Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ бо муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони халқи музофоти Шэнсии Чин хонум Ли Сяоин мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун ҳамсоя ва шарикони стратегӣ муносибатҳои дӯстонаи худро дар асоси эҳтиром, ҳамфикрӣ ва дастгирии ҳамдигар таҳким мебахшанд.
Зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон барои соҳибкорони Швейтсария муаррифӣ шуданд
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар ҳамкорӣ бо Палатаи муштараки савдои Швейтсария оид ба муаррифии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ чорабинии маҷозӣ доир гашт.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки дар чорабинӣ аз ҷониби вазорату идораҳои марбутаи мамлакат вобаста ба имкониятҳои коркарди маҳсулоти саноатӣ, зарфиятҳои сармоягузорӣ ва аҳамияти рушди соҳаҳои инноватсия ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Таҳияи Стратегияи коммуникатсионӣ барои НБО «Роғун»
Дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун», Мудирияти минтақаҳои зериобшавандаи НБО «Роғун» доир ба таҳияи Стратегияи коммуникатсионӣ барои Неругоҳи «Роғун» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба мо тавзеҳ доданд, ки дар ҳамоиш мушовир оид ба робитаҳои хориҷии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва директори «Marchmont Communications» доир ба аҳамияти коммуникатсия дар шароити имрӯза ибрози назар карданд. Иштирокдорони ҳамоиш нақши коммуникатсияро дар бунёди иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», муҳим арзёбӣ намуданд.
Конфронси Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории авиатсияи граждании Чин ва Осиёи Марказӣ
20-уми июн дар шаҳри Сиани ҶМЧ конфронси Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории авиатсияи граждании Чин ва Осиёи Марказӣ (C5+1) баргузор шуд.
КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ додааст, ки дар конфронс роҳбарият ва намояндагони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасониҳои аэронавигатсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин иштирок намуда, масъалаҳои пурзӯр сохтани таъмини бехатарии парвоз дар минтақа ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро баррасӣ намуданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои иҷроияи СММ-ро раисӣ намуд
Ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи ниҳоди СММ-Занон таҳти раёсати муовини президенти бюрои Шурои иҷроияи ин ниҳод – намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни ҷаласаи Шурои иҷроия гузориши солонаи Созмон оид ба фаъолияти ахлоқӣ, маъруза оид ба вокуниши амалиётии СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором, ҳисобот дар бораи татбиқи қатъномаи МУ СММ дар бораи дигаргунсозии низоми рушди Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.