Ба шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва маънавибунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар меҳвари он эҳтиром ба хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат қарор дорад, соли равон 100-солагии зодрӯзи муаррихи маъруф, академик Аҳрор Мухторов ҷашн гирифта мешавад.
Ном ва хидматҳои мондагори Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, дорандаи ордени Шараф, дараҷаи I, академик Аҳрор Мухторов дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар шуҳрати зиёд дорад. Академик Аҳрор Мухторов шогирд ва идомадиҳандаи сазовори кору пайкори аллома Бобоҷон Ғафуров буда, шоҳасари «Тоҷикон» солҳои 1983 ва 1985 зери таҳрири ӯ дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ интишор гардид. Саҳми ин муаррихи маъруф дар таҳқиқу омӯзиши таърих ва тамаддуни тоҷикон, тарбияи садҳо омӯзгорон ва даҳҳо олимони соҳибунвон шоистаи тақдир ва эҳтиром аст.
Академик Аҳрор Мухторов поягузори мактаби илмии катибашиносӣ, сарчашмашиносӣ, васиқашиносӣ, истаравшаншиносӣ ва ғафуровшиносии тоҷик буда, ба қалами ин олими сермаҳсул беш аз 600 таҳқиқоти бунёдӣ, рисолаҳо, китобҳо ва мақолаҳои илмӣ мансубанд. Ба туфайли заҳмату корномаи илмии ин олими фидоӣ, дар Тоҷикистон ва берун аз он қариб 2 ҳазор катибаҳои рӯи санг, беш аз 7 ҳазор васиқаҳои асримиёнагӣ ва садҳо китобҳои қаламӣ – дастнависҳои нодир, ҷустуҷӯ, дарёфт ва ҷамъоварӣ шудаанд, ки барои омӯзиши таърихи давраи қадим, асри миёна ва навини тоҷикон сарчашмаҳои пурарзиш ва нодир маҳсуб меёбанд.
Доираи таҳқиқоти академик Аҳрор Мухторов доманадор буда, масъалаҳои умдатарин ва камтаҳқиқшудаи таъриху фарҳанги тоҷиконро дар бар мегирад ва устод дар бисёр самту равияҳои илми таърих дар Тоҷикистон, аз ҷумла катибашиносӣ (эпиграфика), маъхазшиносӣ, васиқашиносӣ (дипломатика), таърихи хатту хаттотӣ (каллиграфия), истаравшаншиносӣ, ғафуровшиносӣ пешоҳанг ва поягузор ба ҳисоб мераванд. Дар тафовут аз баъзе муаррихон, ки бо як равияву мавзуъ ё як марҳалаи муайяни таърихӣ маҳдуд шудаанд, самту равия ва мавзуи пажӯҳишҳои устод серпаҳлу, гуногунҷабҳа ва аз лиҳози хронологӣ пурвусъат мебошанд. Заҳматҳои беандозаи ин донишманди закиро метавон бо корномаи илмии донандаи моҳири таърихи Шарқ, ховаршиноси барҷастаи ҷаҳонӣ, академик В.В.Бартолд шабоҳат дод ва Аҳрор Мухторовро, бидуни шакку шубҳа, Бартолди тоҷикон номид. Истеъдоди нодир, дониши фавқулода, неруи баланди зеҳнӣ, қобилияти меҳнатӣ ба В.В.Бартолд имконият дод, ки дар самту равияҳои гуногуни таърих, ховаршиносӣ, сарчашмашиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ғайра асарҳои сершумори пурарзиши илмӣ эҷод намояд.
Аз лиҳози арзиши илмӣ, мақом ва ҷойгоҳи худ асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар радифи таълифоти В.В.Бартолд қарор доранд ва саҳму хидмати ӯ дар таҳқиқу омӯзиши таърихи қуруни вусто ва навини тоҷикон беандоза бузург аст.
Роҳи тайкардаи академик Аҳрор Мухторов дар қаламрави илм осон набуд ва ӯ қуллаҳои баланди онро бо саъю кӯшиш ва заҳмати зиёд ба даст овард. Дар ҳаёт лаҳзаҳое ба вуқуъ мепайванд, ки дар сарнавишти минбаъдаи инсон нақши ҳалкунанда мебозанд. Чунин лаҳзаҳоро танҳо шахсе дарк мекунад, ки соҳиби ақлу заковат, тафаккури амиқ бошад ва онро ҳадафрасу нуктасанҷона ба манфиати халқу Ватан рӯи кор бигирад. Чунин заковат ва тафаккур хоси зиёиёни эҷодкор, аҳли илму адаб аст. Қироати китобҳои қаламиву дастхатҳои қадима ва аз онҳо маълумоту иттилооти муҳимро ҷудо карда тавонистан на ба ҳар кас муяссар мегардад. Дар сарнавишти Аҳрор Мухторов чунин лаҳза ва имконияте ба вуқуъ омада буд, ки минбаъд барои фаъолияти илмии ӯ тақдирсоз гардид. Ӯ, пас аз хатми факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Сталинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ), соли 1951 ба аспирантура дохил шуда, таҳти сарварии аввалин директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон, донандаи мумтози дастнависҳои шарқӣ, академик А.А.Семёнов ба навиштани рисолаи номзадӣ доир ба таърихи мулки Истаравшан дар нимаи дуюми асри XIX машғул мегардад.
Ӯ соли 1953 мудири шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ буд ва бо китобҳои қаламӣ сару кор дошту бо иштиёқи зиёд онҳоро мутолаа мекард. Ҳангоми ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии мавод оид ба мавзуи рисолаи худ, дастнависҳои зиёд, аз ҷумла «Бобурнома»-и Мирзо Бобурро хонда чашмаш ба навиштаҷоти аҷиби муаллиф афтод. Мирзо Бобур дар ин асари ёддоштии худ воқеаҳои пасисаркардаашро дар Мовароуннаҳр, Кобул, Ҳиндустон тасвир карда, менависад, ки ӯ пас аз шикаст хӯрдан аз Шайбонихон ба Кӯҳистони Мастчоҳ паноҳ мебарад. Ӯ менигорад, ки мардуми ин сарзамин одати дар рӯи санг, шахи кӯҳ, болои қабр навиштани катибаҳоро доштаанд ва Бобур низ дар мазори деҳаи Оббурдон мисраъҳои зерини шайх Саъдиро ҳаккокӣ намудааст:
Шунидам, ки Ҷамшеди
фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге
навишт:
«Бар ин чашма чу мо басе дам
заданд,
Бирафтанд то чашм бар ҳам
заданд.
Гирифтем олам ба мардиву зӯр,
Валекин набурдем ба худ ба гӯр».
Ин катиба ҳолати ҳамонвақтаи шоҳзодаи темурӣ Бобурро инъикос менамояд, ки замоне соҳиби қудрат, салтанат ва тоҷу тахт буда, бо амри тақдир аз он маҳрум ва сарсону саргардон ва паноҳанда дар кӯҳистон гашта буд. Гарчанде «Бобурнома»-ро муҳаққиқони зиёд хонда, истифода карда бошанд ҳам, касе ба ин навиштаҷоти Бобур аҳамият надода буд. Навиштаҳои Мирзо Бобур таваҷҷуҳи муҳаққиқи ҷавон Аҳрор Мухторовро ба худ ҷалб намуда, ӯро ором намегузошт ва ӯ аз пайи ҷустуҷӯи катибаи Бобур гардид ва онро соли 1953 пайдо намуд. Ҳангоме ки ин бозёфтро ӯ ба шаҳри Душанбе овард, устодаш академик А.А.Семёнов, ки арзиши сангнавиштаҳоро хуб медонист, чунин мегӯяд: «Ин катиба метавонад зеби беҳтарин осорхонаҳои ҷаҳон шавад. Ёд дорам, замоне англисҳо барои дарёфти катибаи Бобур озмун эълон карда, инъом ҳам ваъда карда буданд. Хушбахтона, онро мо олимони тоҷик дарёфт намудем».
Академик А.А.Семёнов ба шогирдаш тавсия намуд, ки ба омӯхтани катибаҳо машғул шавад. Минбаъд катибашиносӣ як самти асосии таҳқиқоти олими ҷавон гардида, ӯ ба ҷустуҷӯ ва омӯзиши катибаҳо пардохт ва дар ин кор байти ҳазрати Бедил ҳамеша дар гӯшҳояш садо медоданд:
Магӯ, эй бехабар санг аст ин ҷо,
Ҳазор оина дар ранг аст ин ҷо.
Воқеан, катибаи сари роҳ, рӯи қабр, умуман сангнавиштаҳо, дар худ қиссаву ривоёт, таърих, тамаддун, фарҳанг, афкору андеша, орзуву ормон, шодиву сурур, ғаму андӯҳ ва ҳамаи падидаҳои замонро инъикос намуда, дар ин оинаи рӯзгор мо ҳазорон рангу ҷилваи зиндагиро, ки дар худ сабт намудаанд, мехонем. Ҳамчуноне ки Аҳрор Мухторов дар китоби худ «Санг ҳам диле дорад» (Душанбе, 1986, 1999) қайд менамояд, санг на танҳо дил, балки забон ҳам дорад ва ба он мо ҳангоме аз назари таҳқиқ ва чашми хирад назар меандозем, ба гӯши мо садо аз қаъри асрҳо марасад ва ин садои ниёгон ба мо чун панду ҳикмат, дарси ахлоқу одоб, адлу инсоф, имону эътиқод, тавфиқ, тавҳид ва дарси ҳушдор садо медиҳад.
Солҳои 1958-1959 Аҳрор Мухторов иҷрокунандаи вазифаи директор ва котиби илмии Пажӯҳишгоҳи таърихро дар уҳда дошта, аз соли 1959 то соли 1991 мудири сектори таърихи асрҳои миёна (ҳоло шуъбаи таърихи қадим, асримиёна ва давраи нав)-и Пажӯҳишгоҳ буд. Аз ҳамин давра дастаи (отряди) археографии Пажӯҳишгоҳ бо сарварии Аҳрор Мухторов дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба ҷустуҷӯ ва дарёфти катибаҳо, васиқаҳо, дастнависҳо машғул шуда, ҳазорон сарчашмаҳои нодирро гирд овард. Дар натиҷа, бойгонии шуъбаи номбурда ба яке аз хазинаҳои нодир ва маркази сарчашмашиносии ҷумҳурӣ табдил ёфта, он бо номи «Китобхонаи китобҳои сангин» шуҳрат ёфт.
Тарзу услуби корбарии устод Аҳрор Мухторов махсусиятҳои худро дошт. Ҳар сол баъди ба итмом расидани кори ҷустуҷӯӣ (экспедитсия), ӯ дар ҷаласаи шуъба ва шурои олимони Пажӯҳишгоҳ аз бозёфтҳои нав ҳисобот медод. Гузоришҳои ӯ танҳо дарҷ намудани далелҳои хушку холӣ набуда, аз хулосаҳои амиқи илмӣ иборат буданд. Муҳимтарин бозёфтҳо дар ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳурӣ, умумииттифоқӣ ва ҷаҳонӣ ба таваҷҷуҳи олимон расонда мешуданд. Масалан, дар Анҷумани XXV ховаршиносони ҷаҳон (шаҳри Москва, 1960) дар мавзуи «Катибаҳои Бобур дар болообии Зарафшон» ва дар Анҷумани XXVI ховаршиносони ҷаҳон (Ҳиндустон, 1964) дар мавзуи «Оид ба рушди табақаи иҷтимоии «деҳқон» дар асрҳои миёна» маърузаи илмӣ намуд.
Натиҷаи ҷустуҷӯ, бозёфту кашфиёт, пажӯҳиш ва бедорхобиҳои худро дар самти катибашиносӣ ҷамъбаст карда, Аҳрор Мухторов соли 1971 рисолаи докториро дар мавзуи «Ёдгориҳои катибавии Кӯҳистон (асрҳои XI-XIX) ҳамчун сарчашма оид ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна» ҳимоя намуд, ки он солҳои 1978-1979 дар ду китоб ба забони русӣ дар пойтахти мамлакат аз нашр баромад. Маҳз ҳамин таҳқиқоти бунёдӣ номи академик Аҳрор Мухторовро чун поягузори равияи ниҳоят душвор, вале пурарзиши катибашиносии тоҷик муаррифӣ намуда, ӯро чун муҳаққиқи нуктасанҷ дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ шуҳратёр кард.
Самти дигари фаъолияти илмии Аҳрор Мухторов ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва нашри осори мустанад ё васиқаҳои асримиёнагӣ мебошад. Дар ин ҷода низ ӯ корҳои шоёнро ба анҷом расонда, аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва берун аз он ҳуҷҷатҳои нодирро гирд овардааст. Дар натиҷа, танҳо аз шаҳри Истаравшан беш аз ҳазор ҳуҷҷати қозигӣ ҷамъоварда шуда, соли 1963 дар шаҳри Москва мавсуф рисолаеро таҳти унвони «Мавод оид ба таърихи Ӯротеппа» ба забони русӣ ба нашр расонд, ки дар он 47 санади нодир (асрҳои XVII-XIX) баргардон, таҳлил ва таҳқиқ шудаанд. Имрӯз дар бойгонии Пажӯҳишгоҳи таърих беш аз 7 ҳазор чунин санади нодири таърихӣ мавҷуд аст.
Таҳқиқу омӯзиши таъриху фарҳанги шаҳрҳои қадимаи Мовароуннаҳр ва Хуросон, аз ҷумла Балх, Ҳирот, Ҳисор, Истаравшан, ҳамчун марказҳои муҳими маъмурӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, илму фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб карда, дар ин равия низ устод муҳаққиқи маъруф ба ҳисоб меравад.
Соли 1980 рисолаи «Балхи давраи асримиёнагии дер. Мавод оид ба топографияи таърихии шаҳр дар асрҳои XVI-XVIII» интишор гардид, ки он бо услуби классикии таҳқиқоти илмӣ таълиф шудааст ва байни муҳаққиқон шуҳрати зиёдро касб намуд. Ин рисола соли 1988 дар Кобул ба забони дарӣ, соли 1993 дар Теҳрон ба забони порсӣ ва соли 1994 дар ИМА ба забони англисӣ ба нашр расид, ки далели шуҳрати ҷаҳонии олим ба ҳисоб меравад.
Рисолаҳои пурарзиши ӯ «Аз пайи таърихи куҳан» (1975, нашри русии он соли 1982), «Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» (1984), «Аз таърихи фарҳанги Мовароуннаҳр (маҷмуи мақолаҳо)» соли 2001, «Шаҳрҳои Афғонистон. Сӣ сол қабл аз ин» (2003) ва ғайра ба таърихи равобити фарҳангии тоҷикон бо мардуми Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, таърих, тамаддун, дину мазҳаб, мероси ягонаи халқҳои ин сарзамин бахшида шудаанд.
Доир ба таърихи яке аз шаҳрҳои бостонии тоҷикон Ҳисори шодмон академик Аҳрор Мухторов як қатор таҳқиқоти пурарзишро ба анҷом расондааст. Аз ҷумла, соли 1969 резарисолаи ӯ бо ҳамқаламии Е.А.Давидович «Саҳифаҳо аз таърихи Ҳисор» аз нашр баромада, минбаъд таърихи ин шаҳр таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб намуд ва дар ин самт таҳқиқоти нави ӯ «Ҳисор. Очерки таърихӣ. (Охирҳои асри XV-аввали асри XX)» соли 1995, «Ҳокимони Ҳисор» (1996), «Ҳисор. Очерки таърихӣ. Китоби 2» (1999), «Таърихи Ҳисор» (2015) нашр гардиданд.
Академик Аҳрор Мухторов поягузори мактаби илмии истаравшаншиносӣ ба ҳисоб рафта, таърихи зодгоҳашро бо муҳаббат омӯхтааст. Ба қалами олим беш аз 20 рисолаву таҳқиқоти бунёдӣ, китобҳои илмӣ-оммавӣ ва шумораи зиёди мақолаҳо мансубанд, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии Истаравшани бостонӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Миёни онҳо «Мавод оид ба таърихи Ӯротеппа. Маҷмуи санадҳои асрҳои XVII-XIX» (1963), «Очерки таърихи мулки Ӯротеппа дар асри XIX» (1964), «Таърихи Ӯротеппа. Охири асри XV-ибтидои асри XX» (Москва, 1998), «Курушкада. Истаравшан. Ӯротеппа» (2000), «Шиблии Истаравшанӣ. 859-946» (2000), «Мақоми ҷаҳонии Уструшаниҳо (асрҳои IX-X)» соли 2002, «Зуфархон Ҷавҳарӣ (андешаҳои муаррих)» соли 2004 ва ғайра замина ва пояи мустаҳками равияи истаравшаншиносӣ дар илми таърихнигории тоҷик гардиданд.
Академик Аҳрор Мухторов дар ҷустуҷӯ, бозёфт, нашр ва дастраси аҳли илм намудани манбаъҳои хаттии ниёгон – китобҳои қаламӣ, хизмати бебаҳоеро ба анҷом расондааст. Ба туфайли заҳмати ӯ, чунин сарчашмаҳои нодири таърихӣ ба мисли «Мунтахаб-ат-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон дар ду ҷилд (чопи аксӣ ё факсимил) бо сарсухан ва тавзеҳоти муфассал, «Фатҳнома»-и Доии Бухороӣ, «Зафарнома»-и Хусравӣ, «Мунтахаби таърихи амирони Манғития», «Таърихи мадина»-и Оҷиз, «Таърихи муҳоҷирон»-и Дилшоди Барно, «Ҷодат-ул-ошиқин», «Том-ут-таворих», «Таърихи нофеъ»-и Муҳаммадалии Балҷувонӣ ва ғайра дастраси аҳли илм ва умум гаштаанд.
Устод Аҳрор Мухторов дар баробари як муҳаққиқ ва як муаррихи мумтозу дақиқназар, муҳаққиқи маъруфи масоили адабиётшиносӣ ва мероси адабӣ низ буд. Мусаллам аст, ки таҳқиқоти таърихие, ки дар пояи санаду маълумотҳои сарчашмаҳои нодири таърихӣ, адабӣ, ёддоштӣ, ҷуғрофӣ таълиф мешаванд, таърих ва адабиёт моҳирона ва муваффақона ба ҳам пайваст шуда, ҷанбаи таърихӣ ва бадеии он хеле нафис ва зебо бо ҳам омезиш меёбанд. Чунин хислат хоси асарҳои устод Аҳрор Мухторов буд. Дар таҳқиқоти ӯ мероси адабии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, ки ӯ дар ганҷинаҳои Ҳиндустон дарёфт намудааст, маълумотҳои ҷолиб оид ба Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрал, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Фано ва дигарон оварда мешавад. Таҳқиқоти бунёдии ӯ «Дилшод ва мақоми ӯ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷик дар асри XIX – ибтидои асри ХХ» (1969) ӯро чун донандаи моҳири таърихи адабиёт ва мероси адабии шоирони тоҷик муаррифӣ менамояд.
Яке аз хислатҳои неки устод Аҳрор Мухторов дар он зоҳир мегардид, ки ӯ барои ташаккул ва камолоти илмии шогирдонаш, ба таҳқиқоти илмӣ ҳавасманд сохтани онҳо, рисолаҳои алоҳидаро бо ҳамқаламӣ таълиф ва интишор намуда аст. Масалан, бо шогирдаш Н.Қосимов «Мавод оид ба шаҳрҳои Тоҷикистон», (1976), бо А.Ягонӣ «Луғати тоҷикӣ-русӣ оид ба таърих», (1974, нашри дуюм соли 1986), бо Ш.Шарифов рисолаи «Академик Бобоҷон Ғафуров»-ро (соли 1983 ба забони русӣ, соли 1988 ба забони дарӣ, соли 1989 ба забони тоҷикӣ) нашр намудааст.
Самти дигари фаъолияти устод Аҳрор Мухторов таълифи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, барномаҳои таълимӣ, таҳияи хрестоматияҳо оид ба таърихи халқи тоҷик мебошад. Устод вақти зиёди худро дар тарбияи шогирдон сарф намуда, дар камолоти илмии онҳо, тарбияи олимони соҳибунвон саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз курси махсуси «Палеография» ба донишҷӯён таълим дода, онҳоро бо олами пурасрор ва зебои ҳунари хушнависӣ, таърихи хатту хаттотӣ, кандакорӣ, катибашиносӣ ва ғайра ошно месохт.
Академик Аҳрор Мухторов бо таҳқиқоти бунёдӣ ва пурарзиши худ, шуҳрати ҷаҳонӣ ёфта, яке аз марказҳои бонуфузтарини иттилоотии ҷаҳон – Пажӯҳишгоҳи тарҷумаиҳолии ИМА дар нашрҳои 4-5-уми китоб-маълумотномаи президентии «500 олимони машҳури ҷаҳон» номи ӯро ворид намуда, бо дипломи байналмилалии «Шараф» сазовор гаштааст.
Зиндагиномаи устод Аҳрор Мухторов наҷибу дурахшон ва ибратомӯз буда, ном ва кору пайкори ӯ дар таърихи илми тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Шавкат ШАРИФОВ,
дотсенти ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров