Мусоҳибаи хабарнигори «Ҷумҳурият» бо раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода
– Муҳтарам Бахтиёр Назарзода, мегуфтед, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Кӯлоб чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
– Нахуст, ташаккур мекунам ба роҳбарият ва аҳли эҷоди рӯзномаи №1-и кишвар – «Ҷумҳурият», ки ҳамвора мушкилоту пешрафти шаҳри Кӯлобро пайгирию инъикос намуда, ба ин васила, дар ободии ин шаҳри бостонӣ саҳми муассир мегузоранд. Бидуни муҳобот, шаҳри Кӯлоб дар марҳалаи ҷадиди рушд қарор дорад. Нишондодҳои оморӣ бозгӯи онанд, ки қариб дар тамоми соҳаҳои умдаи хоҷагии халқи шаҳр дар муоқиса ба солҳои қаблӣ пешравиҳои куллӣ ба назар мерасанд.
Татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2020 тасдиқ шудааст, қаноатбахш арзёбӣ мегардад. Барнома аз 225 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии он 7,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз лоиҳаҳои зикргардида, аллакай, 60-тоаш ба маблағи 520, 8 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст. Феълан дар 46 лоиҳа ба маблағи 657,5 миллион сомонӣ корҳо ҷараён доранд. Дар умум, барои татбиқи барнома то имрӯз 1 миллиарду 178 миллион сомонӣ аз худ шудааст.
– Табиист, ки рушди иқтисодиётро бидуни саноат тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зимнан, доир ба вазъи соҳаи фавқ суҳбат мекардед.
– Бо талошҳои заҳматкашони шаҳри Кӯлоб дар соҳаи саноат беҳбудӣ ба назар мерасад. Саноатчиёни шаҳр аз моҳи январ то апрели соли ҷорӣ ба маблағи 103,2 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7, 9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии босуръати кишвар, соҳибкорони бонангу ори шаҳрро даъват кардем, ки ҳарчи бештар таъсиси коргоҳу корхонаҳои хурду миёна ва бузурги истеҳсолиро ба роҳ монанд. Айни замон дар шаҳри Кӯлоб 80 корхонаи саноатии истеҳсолии хурду миёна дар қайди расмӣ аст. Дар ҳамаи корхонаҳо 1682 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошад.
Аз оғози сол корхонаҳо 17,5 тонна равғани рустанӣ, 50,5 тонна нахи пахта, 34,1 тонна маҳсулоти нонӣ, 677 метри мураббаъ маҳсулот аз пластикаи филизӣ истеҳсол намуданд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо дастгирию роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Алҳол дар он ҳашт субъект ба қайд гирифта шудааст. Дар МОИ «Кӯлоб» аз ҷониби ширкати ҶДММ «Тоҷик алмос» корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ва равған барои муҳаррики автомошина ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз ҷониби ҶДММ «Кӯлоб агросаноат» корхонаи истеҳсоли намак, равғани рустанӣ ва набот бунёд мегардад. Корҳои сохтмонӣ дар ин самт бомаром идома доранд. Ғайр аз ин, ширкати ҶДММ «Кӯлоб Пласт» корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз пластмасса бунёд мекунад. Корҳои бунёдӣ, аллакай, оғоз ёфтаанд. Ҳамчунин, ба ширкати «БТК-Групп»-и Федератсияи Россия барои таъсиси маҷмааи нассоҷӣ бо қарори раиси шаҳр аз ҳисоби заминҳои корам ба масоҳати 1894,8 гектар барои истифодаи дарозмуддат дода шуд. Аз ҷониби ширкати мазкур ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» таъсис дода шуда, корҳои бунёдӣ идома доранд.
– Кишоварзони Кӯлоб дар зарфи чор моҳ ба чӣ дастовардҳо ноил гардиданд?
– Деҳқонони шаҳр давоми чор моҳ ба маблағи 53,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аҳли заҳмат дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7475,3 гектар кишти зироатҳоро гузаронданд, ки 101,5 фоизи иҷрои нақшаро дар бар мегирад. Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам 13,3 километр заҳбуру заҳкашҳо ва 20,5 километр шабакаҳои обдиҳӣ поккорӣ гардиданд.
Дар ин асно, 647,8 тонна гӯшт, 4803,5 тонна шир, 5070 дона тухми мурғ, ва 110,8 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Нишондодҳои истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ дар қиёс ба соли 2023 боло рафтанд. Ногуфта намонад, ки дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ марҳалаи дуюми фермаи парандапарварии ҶДММ «Сувайба», ки ба парвариши мурғи гӯштӣ машғул аст, мавриди истифода қарор гирифт.
– Барои беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии шаҳр чӣ чораҳо андешида мешаванд?
– Алҳол дар шаҳри Кӯлоб 78 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 53 муассисаи умумии асосӣ, 4 литсей, мактаби президентӣ, 2 интернат, маркази таҳсилоти информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, фароғатгоҳи «Шарора» ва 11 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Инчунин, дар шаҳр 2 муассисаи давлатии литсейи касбӣ-техникӣ, коллеҷҳои давлатии тиббӣ, хусусӣ ва Коллеҷи муҳандисию сохтмонӣ амал мекунад. Дар ҳудуди шаҳр ду нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ фаъолият мекунад. Имсол 1956 довталаб барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҳуҷҷат супурданд.
Дар соли хониши 2023-2024 толибилмони муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Бавижа, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ 6 нафар ҷойи аввал, 11 кас ҷойи дуюм, 66 нафар ҷойи сеюм ва 15 кас зинаҳои ифтихориро сазовор гардиданд.
Барои фароҳам овардани шароити таълим айни замон сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 13, 14, 49 ва 50-и шаҳр ҷараён дорад. Ҳамчунин, бо мақсади татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2020-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ду муассисаи томактабӣ дар деҳаи Зарбдор ва маҳаллаи 8-уми шаҳр бомаром идома дорад.
– Омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна ҷараён дорад?
– Сокинони шарафманди Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иродаи қавӣ ва руҳияи шикастнопазир камар бастаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо то соли 2026 сохтмон ва барқарорсозии 494 иншооти гуногун дар шаҳр ба нақша гирифта шудааст. То 1-уми майи соли ҷорӣ 157 иншооти таъиноташон гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дар 180 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Мутмаинан гуфта метавонам, ки ҷашни миллиро мардуми сарбаланди шаҳри Кӯлоб бо шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»