Дар дастурамали “Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Дар вақти намози ҷаноза баландгӯяк мондан (ба ғайр аз дохили масҷид) ва зиёд сухан гуфтан манъ аст”. Мурод аз ин навишта, ки сурат мегирад, на танҳо зиёд сухан нагуфтан мебошад, балки чи гуфтан низ аст.
Ҷойи таассуф аст, вақте шоҳид мешавем, ки баъзе аз имомон дар ин маврид зиёд сухан мегӯянд ва маҳорати нотиқӣ ва дониш доштанашонро ба ҷилва мегузоранд. Ҳол он ки ҷисми беҷон худ беҳтарин воиз барои пандгирон аст.
Дар ҳамин дастур равшану возеҳ баён мегардад: “Пеш аз намози ҷаноза имом доир ба ҳуқуқу уҳдадориҳои марҳум сухан гуфта, ба фарзандон, хешу табор, наздикону ҳамсоягон изҳори тасаллият карда, ба иштирокчиёни ҷаноза миннатдорӣ баён мекунад”.
Албатта, зарур мебошад, ки махсусан ин қисматҳои дастурамал риоя шавад.
Бархе аз имомон ба ҷойи баёни ҳуқуқу уҳдадориҳои марҳум аз азоби гӯр, пешомадҳои вазнин дар ҳаёти барзах ва рӯзи ҳашр сухан мегӯянд. Ин мусибати наздикону пайвандони марҳумро меафзояд. Пайвандони марҳум дар ин ҳол ниёз ба суханони тасаллибахш доранд, на шунидани пешомади азобҳои дарднок.
Мутаассифона, баъзе аз имомон ба ҷойи дилбардорӣ, гуфтани суханони таскинбахш ба соҳибони мурда, инчунин, таъкид месозанд, ки агар хонаҳои баландошёна, қасрҳо ҳам бисозанд, оқибат ҷояшон дар зери замин аст. Ин ҳақиқатро ҳамаи иштирокдорон дар маросими ҷаноза медонанд ва ба хотир овардану дар бораи он сухан гуфтан хуб нест. Ҳеҷ кас бо худ қасрҳо, хонаҳои зебову баландошёнаашро набурдааст, аммо онҳоро чун нишона аз худ ба пайвандонаш мегузорад. Баръакс, ин чун як сифати неки марҳум бояд тавсиф шавад. Дар қиёс ба намояндагони дигар кишварҳо гузаштагони мо хонаҳои зебову баландошёна, бо тарҳҳои нотакрору нодир нагузоштанд. Хонаҳои сохтаашон 30-40 сол умр надидаанд. Яъне, насли баъдӣ дар андешаи бунёди хонаи нав мешуд ва рафъи ин як мушкилот барояшон осон набуд. Моро зарур аст, хонаҳои хуштарҳу зебову баландошёнаро бисозем ва он гуна бисозем, ки садсолаҳо хидмат бикунанд. Инчунин, бо гузаштани солҳо қимати таърихӣ пайдо бикунанд ва насли баъдӣ, пайвандони бунёдгузоронашон ранҷи хонасозиро накашанд. Ба ҷойи ноумед сохтани одамон аз ин дунё агар имомон дар мавъизаҳояшон ободкориҳоро тарғиб мекарданд, беҳтар мебуд. Дар баробари он, ки имомон ёдовар мешаванд, ки майит бо худ ба охират имон мебарад, бояд таъкид бикунанд, ки аз худ барои ояндагон чӣ мегузорад.
А.РАҲИМ, шаҳри Душанбе