18-уми июн дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҳошияи Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа» бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода форум баргузор шуд.
Раиси вилоят зимни суханронӣ Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» ва форуми мазкурро як қадами муҳим дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дӯстонаи байни кишварҳо арзёбӣ кард. Ӯ ташкили чунин ҳамоиши сатҳи баландро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи умумӣ – рушди минтақа ва таъмини зиндагии шоистаи мардумонамон муҳим дониста, иброз дошт, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда барои боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши табодули молу маҳсулот бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шаванд. Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» майдони хубе барои роҳандозии ташаббусҳои нав ва баррасиву татбиқи тарҳҳои муштарак мебошад.
Таъкид шуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои иқтисоду савдо, саноату кишоварзӣ дар вилоят рушд кардааст. Ҳоло вилояти Суғд бо тамоми ниҳодҳои молии байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, бо беш аз 60 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад. Вилоят дорои иқтисодиёти гуногунсоҳаи рушдёбанда буда, дар он ҷиҳати пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Тавре маълумот доданд, дар вилоят зиёда аз 1000 корхонаи саноатии хурду бузург фаъолият дошта, 250 номгӯйи маҳсулот истеҳсол ва як қисми он ба хориҷи мамлакат содирот мегардад. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят 3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, барои тоҷирону сармоягузорон шароити мусоид фароҳам овардааст. Таъриху анъанаҳои бостонӣ, мавқеи мувофиқи ҷуғрофӣ, замини пур аз захираҳо, заминҳои ҳосилхез, иқлими мусоид, қувваи кории соҳибихтисос, фазои ҷолиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бартариҳои бузурги вилоятанд. Изҳори итминон шуд, ки дар рафти Ярмаркаи байналмилалӣ соҳибкорони мо имкон пайдо мекунанд, ки бо намояндагони тиҷоратии кишварҳои иштироккунанда мулоқот карда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судмандро баррасӣ намоянд.
Дар идомаи форум намояндагони Россия, Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои гуногун, роҳбарони институтҳои молиявӣ сухан гуфта, Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024»-ро имконияти хубе барои густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ карданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»