Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои илмӣ-таҳлилии Тоҷикистону Чин Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» баргузор гардид.
Ҳадафи Конфронси мазкур арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва тавсеи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар мебошад.
Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвар солҳои охир беш аз пеш тақвият меёбанд. Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, фаъолият доранд. Мавсуф баргузории чунин ҳамоишро барои тавсеа ва густариши ҳамгироии байни кишварҳои дӯсту ҳамсоя муҳим арзёбӣ кард.
- Баргузории чунин конфронсҳо дар сатҳи маҳфилҳои коршиносӣ ва таҳлилӣ байни Тоҷикистону Чин бори нахуст набуда, тайи зиёда аз 30-соли ҳамкории босамар пайваста доир мегарданд. Конфронс ба масъалаҳо ва муҳокимаи дурнамои пешбурди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ, таҳлили муфассали ҳолат ва ҷараёни татбиқи ҳуҷҷату барномаҳо, ҷустуҷӯи механизмҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки кишварҳо (савдо, ҳамкории саноатӣ, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, масъалаҳои марбут ба иқлим, маориф ва фарҳанг) нигаронда шудааст. Ҳамоиши мазкур идомаи мантиқии талошҳои муштараки роҳбарони ҳар ду кишвар ва муносибати дӯстонаю хайрхоҳонаи мардуми Чину Тоҷикистон доир ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди муштарак мебошад, - гуфт Хайриддин Усмонзода.
Ҷи Шумин, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Чин бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии кишварҳоро ҳамсарҳад будани Тоҷикистону Чин ва доштани иқтидорҳои фаровони захираҳои табиӣ ба ҳам наздик мекунад. Тибқи омори мавҷуда соли 2023 ҳаҷми муомилоти дуҷонибаи ҳарду кишвар ба 3 миллиарду 926 миллион доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 53,5 дарсад зиёд аст.
Дар ин нишаст китобҳои тозанашри «Тоҷикистон – Чин: аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ» ва «Тоҷикистон – Чин: 30 соли ҳамкории босамар» рӯнамоӣ шуданд. Китоби “Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ” аз тарафи муҳаққиқони варзидаи тоҷик ва чинӣ таълиф гардидааст, ки чунин амр дар таърихи муносибату ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст бори аввал иттифоқ уфтод. Китоб ба забонҳои чинӣ ва русӣ ба табъ расид. Китоби “Тоҷикистон–Чин: 30 соли ҳамкориҳои босамар” муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангии кишвари мо бо Чин дар давраи истиқлолро фаро гирифта, дорои арзиши баланд арзёбӣ мегардад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”