Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷиҳати расондани кумакҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ, ҳамчунин, расондани муҳтавои мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таҳти роҳбарии муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҳайати намояндагони расмӣ аз минтақаи Рашт дидан намуд. Дар доираи ин чорабинӣ, ҳамчунин, бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ваҳдати модарон – саодати Тоҷикистон» баргузор гашт.
Хайринисо Юсуфӣ ва Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳияи Нуробод, зимни вохӯрӣ бо мардуми зарардида кумакҳои Роҳбари давлатро расонда, иброз намуданд, ки дар чунин лаҳзаҳои вазнину ҳассос Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда доимо дар фикри ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкили оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ онро танҳо намемонанд. Зимнан, мардум дар ҷавоб аз ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат миннатдорӣ намуда, шукрона аз осоиштагии Ватанро карданд.
Дар ин радиф Х. Юсуфӣ зимни мулоқот бо занону духтарон ва ходимони дини ноҳия гуфт: «Мо бояд пойбанди фитнаву дасисаҳои шахсони манфиатҷӯй ва бадхоҳони миллат нашуда, бо либоси зебою шинами миллии тоҷикии худ ифтихор намоем. Бояд бо номуси баланди ватандорӣ алайҳи бадхоҳони миллати хеш садо баланд кунем ва нагузорем, ки нокасе ба тарзи либоспӯшиву рӯймолбандии мо кордор шуда, фарҳанги ғайрро ба мо талқин диҳад. Дар ягон кишвари дунё касе либоси чакану атласу адраси моро мисли мо ба бар намекунаду рӯймол ба сар намебандад, пас чаро мо ба дигарон тақлид намоем?!. Бинобар ин, ҳанӯз дер нашудааст, моро зарур аст, ки ҷавонону наврасонро ба роҳи рост ҳидоят кунем. Дар баробари забони модарӣ завқи онҳоро ба омӯхтани дигар забонҳо бедор намоем. Рӯзҳое буданд, ки аз бими ҷони хеш ҳафтаҳову моҳҳо аз хона берун намебаромадем, ҳатто, хешону наздиконамонро солҳо намедидем. Хушбахтона, имрӯз дар Ватани мо сулҳу ваҳдат ҳукмфармост. Пас, шукронаи инро кунем, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо дар қатори давлатҳои амнтарини ҷаҳон қарор дорад ва мардум дар фазои салоҳу рафоҳ умр ба сар мебаранд».
Ҳамчунин, дар идомаи вохӯрӣ намояндагони шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Норак суханронӣ намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани азизамон зикр карданд, ки имрӯз бадхоҳони миллати тоҷик дар тамоми дунё аз оромиву осоиштагии он ҳасад хӯрда истодаанд. Қабл аз ҳама, мо – модарон, бояд пуштибони фарҳангу анъанаи хеш бошем ва ҳар сухани Роҳбари кишварро сармашқи кори худ қарор диҳем.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»