Дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо, адибони шинохта Мутеулло Наҷмиддинов, Раҷаб Мардон, журналистони барӯманде, амсоли Мамадвафо Мамадризоев, Шафқат Саидов, Алоуддин Давлатов, Мирзомаҳмуд Мирбобозода, Назрулло Латиф, Мухтор Мирзоев кор мекарданд. Дар байни онҳо Ҳабибулло Ёров бо эҷоди мақолаҳои танқидӣ, махсусан фелетон ангуштнамо буд. Ӯро дар ин жанр шогирди хабарнигор ва баъдтар сармуҳаррири вақти рӯзнома Ибод Файзулло меномиданд. Вақте ки Ҳабибулло Ёров сардори шуъбаи мактубҳо таъин шуд, мақолаҳо зери рубрикаҳои «Аз пайи мактуб», «Аз пайи номаҳои чопнашуда», «Ба мо менависанд», «Розу ниёз», «Ҳар ҳафта дар ҳамин рӯз» пайваста нашр мешуданд.
Дафтари кории Ҳабибулло ҳама вақт серодам буд. Корафтодаҳо зиёд меомаданд. Онҳо мегуфтанд, ки ба ҳама идораҳо барои ҳалли мушкилоташон муроҷиат намудаанд, вале ба додашон касе нарасид, акнун омадаанд ба рӯзнома, зеро ин даргоҳ ягона ҷойест, ки ба дардашон марҳам меёбанд. Одамони омада намояндаи касбу кори гуногун буданд: яке коргар, дигаре деҳқон, савумӣ омӯзгор…дар байнашон ҷавонони корҷӯ... Имрӯз низ сардори шуъба бо сармутахассисон, журналистони ҷавон, вале аллакай таҷрибаи ҳаётандӯхта Азиз Сангинов, Нуриддин Қаршибоев, Акбари Саттор дарди дили меҳмонони рӯзномаро мешунаванд, гуфтаҳояшонро ба дафтарҳо қайд мекунанд ва баъд бо номи «Муроҷиат ба рӯзнома» мақола навишта ба нашр месупоранд. Чунин матлабҳо зуд ба чоп мерафтанд, зеро дарди дили корафтодаеро ба идораҳои боло мерасонд ва ҳалли мушкилотро фавран дархост менамуд.
Муаллифи китобҳои серхонандаи «Се унсури сиёсати Эмомалӣ Раҳмон», «Пешвои ҳамабин», романи «Теғи пурасрор» Ҳабибулло Ёров, фаъолияти хабарнигориашро аз 20-уми ноябри соли 1971 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» оғоз бахшидааст. Зиёда аз 100 фелетон нашр намудааст, аз ин рӯ, ӯро журналист-фелетонист меномиданд. Ҳамин боис шудааст, ки дар байни мардум, хонандагони одии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» шахси шинохта, соҳибэҳтиром гардад. Ба ӯ ва ба навиштаҳояш бовар доштанд. Бинобар он, моҳи январи соли 1990 сокинони ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар интихоботи вакилони халқи ҶШС Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Лабитол рақами 67 ӯро ба ҳайси номзад ба вакилӣ пешниҳод намуданд.
Ҳамон вақт дар вохӯриҳояш бо интихобкунандагон мегуфт:
- Ман рӯзноманигорам. Вазифаи аслию ҷонии худамро иҷро мекунам. Ba ҳар субҳ, ки рӯзнома ба дасти хонанда мерасад дар он сухани ман, дарди ман, саҳми хоксоронаи ман низ ҳаст. Ва силоҳе, ки бо он барои бароварда гардондани ормонҳои мардум, мубориза хоҳам бурд, қаламам аст. Қалам ва сухан. Коре, ки сухан мекунад, ҳеҷ силоҳе наметавонад кард.
“Ӯ дар тули солҳои зиёди рӯзноманигорӣ ҳеҷ гоҳ мақолаи бебунёде, бедалелу асноде иншо накардааст. Кам менависад, вале пухта менависад, бо дард менависад, бо хуни дил менависад. Барои исботи далеле, барои дарёфти бурҳоне рӯзҳо, ҳафтаҳо, баъзан моҳҳо овора мешавад, меомӯзад, андозу баркаш мекунад. Мақолаҳои ӯ зодаи машаққатҳо, дардҳо, андешаҳо, тапишҳои ноорому рӯзафзуни диланд”,- навиштааст дар бораи Ҳабибулло Ёров ҳамкасбаш Азиз Сангин.
Дар бораи шуъбаи мактубҳо журналист, номзади илмҳои таърих, яке аз собиқадорони рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” Давлат Даврон низ дар мақолааш “Рӯзи дарҳои кушода”, ки соли 1985 ба нашр расидааст, зикр намуда буд, ки шуъбаи мазкур ҳамеша серодам аст, бар замми ин ҳар рӯз даста-даста мактуб меояд. Агар дар соли аввали ташкилёбии газета (соли 1925) аз 8 нафар хабарнигори фаъол ҳамагӣ 56 нома омада бошад, ҳоло ҳар рӯз то сӣ ва давоми сол то 10 ҳазор адад аз хонандагони худ мактуб мегирад. Ин номаҳоро хондан, таҳлил намуда ба шуъбаҳои дахлдор супурдан ва ҳам ба муаллифон ҷавоб фиристодан, вазифаи муқаррарии ҳаррӯзаи Ҳабибулло Ёров ва дигар ходимони шуъба буд.
Собиқадори “Ҷумҳурият” Ҳабибулло Ёровро мардум ҳоло ҳам хуб медонанд ва мешиносанд. Мақолаҳояшро аз матбуоти даврӣ, аз ҷумла “Ҷумҳурият”, “Коммунисти Тоҷикистон” мехонанду ҳикояву ёддоштҳо ва қиссаҳои навашро интизоранд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
“Ҷумҳурият”