(Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти маорифу илм тамоми шароити мусоидро муҳайё намуд. Бо вуҷуди ин тавре худи Сарвари давлат зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат таъкид доштанд, натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм ҷавобгӯйи талаботи замон нест.
Суханронии Ҷаноби Олӣ, ки дар он яке соҳаҳои авлавиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт, миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарм пайдо кард. Дар иртибот ба ин, олимони варзидаи мамлакат Шариф Раҳимзода ва Солеҳ Қосимзода андешаҳои хешро ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” баён доштанд, ки фишурдаи онро манзур менамоем.
Шариф РАҲИМЗОДА, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ:
– Дарвоқеъ, ҳадафи вохӯрии Пешвои миллат бо аҳли илму маориф баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи илмҳои дақиқ, ташаккули тафаккури техникӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат масъалаи хеле мубрами рӯз, масъулияти баланди бар дӯш доштани олимони тоҷикро дар рушду нумӯи имрӯзу фардои ҷомеа баён намуда, дар рафти суҳбат таҳкими зарфияти илмии миллатро баррасӣ карда, иброз доштанд: «Агар дар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст». Воқеист, ки сол ба сол маблағгузорӣ дар соҳаи илм боло меравад, вале, мутаассифона, кадрҳои ҷавону болаёқат, ки ояндаи илми Тоҷикистон мебошанд, ба хотири тақвият бахшидани сатҳи дониш ба хориҷа мераванд ва он ҷо мемонанд. Олимон захираи бузурги инсонӣ мебошанду ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ мехоҳанд. Паҳлуи дигаре, ки боиси нигаронӣ дар соҳаи илм гардидааст, масъалаи ҷавобгӯ набудани натиҷаи кори олимон, надонистани забонҳои хориҷӣ ва набудани пойгоҳест, ки дар онҳо бояд тадқиқоти илмӣ гузаронда шаванду натиҷаи кор аён гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз фаъолияти олимон нисбат ба сӣ соли қабл фарқкунанда аст, зеро тадқиқот бо пешрафти замон ва тараққӣ кардани илм дигаргун шудааст. Дар ин сурат, ҳар яки моро зарур аст, ки бештар ба таҷрибаи олимони давлатҳои мутараққӣ такя карда, донишҳои замони муосирро аз бар намоем, фаҳмиши нав, андешаи тоза, тафаккури васеъ дошта бошем. Ин мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо олимон ҳуҷҷати раҳнамунсозе гардид, ки баҳри фаъолияти ояндаи аҳли зиёи кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Солеҳ ҚОСИМЗОДА, сардори раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи АМИТ:
– Сарвари давлат аз ҳамқадами замон набудани олимон, бахусус оид ба мушкилоти ҷойдошта дар омода кардани олимони ҷавон, нарасидани мутахассисони варзида, натиҷа надодани корҳои илмии олимон, ҳамкорӣ надоштани Академияи миллии илмҳо бо бозори меҳнат изҳори нигаронӣ карда, дар маҷмуъ, посухгӯйи талаботи ҷаҳони муосир набудани фаъолияти олимони Академияро таъкид намуданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди илм мунтазам талош меварзад ва заҳмати олимонро қадр менамояд. Аз ин рӯ, кормандони илми мамлакатро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат саъю кӯшиш намоянд, то заҳматашон ҳосили дилхоҳ ба даст оварад. Олимон бояд намояндагони миллати соҳибфазл, фарҳангофар ва тамаддунсоз будани худро нишон диҳанд, то давлати миллӣ пояҳои асосиашро мустаҳкам карда, зиндагии шоистаро барои аҳолӣ муҳайё созад.
Ҳар як сухани Сарвари кишвар барои беҳбуди кори мост. Айни замон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар мулоқоти мазкур ироа гардиданд, нақша-чорабинӣ тартиб дода шуда, бо бовари комил метавон гуфт, ки олимон ва кормандони муассисаҳои илмии тобеи АМИТ баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳар як дастуре, ки Сарвари давлат дар суханрониашон ба масъулони соҳаи илм доданд, амалисозии онҳо на танҳо ба рушд, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат хоҳанд кард.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”