Дар асри ХХ филмҳои тоҷикӣ, ба мисли “Қисмати шоир”, “Рустам ва Суҳроб”, “Марди мутааллиқи ду зан” ва ғайраҳо дар тамоми кишварҳои СССР машҳур буданду талабгор ва мухлиси зиёде доштанд. Ҳангоми холӣ мондани фазои кино, новобаста аз сатҳ ва сифат, онро ҳамагуна филму силсилафилмҳо гирифта метавонанд. Ва ҳамин гуна омилҳо сабаб гаштанд, ки филмҳои тоҷикӣ дар шароити нави бозаргонӣ шуҳрату шаҳомати худро гум кардаанд. Шераки Ориён, сенариянависи номвар, коргардони машҳури тоҷик, вобаста ба ин масъала чунин ибрози назар намуд:
– Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хоҳу нохоҳ дар тамоми самтҳои фаъолияти ҳокимияти ҷумҳурӣ таъсири манфии худро расонд. Карахтӣ ва фалаҷшавӣ ҳама ҷоро фаро гирифт. Соҳаи кино истисно набуд. Барқароршавии киностудияи “Тоҷикфилм” вақти зиёдро талаб кард ва то ҳол қоматаш рост нашудааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мо ҳоло ҳам ба филмноманависони соҳибтахассус ва ҳирфаӣ ниёз дорем. Вале, мо наметавонем кӯшишҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”-ро нодида гирем. Масалан, кушодани киномактаб ва шуъбаи филмноманависон имконият медиҳад, ки ба ояндаи синамои тоҷик назари нек дошта бошем. Аслан, омӯзиши синаморо танҳо такя ба таълиму таҳсили он метавон баҳо дод. Мо аз кушодани факултетҳои махсуси кинематографӣ, аз қабили филмноманависӣ, коргардонӣ, танзиму таҳрир ва наворбардорӣ канор мондаем. Масъалаи мазкур дар зиммаи Вазорати маориф ва илм ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст ва умед дорем, ки ин камбудӣ дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбад.
Коргардони муваффақи тоҷик Муҳиддин Музаффар зикр намуд, ки барои қонеъ ва ҷалби насли ҷавон ба филму силсилафилмҳои тоҷикӣ аз филмноманависон талаб карда мешавад, то ба мавзуъҳои ҳассос ва доғи рӯз эътибор диҳанд. Он масъалаҳое, ки боиси нигаронӣ ва ташвиши мардум мебошанд, филмноманавис бояд онҳоро ба хубӣ донаду дар эҷоди филмномааш истифода барад.
Имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кардани филму силсилафилмҳо қулай гаштааст. Ин навгонӣ на танҳо ба холӣ гаштани кинотеатрҳо, балки ба афзудани филмҳои номуносибу нораво шароит фароҳам овард. Талаботи зиёд ба он бурда расонд, ки шахсони алоҳида бо кушодани студияҳои наворгирӣ ба таҳияи филмҳо шуруъ карданд. Чунин амал дар ҷомеаи мо низ инкишоф ёфта, дар ҳоли рушд қарор дорад. Сарпарастон бо ҷалби ҳунармандони машҳур филму силсилафилмҳои аз диди нав замонавиро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли "Ютуб", "Телеграмм", "ВК" паҳн мекунанд. Толиб Ғайбуллозода, муовини якуми директори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм", ин масъаларо чунин шарҳ дод:
– Филмҳое, ки аз тарафи киностудияҳои хусусӣ наворбардорӣ шудаанд, бениҳоят сифати паст доранд, онҳо бояд аз мактаби касбӣ гузаранд, то тавонанд намунаи хуби филми тоҷиконаро ба насли ҷавон пешкаш намоянд.
НАБУДАНИ СИЛСИЛАФИЛМҲОИ ТОҶИКӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНҲОИ ДАВЛАТӢ
Мо ҳамарӯза шоҳиди он ҳастем, ки дар телевизионҳои давлатӣ шумораи ками силсилафилмҳои тоҷикӣ пахш мешаванд. Ҷойи онҳоро таҳияи дубляжи филму силсилафилмҳои хориҷӣ мегиранду, ба ин восита, соатҳои ҷудошудаи тафреҳиро пур мекунанд. Ин вазъро Толиб Ғайбуллозода масъалаи нигаронкунанда хонд ва иброз намуд: “Киностудияи "Тоҷикфилм" ҳамеша омода аст, ки бо телевизионҳои давлатӣ ҳамкорӣ намояд ва бо дархосту табъи онҳо филму силсилафилмҳоро ба навор гирад, аммо аз ҷониби телевизионҳо ҳеҷ супорише нест!”
Филму силсилафилмҳо одатан аз тарафи шабакаҳои телевизионӣ дархост дода мешаванд. Киностудия дар навбати худ муваззаф аст, ки вобаста ба мавзуъ ва муҳтавои дархостдиҳанда филму силсилафилмҳоро ба навор гирад. Пас, чаро телевизионҳои давлатӣ аз дархости филмҳои тоҷикӣ худдорӣ мекунанду тарҷеҳ медиҳанд, ки аз силсилафилмҳои хориҷӣ истифода баранд?
Амрохон Тоҷов, муовини якуми директори Муассисаи давлатии телевизиони “Тоҷикистон” дар посух ба ин суол чунин гуфт: “Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бастани қарордодро бо киностудияҳои давлатию хусусӣ дорад. Дар самти фароғат ва тафреҳ бошад, мо бештар филмҳои ҳуҷҷатӣ, хусусан филмҳои ҳуҷҷатии ба навор гирифтаи идораи “телефилм ва дубляж”- и худи телевизионро пахш мекунем.
Масрур Раҷабзода, муовини якуми директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» дар посух ба ин суол чунин иброз намуд:
– Телевизиони "Синамо" ҳамеша омодааст, ки филму силсилафилмҳои банаворгирифтаи киностудияҳоро пахш кунад. Вале, мо дархост намедиҳем, чун худ қодир ҳастем, ки филму силсилафилмҳоро ба навор гирему пахш намоем."
Аз суханони Масрур Раҷабзода бармеояд, ки Телевизиони “Синамо” низ айни замон омода ва хоҳиши бастани шартнома бо киностудияҳоро надорад.
Пас, аз овардани ин ҳама фикру ақоиди мутахассисон ва дидани вазъу ҳоли кинои тоҷик, ба чунин хулоса омадан мумкин аст:
– Дар кинематографияи тоҷик тарғиб ва ташвиқ ба воситаи филму силсилафилмҳо як сӯ истад, ба навор гирифтани филмҳо дар ҳолати карахтӣ қарор дорад.
– Ҳам дар киностудияҳо ва ҳам дар телевизионҳо таҷҳизот ва техникаҳо барои сабти филм муҷаҳҳазанд, вале масъулон ҳалли ин масъаларо бар дӯши якдигар ҳавола медиҳанд.
– Фазои холӣ дар соҳаи кино имкон медиҳад, то ҳар гуна филму силсилафилмҳои ғайр, касиф ва барҳамзанандаи тафаккури солим ҷомеаро иҳота кунанд. Пас, масъулияти ин ҳолро кӣ бар дӯш мегирад?
Ин омилҳо сабаб мегарданд, ки ҳунармандони тоҷик, хусусан ҳунармандони шинохта ва пазируфта барои пеш бурдани зиндагияшон барои нақш бозидан дар силсилафилмҳои киностудияҳои хусусӣ розӣ шаванд, ки на ҳамааш дорои сенарияи хуб ва қобили қабул аст. Пас, масъулонро мебояд баҳри коста нагаштани тафаккур, зеҳн ва ҷаҳонбинии мардум андеша намоянд. Ин мақсад танҳо бо роҳи пешниҳод намудани филму силсилафилмҳои тоҷикӣ амалӣ карда мешавад!
Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”