Рӯзи Модарро дар Тоҷикистони азиз бо шукӯҳу нишоти бепоён таҷлил мекунему дар баробари ин, ҳамон қадар дил аз ҳоли табоҳи модарону духтарони он сӯи Ому – Афғонистони ҷангзада ранҷ мекашад. Тамоми дару девор, телевизиону радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз нидову навиштаҳои имдодталабонаи занони озодихоҳи Афғонистон пур шуда бошад ҳам, аммо ба доди онҳо ҷомеаи байналмилалӣ намерасад. Ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонем. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад».
Дар ёд дорем, ки баъд аз ба қудрат расидани ҳаракати "Толибон" дар Афғонистон дари тамоми дабистонҳои духтарона дар ин кишвар баста шуд. Мутаассифона, ин навбат на танҳо дари донишгоҳу донишкадаҳоро барои занону духтарон бастанд, балки ба кор рафтани бонувонро низ, мамнуъ эълон намуданд.
Ҳукумати "Толибон", ки то ҳол аз сӯйи ягон кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст, баъд аз вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ ба ин амр ва қатъ гардидани ёриҳои башардӯстона ваъда дода буданд, ки пас аз 23 марти соли гузашта дари мактабҳои духтаронаро боз мекунанд. Бо вуҷуди иҷро накардани ваъда, ҳамзамон, ҷашнгирии Наврӯзро, ки аз оинҳои бостонии мардум аст, манъ карданд.
Чанде пеш Вазорати маорифи "Толибон" дари донишгоҳҳои хусусиро барои заноне, ки ба имтиҳонсупорӣ мерафтанд, баста, ба унвони роҳбарияти мактабҳои олӣ нома навиштаанд, ки агар занонро ба имтиҳонсупорӣ роҳ диҳанд, дар додгоҳ посух хоҳанд гуфт.
Дар баробари ин, ба кор рафтани бонувони афғонистониро низ, манъ кардаанд. Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш, яке аз фаъолони фарҳангӣ, ки шоҳиди бевоситаи ҳол аст, мегӯяд: «Хоҳарам, ки дар Кобул дандонпизишк буду дар таъмини рӯзгор ягона ранҷбари хонавода аст, аз кор маҳрум шуд. Ҳаракати ифротии "Толибон" тадриҷан ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои занро поймол карда, зиндагиро барои сокинон вазнину тоқатфарсо мекунад».
Агар ба мавқеъгирии ин ҳаракати ифротӣ назар афканем, маълум мешавад, ки онҳо мардумро аз нав ба даври ғуломдорӣ баргардонданианд. Дар соли аввали ҳукумати ин ҳаракат роҳпаймоиву эътирозҳои занону модарон пай дар пай мушоҳида мешуданд, ҳоло кам аст, зеро аксари мардони ҷомеаи Афғонистон рӯ ба муҳоҷират оварданд, як гурӯҳи калони онҳоро бо ҳар баҳона ба зиндон андохтанд, гурӯҳи дигарро ба қатл расонданд ва занон чун қишри осебпазир қариб, ки танҳо монданд.
Самира Гавҳарӣ то ин замони сардаргум дар Донишгоҳи Кобул таҳсил мекард. «Қонунҳо»-и сахтгиронаи ин гурӯҳи тундрав ӯро аз Донишгоҳ маҳрум ва «асири» хона гардонд. Аммо ӯ мегӯяд: «Инҳо ҳеҷ гоҳ пеши омӯзиши моро гирифта наметавонанд. Дар Донишгоҳ, ки нашуд, дар хона меомӯзем, тавассути интернет садҳо роҳи гирифтани маълумоти олӣ ҳаст, аз онҳо истифода мебарем, ояндаи Афғонистонро дар ҷаҳолат, торикӣ ва бемағзӣ дидан намехоҳем».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бо ишора ба вазъи кунунии кишвари ҳамсоя гуфтанд: «Ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад».
Ҳоло вазъ дар як сол чунон бад шудааст, ки дару дарвозаи дабистонҳо, коргоҳҳо, бемористонҳоро ҳам бастаанд. Дар зимистоне, ки инак, поён ёфт, ранҷу азоби гуруснагӣ, беманзилӣ ва бепаноҳӣ чунон ба ҷони мардум чира шуд, ки баъзе аз хонаводаҳо кӯдаконашонро фурӯхтанд. Дар яке аз наворҳо дар бозори марказии Кобул марде бо овози баланд ва гиряолуд эълон медорад, ки писарчаашро мефурӯшад. Яке аз шоҳидони ҳол доду фарёд зада, ба падару писар ишора мекунад ва аз мардум хоҳиш дорад, ки пул ҷамъ кунанд, то писарак аз оғӯши гарми оила ҷудо нагардад. Ба ин монанд наворҳои сӯзнок бисёр аст, дили сангин даркор, то он ҳамаро тамошо куниву ором бошӣ.
Бо як фармони вижаи ин гурӯҳи ифротӣ хондан, паҳн кардан ва қироати шеърро дар маҷолиси умумӣ мамнуъ эълон карданд. Наврӯз, ҷашни бонувон, суруду мусиқӣ, рақс, театр ва ҳатто базми арӯсиву домодиро ҳам барои писарону духтарон манъ кардаанд, ки хабар дорем. Дар чунин ҳол, аз қироати шеър низ, «парҳез» кардани мардум бисёр аламнок аст. Ин ба он мемонад, ки ҳама асбоби шодиро аз шумо бигиранд ва бигӯянд, ки биханд, шод бош! Дар ҳоле ки китоби муқаддаси Қуръон, суннати Паёмбар (С.) ва мазҳаби ҳанафӣ бо нишоту фараҳ зистани мусулмононро мехост. Ҳадисҳои саҳеҳ аст, ки таъкид мешавад бо додани туҳфа, салом ва ҳатто як табассум ҳамдигарро шод кунед, меҳрҳоро дар дилҳо афзоед.
Бузурге фармудааст, агар дар баробари зулму истибдод ночоред, лаб ба дуо кушоед, дуо ҳам хайр аст. Ба қавли абулмаонӣ Бедил: «Ҷуз дуо дигар чӣ ояд, аз ману сомони ман!». Мо аз рӯзгори тоқатфарсои тоҷикони он сӯи Ому, бавижа модарон дилхунем ва дуо мекунем, то Худованд дар баҳор, дар Наврӯзи дилафрӯз ҷангу хунрезӣ ва зулмро дар ин қаламрав хотима бахшад ва мардуми Афғонистон дубора ин сурудро бо навҳа насароянд: «Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд, Бар кишвари хунинкафанон раҳ накушояд!»
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»