Дар ҳошияи мақолаи «Муаллими ман»-и профессор С. Ятимов, «Ҷумҳурият», 30 апрели соли 2024, №80-81
Одамони бузург дар ҳама давру замонҳо саҳми устодонашонро хуб дарк карда, ба чанд сухане ва ё бо як порча шеъре эҳтиром ва миннатпазирии худро зоҳир кардаанд. Кам одамон ёфт мешаванд, ки хотираи муаллими азизашонро дар як мақола ё китобчае самимона ёд оварда, аз таҳти дил миннатпазирӣ карда бошанд. Ривояте ҳаст, ки Искандари Мақдунӣ устодашро аз падар боло донистааст. Нависандаи номвари тоҷик Ҷалол Икромӣ эҳтироми устодаш Садриддин Айниро дар китобаш “Устоди ман, мактаби ман, худи ман” хуб нишон додааст, ки лозим медонам чанд сатреро аз ин китоб биёрам: “... Тамоми бузургони мо пеш аз ҳама ба устоди худ миннатдорӣ намудаанд, устодро аз падар беҳ шуморидаанд:
“Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар” гуфтааст Саъдӣ. Бале, ҳаққи устод ба шогирд бузург аст, вале афсус, ки ин ҳақиқатро одам дар ҷавонӣ дарк намекунад ва фақат баъд аз ба камол расидан мефаҳмад... Хушбахт он касе аст, ки хизмати устодро ба ҷо оварда, сипосгузорӣ намуда ва миннатадорӣ баён намудааст. Ман аз ин ҷиҳат худро хушбахт ҳисоб мекунам. Вале ҳар қадар сипосгузории ман дар ҳаққи устодам кам аст. Бинобар он, боз мехоҳам, бо ин китобчаи худ ҳурмат, миннатдорӣ ва сипосгузории худро ба устодам баён намоям... Дар назди хотираи вай ҳамеша сари таъзим фуруд меоварам...”
Мақолаи С. Ятимовро дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” хондаму ба андеша рафтам. Камина 55 сол боз омӯзгор ва рӯзноманигорам. Дар тули ин солҳо ягон мансабдори сатҳи баланд чунин мақоларо атрофи номи муаллими дӯстдоштааш ва арҷ гузоштан ба он муаллим, ки аз вай таълим ва тарбия гирифтааст, нанавиштааст. Мешунидам, ки С. Ятимов дар бораи муаллимаш Усмон Раҳмонов мепурсад. Мехоҳад, ки дар бораи зиндагиномаи муаллимаш ба таври муфассал маълумоти кофӣ дошта бошад. Аммо ҳайҳот, ки чунин маълумот на дар мактабҳои муаллимикардаи Усмон Раҳмонов ва на дар шуъбаи маорифи ноҳия пайдо нашуд. Касе ҳам атрофи кору зиндагиномаи устод чизе намедонист. Тасодуфе шуду аз болохонаи муаллим аз таги коҳҳо ҷузвгиреро дастрас кардем, ки аз ибтидо то интиҳои ҳаёти муаллими таърих Усмон Раҳмонов маълумот дошт. Чанд расм, фармонҳои корӣ, шиноснома, аттестати хатми мактаб ва диплом бо маълумоти олӣ ёфт шуданд. Омӯзиши онҳо, сабақҳои додаи муаллим Усмон Раҳмонов замина шуданд, ки С. Ятимов дар бораи бузургии устодаш Усмон Раҳмонов асолати омӯзгории он кас мақолае рӯйи чоп биёрад, ки дар чандин даҳсолаҳои охир чунин мақолаи ибратбахш рӯйи чоп оварда нашуда буд.
Воқеан, мақолаи “Муаллими ман” (камина навиштаҳои профессор Ятимовро на мақола, балки як асари мукаммали ибратбахши тарбиявӣ, дастури муфид барои хурду калони мардуми Тоҷикистон ҳисоб мекунам) дар замони мо ҳушдорест, ки моро ба дӯст доштани китобу мактаб, ба хондан ва аз бар кардани илмҳои замони муосир, ки, аслан, поягузори ин илмҳо шахси муаллим аст, даъват мекунад. Аз тарафи дигар, андешаҳои ноби миллатдӯстонаи муаллиф моро водор месозанд, ки ояндаи худро андеша карда тавонем, худро бишносем.
Бузурге бисёр ҳам хуб гуфтааст:
Ҳимматам бадрақаи раҳ кун, ай тоири қудс,
Ки дароз аст роҳи мақсаду ман навсафарам.
Мо ҳама дар ибтидо навсафарем, ки ба роҳнамое ниёз дорем ва бисёр хуб аст, ки агар ин роҳнамо омӯзгор бошад.
Пас худ қазоват кунед, ки дар гирифтани илму дониш, бе роҳнамоии муаллиму мураббӣ ба ҷое нахоҳем расид. Хондан, аз илме баҳравар шудан, соҳиби ақлу тамизи хуб шудан кори осон нест. Барои ба сарвати маънавӣ расидан бояд, аввал, падару модари доно, бофаросат, баъдан, дар мактаб муаллиму мураббии хуб роҳнамоямон бошад.
Донишманде хуб гуфтааст: “Он ки ҳамин маърифати ҳуқуқиро дарк кард, бурд кард. Омӯзгори камтаҷриба ҳақиқатро нишон медиҳад, омӯзгори хуб дарёфти ҳақиқатро”. Агар мақолаи “Муаллими ман”-и профессор С. Ятимовро мутолаа кунед, хуб мефаҳмед, ки аз ибтидои ин асар то интиҳо сухан дар бораи устодаш Усмон Раҳмонов, дарсҳои зиндагибахши ӯ, ҷустуҷӯи илмҳои муфид ва расидагӣ кардан ба онҳо меравад.
Чизи аз ҳама муҳим дар ин асар ҳамин аст, ки бештари андешаҳо мазмун ва тафсири фалсафӣ доранд. Андешаҳо атрофи “Муаллими ман” сирф андешаҳои фалсафианд. Аз ин лиҳоз, мартабаи муаллим дар арши аъло нишондод шудааст. Назари ҷомеаро ба ҳамин андешаҳои олӣ нигарон кардааст.
Муаллиф як сухани файласуфи англисро далели андешаҳои худ оварда, илман тасдиқ мекунад: “Мактаб нерумандтарин воситаи озод кардани инсон ва нерумандтарин воситаи ғулом кардани инсон мебошад”. Ин андешаи одӣ нест. Некро аз бад ва бадро аз нек фарқ кардан, шарти худшиносӣ аст. Аз ин лиҳоз, метавонам бигӯям, ки профессор С. Ятимов, воқеан ҳам, файласуфи соҳаи маориф аст, вагарна файласуфона атрофи мактаб, муаллим, шогирди муаллим ва китоб суханро ин қадар хуб тафсир намедод, ки дар саргаҳи ин андешаҳо муаллими азизаш Усмон Раҳмонов меистад.
Муаллиф бо далелу исбот нишон медиҳад, ки ба ҳар ҳол тарбия дар мадди аввал меистад”. С. Ятимов дар аҳди мактабхонӣ бачаи мушоҳидакор будааст, ки ин хислат ба ҳар кас хос нест. Хислат, либоспӯшӣ, роҳгардӣ, маданияти сухангӯйӣ ва муносибати устодашро хуб дар ёд дорад, нишони ҳушмандӣ ва мушоҳидакориаш аст. Шогирди ботарбия рафтору амали хуби устодро дарк мекунад, мафтуни онҳо мешавад ва, ҳамзамон, чунин хислатҳоро дар ниҳоди худ қабул мекунад.
Имрӯз барои хондан, дониш гирифтан тамоми шароитҳо муҳайё шудааст, садҳо мактабҳои замонавӣ бунёд гардиданд, вале аз чи бошад, ки сатҳи саводи бачаҳои мактабхон коҳидааст. Бачаҳо ба муаллимон эҳтиром намегузоранд, китоб намехонанд, худписанданд. Мо ин хел набудем. (А. М).
Муаллифи мақола ёдовар мешавад: “Ҳангоми таълими дарсҳо муаллими мо мекӯшид, ки дар шуури шогирдон ҷаҳонбинии илмӣ тарбия кунад, то онҳо ҷаҳонро на аз рӯйи таассубу хурофот, афсонаҳои бепоя, балки бо чашми хирад нигаранд. Дар зиндагӣ фиреб нахӯранд, раҳгум назананд. Эътиқоди бунёдии илмӣ ҳамсафари ҳаёти онҳо бошад”. Ана муаллимони солҳои ҳафтодуми асри гузашта чӣ гуна фаҳмиши хуби илмӣ-омӯзгорӣ доштанд. Чунин омӯзгорон ангуштшумор буданд. Воқеан, дар шуури шогирдони солҳои ҳафтодум шуури хурофотию ифротӣ дида намешуд.
Дар интиҳо ҳаминро гуфтаниам, ки имрӯз асолату рисолати муаллим мо - омӯзгоронро водор мекунад, ки дар таълим ва тарбияи наврасони мактабӣ коҳил набошем. Пеш аз ҳама, худ бо илмҳои замон мусаллаҳ бошем, ихтисоси худро хуб бидонем, аз сиёсати замони муосир огоҳӣ дошта бошем.
Мазмун ва муҳтавои “Муаллими ман”-и профессор С. Ятимов дастури омӯзгории мо бошад. Тавре кору фаъолият намуда, рисолати омӯзгории худро анҷом диҳем, ки мисли Усмон Раҳмонов фардо аз мо ба некӣ ва муҳаббат ёд кунанд.
Гуфтам ба хирад, ки соҳиби ирфонӣ,
Бинмой раҳи наҷотам аз нодонӣ.
Гуфто: Мактаб, мактаб, мактаб,
Бояд хонӣ, хонӣ, хонӣ!
А. МАҶИДЗОДА, Аълочии матбуот ва маорифи Тоҷикистон