Як сол боз кооперативи таъмиру сохтмони «Гулдаст»-и трести истифодаи манзили шаҳри Кӯлоб бо шаҳри Красноярск шартномаи тарафайни доду гирифт бастааст. Кооператив ба аҳолии Красноярск маҳсулоти хушсифати хоҷагии халқро харида мефиристад. Дар иваз бошад, масолеҳи сохтмон мегирад. Аз шаҳри Красноярск порсол барои коргарони кооперативи «Гулдаст» 200 метри мукааб чӯбу тахта ва беш аз 10 тонна маводи рангубор фиристоданд.
Мо муносибатҳои тиҷоратиамонро бо красноярскиҳо давом медиҳем. Дар сафари чандкаратаамон мушоҳида намудем, ки дар Красноярск вазъи таъминоти хӯрока на он қадар хуб аст. Аз ин рӯ, мақсад гузоштем, ки он ҷо маркази тановули таом-ошхонаи тоҷикӣ кушоем. 15 январи соли ҷорӣ ба Красноярск як бригадаи сохтмонӣ фиристодем. Бовар дорем, ки мардуми шаҳри Красноярск аз ин иқдоми мо хурсанд хоҳанд шуд,- мегӯяд сардори кооператив ҷанговари интернационалист Анвар Муродов.
Д. РАҲМОНАЛИЕВ,
“Тоҷикистони советӣ”, 6 феврали соли 1990, №31. (18.012)
Омодасоз Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”