Дар бештари идораву корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чораҳо меандешанд. Аз ҷумла, барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ курсҳои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Боиси зикр аст, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии ҷавонон ва ба ин васила омода намудани кадрҳои болаёқат мунтазам дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ниҳоят, дар партави қарори мазкур хулосае шуд, ки барои кормандони муассисаву идораҳои давлатӣ курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шаванд, то дар робитаву ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо монеа эҷод нагардад.
Бале, тавре мегӯянд, “забон донӣ – ҷаҳон донӣ”. Махсусан, донистани забонҳои хориҷӣ барои мо – рӯзноманигорон, хеле зарур аст, зеро таҳаввулоти босуръати дар ҷаҳон ҷараёндоштаро метавонем зудтар дарк кунем ва дар таҳияи хабару гузоришҳои дақиқу саривақтӣ истифода барем.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат роҳбарияти Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз моҳи апрел миёни кормандони идора курсҳои омӯзишии забонҳои русиву англисиро ба роҳ монд.
Дар гурӯҳи русӣ устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Зулайхо Вайсова дарс медиҳад, ки ба шарофати таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ дарсҳоро шавқовар мегузаронад.
Бино ба гуфтаи ӯ, солҳои охир дар ҷумҳурии мо барои омӯзиши забони русӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Агар соли 2014 фаъолияти 26 мактаб пурра бо забони русӣ бошад, ин рақам соли 2022 ба 39-то расидаст. Лоиҳаи «Муаллимони рус дар хориҷа» яке аз омилҳои рушд дар ин самт ба ҳисоб меравад. Дар заминаи он омӯзгорон аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ҷиҳати таълиму тадриси фанни забони русӣ ва таълими фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ба забони русӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб гардида, айни замон теъдоди онҳо дар мактабҳои кишвар 72 нафарро ташкил медиҳад.
Дар гурӯҳи англисӣ устоди дигари ин Донишгоҳ Эраҷ Қурбонов дарс мегузарад. Ӯ, бо вуҷуди ҷавонӣ, талош мекунад, ки ин забони байналмилалиро бо назокатҳо барои мо – журналистон омӯзонад. Омӯзгори ҷавон дар иртибот ба ин тасмими маъмурияти идора чунин гуфт: “Рӯзномаи “Ҷумҳурият” шояд аз аввалин муассисаҳои эҷодист, ки ибтикори Ҳукумати мамлакатро дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ татбиқ намуд. Хурсандиовар аст, ки роҳбарияти идора барои омӯзиш тамоми воситаҳои заруриро, ба монанди интернет, доска, видеопроектор, муҳайё кардааст”.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»