“Пешрафт ва рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Ванҷ натиҷаи дастгириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад”, – иброз дошт Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ дар суҳбати ихтисосӣ ба хабарнигорони рӯзнома дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ.
– Солҳоеро ба хотир меорам, ки муноқишаҳои бемаънӣ кишвари ободу зебоямонро ба харобазор табдил дода буданд, – гуфт дар идома ҳамсуҳбатамон. – Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин барҳақ зикр намуданд: “Мо сангинтарин мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандиро якҷоя бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расидем, дар ҳоле ки баъзеҳо мегуфтанд, мо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешавем, аммо нашудем, яъне тирашон хок хӯрд. Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари парокандагӣ наҷот додем ва соҳибӣ кардем”.
Месазад ёдовар шавем, ки на танҳо сокинони кишвар, балки мардуми тамоми дунё хуб медонанд, ки Сарвари ташаббускору хастанопазири мамлакати моро баъди ба имзо расондани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ аз аввалин солҳои ваҳдати миллӣ сар карда, бо мақсади пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, аз ҷумла шаҳру навоҳӣ ва деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ, ҷаҳду талошҳои зиёде менамоянд. Ҳар дастуру ҳидоят ва иқдомҳои Пешвои маҳбуб ва муаззами миллат ба амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ роҳнамо месозанд.
Ҳамчунин, натиҷаи сафарҳои кории Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин солҳо боиси рушди минтақа шуданд. Дар амалисозии чор ҳадафи стратегӣ – аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтан, ба истиқлоли энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар дар ноҳияи Ванҷ гомҳои устувор гузошта шуданд. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари мамлакат ва ёрии шарикони рушд чандин иншоот ва корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар ин минтақа бунёд шуданд ва ин раванд идома дорад. Ҳоло корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли нӯшобаҳои ташнашикан ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар мавзеи Сурога ва чандин коргоҳҳо дар ҳудуди водиҳои Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуд, сохта мешаванд.
Аз самараи ваҳдати миллӣ неругоҳҳои барқи обии «Ванҷ-2», «Андарбак», «Техарв», «Пои мазор» бунёд гаштанд. Дар кӯтоҳтарин муддат хатти баландшиддати барқи Дашти Язгулом – Даштак – Курговад – Қалъаихумб низ, бунёд шуд. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Вотхуд зеристгоҳи пурқудрат аз ҷониби ширкати «Помир энерҷӣ» сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Ба деҳаи Зайчии Ҷамоати деҳоти Язгулом дар масофаи 9 километр хатти барқ кашида, роҳи автомобилгард сохта шуд. Ба наздикӣ сохтмони қитъаи роҳи қариб 18-километраи деҳаи навбунёди Ваҳдат – маркази ноҳия низ, оғоз хоҳад гардид.
Раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода иброз дошт, ки ҳоло дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 110 иншооти самти саноатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, манзилҳои истиқоматии ҷавобгӯи меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозии муосир бунёд мегарданд. Аз ҷумла, дар километри 93-юми роҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшони шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма, ки бештар аз 45 километри он аз ҳудуди ноҳияи Ванҷ мегузарад, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Ба амал баровардани боз чандин корҳои ободонӣ, бунёдгарӣ ва созандагӣ, инчунин, рушди доманадори соҳаи кишоварзӣ, албатта ба он мусоидат менамоянд, ки сокинон дар худи маҳали зисташон соҳиби ҷойи кори дилхоҳ ва маоши хуб гарданд. Ҳамаи ин пешрафт ва натиҷаҳои баланди бунёдгарӣ ва истеҳсолӣ аз файзу баракати ваҳдати миллӣ маншаъ мегиранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор