Намоишҳои телевизионӣ, махсусан силсилафилмҳо, қобилияти тағйирдиҳии фикру ақида ва ҷаҳонбинии тамошобинро дороянд. Ҳатто, метавонанд руҳия ва мафкураи моро дигар сохта, ба эҳсос ва амали мо дахолат намоянд. Дар илми равоншиносӣ усули табобатие бо номи “кинотерапия” маъмул аст. Ба воситаи он равоншиносон ба руҳияи инсон таъсири амиқ мегузоранд. Илми психология исбот мекунад, ки филму сериалҳо чи гуна метавонанд ба гуфтор, рафтор ва кирдори мо асар гузоранд.
Чанд моҳ пеш дар як қатор кишварҳои пасошуравӣ силсилафилми истеҳсоли Россия бо номи “Слова пацана. Кров на асфальте”, ҳангомаи зиёд ба бор овард. Онро миллионҳо нафар тамошо кард. Силсилафилм доир ба ҳаёт ва шароити зиндагии ҷавонон дар охири солҳои 90 –уми асри ХХ қисса мекунад. Шуҳрати сериал то ба дараҷае боло рафт, ки қариб ҳамаи суханон ва жаргонҳои персонажҳо вирди забони ҷавонону наврасон гашт. Ҳатто ҳолатҳои тақлид ба кирдорҳои ваҳшиёнаи “қаҳрамон”- ҳои силсилафилм низ ба мушоҳида расиданд. Наврасон кӯчаи муайянеро зери назорати худ гирифта, аз дигар бачаҳое, ки ба гурӯҳашон шомил нестанд бо таҳдиду зӯроварӣ ҳамён ва телефонҳои мобилиашонро кашида мегирифтанд.
Ифтихор Юсуфов, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг зимни суҳбат иброз дошт, ки дар чунин силсилафилмҳо таблиғу ташвиқи силоҳ, зӯроварӣ, шиканҷа ва пастзании шаъну шарафи инсон ҳамчун кирдору рафтори ғайримаъмулӣ нишон дода мешавад. Аммо, ҷавонону наврасон, ки ҳоло пурра ҷисмониву равонӣ инкишоф наёфтаанд, чунин саҳнаҳоро дуруст мешуморанд ва аз он пайравӣ мекунанд, ки дар натиҷа ба оқибатҳои нохуш бурда мерасонад.
Воқеан, синамо барои тарғиби расму оин, ва забону фарҳанг низ заминаи мусоид фароҳам меорад. Тавре маълум, силсилафилмҳои туркӣ дар миёни мардуми мо ҳаводорон ва дӯстдорони зиёдеро ҷамъ овардаанд. Яке аз намунаҳои он сериалҳои “Ҳомиён” ва “Водии гургон” – маъруф бо “Пулот Алемдар” метавонад бошад, ки дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳаводорони зиёд пайдо кардаанд. Маҳбубият то дараҷае расид, ки зодмандон ба фарзандони худ исми қаҳрамонҳои сериалҳоро мегузоштанд. Кӯдакону наврасон бошанд, саҳнаҳои хатарнок: шиканҷа, зӯроварӣ ва қатлу ғоратро тақлид мекарданд, ки боиси нигаронӣ аст. Сабаби ин чист?
Равоншиноси олмонӣ Бирҷит Волтс дар яке аз мусоҳибаҳояш иброз медорад: “Бисёр филму сериалҳо аксар вақт ғояҳоро тавассути эҳсосот интиқол медиҳанд, онҳо метавонанд ба озодшавии инстинктҳо мусоидат намоянд.” Яъне, сенарияи ҷазбкунанда ба тамошобин ҳисси ҳаловат аз зӯроварӣ нисбат ба касеро фароҳам меорад, ки ин хилофи идеологияи ҷомеаи адолатпарвар аст.
Силсилафилмҳои туркӣ ҷаҳонро тасхир мекунанд. Онҳо драмаҳои психологӣ, комедияҳои ошиқона, триллерҳои фантастикӣ, сериалҳои фоҷиавианд ва мисли ҳама гуна асарҳои бадеӣ, онҳо ба муносибати мо ба зиндагӣ таъсир мерасонанд, нуқтаи назари мо, ақидаҳоямонро дар бораи муносибатҳои одамон тағйир медиҳанд.
Ба ақидаи равоншиносон ва мутахассисон тамошои ин қабил силсилафилмҳо яке аз омилҳои зиёд гаштани хонавайронӣ низ ҳаст. Сабаб дар он аст, ки коргардонҳо ҳунармандони дорои симои зеборо барои нақшофарӣ ҷалб мекунанд, ки дар натиҷа тамошобин (маъмулан ҷавонон) мафтун мегарданд ва хаёл мекунанд, ки ҳамсари ояндааш маҳз чунин симо дошта бошад. Омили дигар ин ки, қариб дар ҳамаи филмномаҳояшон қаҳрамонони асосӣ соҳиби пулу моли бешумор ва мақому вазифаи баланд аст. Табиист, ки тамошобинон бо дидани ин гуна саҳнаҳо фикр мекунанд, ки зиндагии ҳама бояд чунин бошад.
Тамошобин аз саргузашти қаҳрамонони сериал бештар мутаассир мегардаду ба таҳлука ва воҳима меафтад, бавижа онҳое, ки фишорбаландиву бемориҳои қанд ва ё қалб доранду солашон ба ҷое расидааст, ба саломатии худ зарари ҷиддӣ мерасонанд. Ҳолатҳое мушоҳида гаштаанд, ки ба марги қаҳрамон ё ягон фалокати ба сар омадаи ӯ тоб наоварда, тамошобин сактаи дил мешавад.
Бешубҳа, тарғибот ба воситаи филму сериалҳо дар замони мо мавқеи намоёнро ишғол намуда, василаи хуб баҳри амалӣ сохтани мақсадҳо гардидааст. Ҳангоми хариди филмҳо, тарҷума кардан ва ба тамошобин пешниҳод намудани онҳо, мебояд, пеш аз ҳама, дарк созем, ки филм ба кадом мақсад офарида шудааст. Агар ғаразе дошта бошад, ба монанди таъсир расондан ба тафаккури миллӣ, ҳолати равонӣ, руҳӣ ва ҷисмонии аҳолӣ, аз истифодаи он бояд даст кашид.
Латифабону РУСТАМЗОДА,
“Ҷумҳурият”