Чанде пеш раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол бо лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли оҳак шинос гардид. Корхона дар майдони 2 гектар сохта шуда, дар марҳалаи аввал то 100 тонна оҳак дар як шабонарӯз истеҳсол мекунад. Минбаъд дар навбати дуюм ва сеюм иқтидори истеҳсолӣ зиёд гардида, то ба 500 тонна оҳак дар як шабонарӯз баробар хоҳад шуд.
Барои фаъолсозии корхона дастгоҳу таҷҳизоти нав аз Чин ворид шуда, ашёи хоми маҳаллӣ истифода мегардад. Харҷи лоиҳавии сохтмони корхона 15 миллион сомониро ташкил карда, баробари ба кор андохтани он то 50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешавад. Раиси вилоят иқдоми соҳибкорони маҳаллиро натиҷаи татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, ба инобат гирифтани нозукиҳои техникии соҳа, ҷалби мутахассисони варзида, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва бастубанди он супоришҳои мушаххас дод. Гуфта шуд, ки марҳалаи аввали корхона соли равон ба истифода дода мешавад.
Дар ҳамин мавзеъ Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмони марҳалаи дуюми корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис шинос шуд. Корхона дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат аз тарафи ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” бунёд мешавад. Сохтмони хатти нави истеҳсолӣ соли гузашта шуруъ шуда, ҳоло насби сутунпояҳои металлӣ ҷараён дорад.
ОБОД КАРДАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ
Сокинони шаҳри Конибодом корҳои ободониву созандагиро вусъат мебахшанд. Аз ҷумла, гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Гумбазии шаҳр тасмим гирифтанд, ки бо маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худ роҳи кӯчаи Фирӯзобаи маркази шаҳрро мумфарш намоянд. Соҳибкорони маҳалла ва чанд нафар бонувон низ маблағҳои худро дар ин кори хайр сарф карданд. Дарозии роҳ 1,5 км ва паҳноии он 7 метр аст.
Қабл аз ин ҳам сокинони шаҳр бо маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъкардаи худ роҳи чанд кӯчаро мумфарш карда буданд. Тавре мегӯянд, саҳм гузоштан дар ободии Ватан низ ибодат буда, хайри ҷория маҳсуб мешавад ва ин ташаббуси неки сокинони шаҳри Конибодом намунаи ибрат барои дигарон хоҳад буд.
Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба «Ҷумҳурият» маълумот доданд, ки дар доираи истиқболи сазовор аз Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом бо дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва иқдоми пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд.
Чанде пеш дар кӯчаи Бобо Мансурови шаҳр бинои истиқоматии 5-ошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти ҷашнӣ аз тарафи соҳибкор Абдумаҷид Қаҳҳоров ва фарзандони ӯ бунёд гардид. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ, толори ҳусн, нуқтаҳои фурӯши таҷҳизоти техникӣ ташкил ва қариб 20 кас соҳиби ҷойи кор шуд.
БӮСТОН. СОҲИБКОРОН КОРХОНА МЕСОЗАНД
Сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Музаффар Юнусов, гуфт, ки дар шаҳри Бӯстон бунёди корхонаҳои нави саноатӣ идома дошта, соҳибкорон Ҷамшед Дадоматов ва Саидкамоли Саидаҳмад тасмим гирифтанд, ки дар минтақаи саноатии шаҳр корхонаи истеҳсоли оксиген ва масолеҳи сохтмониро таъсис диҳанд.
Дар корхонаи бунёдшаванда, ки “Ваҳдати Бӯстон” ном хоҳад гирифт, 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад. То ин дам қисме аз корҳо ба анҷом расиданд. Корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд иҷро гардида, технологияи пешрафта ворид ва васлу насб карда мешавад.
Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшавада воридотивазкунанда буда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ муҳим аст.
Ташаббуси дигари соҳибкорон дар шаҳр ба роҳ мондани коркарди гӯшти мурғ ва содироти он ба хориҷа аст. Корхонаи коркарди гӯшти паранда аз тарафи ширкати “Фаровон” таъсис ва бо мавриди истифода қарор гирифтан 100 кас бо кор таъмин мегардад. Ҳама иқдому ташаббусҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар замина мегузорад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”