Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир, мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳар гоҳ аз ин ҷашни муқаддаси миллӣ истиқбол мегирем ва суханронии Сарвари давлат оид ба сулҳу ваҳдат садо медиҳад, ҳамоно лаҳзаҳои даҳшатбору нобасомониҳои солҳои 90-уми асри XX пеши назар меоянд.
Ин навбат таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ хаёламро ба ёди он солҳои душвору сангин бурд. Кӯдакиву наврасиҳои ман ба замоне рост омад, ки нохалафони давр барои нест кардани Тоҷикистон нақша мекашиданд. Ҳар гоҳ назди нафаре аз рӯзҳои сангини он солҳо ҳарф занам, ашк гулугирам мекунад. Борҳо барои пораи нон соатҳо гиристаам. Ба хубӣ ёд дорам, ки барои гуруснагиро фиреб додан гиёҳҳоро решакан карда мехӯрдем. Боре ҳамсояамон ба модарам тавсия дод, ки решаи кадом як алафро ба кӯдаконат бидеҳ соатҳо гурусна намемонанд. Акнун, бо гузашти солҳо дарк мекунам, ки ҳазми решаи гиёҳ вазнин буду ба ин сабаб, эҳсоси гуруснагӣ намекардаем. Шириниҳои он солҳо қоқпораи себу мурут буду нонамон аз дони ҷуворимаккаю ғӯраи ҷорӯб. Мо куртаи нав надоштем, бале надоштем, пойафзол ҳам. Бо як дафтару қалам, бидуни ҷузвдон, тамоми фарзандони оила банавбат мактаб мерафтем. Он лаҳзаҳо аксар биноҳои муассисаҳои таълимӣ сӯхтаву валангор шуда, ҳар лаҳза хавфи ба мактаб ҳуҷум кардани одамсуратони ҳайвонсират дар назар буд.
Зиндагӣ ба душвориҳои зиёд пушти сар мешуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки панҷ сол давом кард, ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро гуреза ва муҳтоҷи кумаки дигар кишварҳо намуд. Умеде ба зиндагии оянда намонда буд. Вале, пас аз интизориҳо, сабру шикебоиҳои дароз, абрҳои сияҳ дар осмони Тоҷикистон пароканда шуданду Офтоб нурафшон гардид. Бахт ба рӯи мардуми ранҷкашида хандиду Худо назар кард. Фарзанди фарзонаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бо хости Яздони пок барои наҷоти миллати тоҷик сари қудрат омад. Бо аввалин суханҳояш дар қалби мардум тухми умедро пошид. Пас аз талошҳои зиёд 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати муҳим ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба кишвар сулҳу субот овард. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Маҳз ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат, боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз шавад. Пас, мо ҳам дар ҷавоб ба ғамхориҳои падаронаи ин марди Худо набояд бетараф бошем. Набояд ҳамаро нодида гирем. Бахусус, ҷавонон донанд, ки мо ин рӯзҳоро бо чи ранҷу азоб ба даст овардаем. Фаромӯш набояд кард, ки ин ҳама осудагӣ аз ваҳдат аст. Фаромӯш накунем, ки ҳанӯз бадхоҳони миллати тоҷик мехоҳанд сулҳу субот ва ваҳдату якдилии мардумро халалдор созанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои тоҷикони ҷаҳон такягоҳ аст. Роҳбарест, ки ҳар ҳарфаш роҳнамои зиндагист. Ҳар гоҳ, ки аз рафтору гуфтор ва диловариву қаҳрамонии Сарвари кишвар ҷиҳати хомӯш намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва пайваста дар фикри мардум буданаш сухан мегӯянду мегӯям, бароям як қуввате, як умеде, як рӯшноии ҷадиде баҳри зиндагии оянда намудор мегардад.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”