Барои нигоҳдории сабзавоту меваҷот ва, ба ин васила, таъмини муътадили бозорҳои маҳаллӣ ва аҳолӣ бо маҳсулоти рӯзмарраи ғизоӣ дар ноҳияи Ашт низ тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.
Дар деҳоти Меҳробод бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Насим Ҳомидов бо харҷи як миллион сомонӣ сардхонаи замонавӣ барои нигоҳдории меваҷоту сабзавот бунёд гашта, мавриди истифода қарор гирифт. Сардхона дар масоҳати 300 метри мураббаъ сохта шуда, дар як вақт метавонад зиёда аз 150 тонна маҳсулоти кишоварзиро нигоҳ дорад. Сардхона бо муосиртарин таҷҳизоти кишварҳои пешрафта муҷҷаҳаз гаштааст.
Бунёди чунин иншоот зарур аст, зеро ҳар сол дар ноҳия боғҳои нави замонавӣ бунёд ёфта, истеҳсоли мева меафзояд. Бино ба иттилои Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт, феълан майдони боғҳои мева дар ноҳия наздик ба 20 ҳазор гектар расида, аз ин 12 ҳазораш ҳосилдеҳ мебошад.
Айни замон дар боғҳои ноҳияи Ашт ҷамъоварии зардолу ва гелос идома дорад. Деҳқонони аштӣ дар мавсими имсола ният доранд, ки зиёда аз 40 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ намоянд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”