Ноҳияи Ховалинг яке аз маконҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, имрӯзҳо на танҳо бо табиати дилфиреб, балки бо пешравиҳои тоза ба тоза дар тамоми самтҳои иҷтимоиёт диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Ҳангоми сафари корӣ ба ин ноҳия аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад, дидан намудем. Бояд зикр кард, ки Осорхона, ҳамчун муассисаи маърифатӣ-фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ, ҳифз ва таблиғу ташвиқи мероси ниёгон саҳми назаррас дорад.
Саид Амирхони Мункӣ, директори Осорхона, дар суҳбат ба мо гуфт, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик зиёд гашта, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон корҳои назаррасе ба анҷом мерасанд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта муассиса соҳиби бинои наву замонавӣ гардид. Он бо истифода аз унсурҳои хоси миллию таърихӣ бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, тасвирҳои таърихии он аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик дарак медиҳанд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот, имкониятҳои нигоҳ доштани нигораҳо хубтар гардида, таваҷҷуҳи сокинон ва сайёҳони дохилу хориҷ ба осори он ҳар рӯз меафзояд. Маҳз соли гузашта зиёда аз 6100 сайёҳи дохилу хориҷ аз Осорхона дидан намуда, таассуроти рангини худро дар дафтари қайдҳо сабт карданд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки айни замон 10 нафар унвонҷӯёни дохилӣ ва хориҷи кишвар дар ин ҷо ба корҳои илмию татқиқотӣ машғуланд.
Тибқи маълумоти масъулини Осорхона дар он зиёда аз 4 ҳазор нигора мавҷуд мебошад, ки бозгӯкунандаи тамоми давраҳои таърихӣ буда, аз ҷумла 2 ҳазортои он осори заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, шишапораҳо, сафолоти гуногуни рӯзгордорӣ, зарфҳо, бозёфтҳои асбобҳои сангӣ ва дигар ёдгориҳо мебошанд, ки қисми бештари онҳо аз шаҳри Мунки бостонӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Ин ёдгориҳо мансуб ба асрҳои санг, биринҷӣ, миёна, инчунин, давраи пеш ва баъди истиқлол мебошанд. Дар гӯшаҳои гунонгуни Осорхона ёдгориву бозёфтҳо аз давраҳои мухталифи таърихи миллати тоҷик, аз ҷумла Ҳахоманишиён, Селевкиҳо, Кӯшониён, Сосониён ва Сомониён, мавҷуданд.
Тавре Саид Амирхони Мункӣ зикр кард, ҳар як гӯшаи осорхона вобаста ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дорои бозёфт ва ёдгориҳое мебошад, ки ҳар бинандаро бо гузаштаи пурифтихори ниёгонамон ошно месозад.
Мусаллам аст, ки осорхонаҳо насли имрӯзро ба ҳаёту зиндагии гузаштагони худ ошно месозанд. Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг низ дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқамон саҳми бориз мегузорад.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”