сулҳу субот, оромии ҷомеа ва бовари интихобкунандагони худ расем ва дар кадом ҳолате бошем ҳеҷ гоҳ ба Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Ватану миллати худ хиёнат накунем. Балки аз ҳарвақта бештару хубтар муттаҳид бошему бо пайгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани аҷдодиамон тамоми кӯшишу ғайратамонро сафарбар намоем».