(Ба истиқболи 90-солагии академик Бобо Сангинов)
Бобо Сангинов 1-уми июли соли 1935 дар деҳаи зебоманзари Рарзи ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Айёми бачагӣ ва наврасиаш дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузашт. Сарфи назар аз мушкилоти он замон, ба омӯзиши илму дониш рӯй овард. Ҳанӯз баъди хатми мактаби ҳафтсола мудири китобхонаи колхози «Шуълаи инқилоб» шуда, ба фаъолияти меҳнатӣ шуруъ намуд. Сипас, ба мактаби агрономии шаҳри Истаравшан дохил шуда, онро 1-уми марти соли 1953 хатм мекунад ва 4-уми марти ҳамон сол ба сифати сарагроном дар колхози «Москва»-и ноҳияи Муъминободи собиқ вилояти Кӯлоб ба кори мустақилона оғоз менамояд.
Бобо Сангинов дар заминаи фаъолияти сермаҳсул тавонист аз ходими калони илмӣ то ба дараҷаи олими намоён, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АИКТ, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Русия, муовини мудири шуъбаи селексия ва тухмипарварии пахта, директори стансияи таҷрибавии хоҷагии қишлоқи Вахш (ҳоло филиали ИИИ «Зироаткор»-и ба номи академик В. П. Красичкови Вахш) ва президенти АИКТ расад.
Дар натиҷаи фаъолияти чандсола Бобо Сангинов тавонист навъҳои серҳосили пешпазаку ба касалӣ тобовар ва дорои сифати баланди пахтаро ба монанди «5595-В», «6465-В», «6249-В», «8386-В», «8375-В» ихтироъ намояд. Солҳои охир ӯ ҳамкории селексионии худро бо генетикҳо, физиологҳо, фотопатологҳо, агрохимикҳо ва, инчунин, мутахассисони саноати бофандагӣ дар алоқамандии зич пеш мебурд. Дар натиҷа, селексионер Бобо Сангинов навъҳои «9326-В» ва «8809-В» бо нахи типии дуюм, ки ба касалиҳои вилти фузариозӣ ва пӯсиши сиёҳи реша тобоваранд, ихтироъ намуд, ки онҳо бо баромадани нах ба худ ҳамто надоранд. Ғайр аз ин, ӯ навъҳои юнучқаи «В-233», «В-300» ва «В-416», ҷави «В-116», «В-128» ва дигар зироатҳоро ихтироъ намуда, онҳоро ба хусусияти минтақавӣ ҷудо карда, дар ин бобат ҳам ба истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳурӣ манфиатҳои зиёде овард.
Дар натиҷаи тадқиқоти худ ӯ зиёда аз 200 асари илмӣ навишта, инчунин, муаллифи 19 кашфиёту ихтироъкорӣ мебошад.
Бобо Сангинов бо ҳамкории кормандони Институти илмӣ-тадқиқотии растанишиносии ба номи И. Вавилови шаҳри Санкт-Петербург «Феҳристи маҷмуи (коллексия) пахтаи маҳиннахи ҷаҳон»-ро тартиб додааст. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо олимони Ҳиндустон оид ба ривоҷи пахтакорӣ дар Осиёи Миёна асари илмӣ ба чоп расонд.
Бобо Сангинов на танҳо ҳамчун олими селексионер, балки ҳамчун ташкилотчии варзидаи тадқиқоти илмӣ маъруф мебошад. Дар муддати 25 сол ӯ дар вазифаи директори стансияи таҷрибавии кишоварзии Вахш, ки ин муассисаи илмӣ ба филиали Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Зироаткор» ба номи академик А.Н.Махсумов табдил ёфтааст, фаъолият намуд. Дар он ҷо як зумра мутахассисон ва олимони ҷавон тадқиқоти илмӣ кардаанд, ки бисёре аз онҳоро Бобо Сангинов роҳбарӣ мекард. Дар филиали мазкур усулҳои технологияи асосии парвариши пахта ва рустаниҳои хӯрокворӣ кашф ва дар истеҳсолот ҷорӣ шуданд.
Дар солҳои 1994-2005 Бобо Сангинов ҳамчун президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои ривоҷу равнақи илми кишоварзӣ саҳми худро гузошт. Дар ин давра Маркази ҷумҳуриявии механиконии кишоварзӣ, Маркази илмӣ дар вилояти Суғд, пойгоҳҳои илмии соҳаи кишоварзӣ дар ВМКБ таъсис дода шуданд.
Олими варзида ва ташкилотчии хуби илми кишоварзӣ Бобо Сангинов дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат дошт. Ӯ барои хизматҳои самараноки илмӣ-ташкилотчигиаш ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, унвони Аграноми шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардид. Вай, инчунин, бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо ва нишони Фахрӣ, грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқии СССР сарфароз гардонда шудааст. Бобо Сангинов соли 2004 дар қатори шаш нафар олимон, ходимони ҷамъиятии давлатҳои иштирокчии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба мукофоти Созмони ҳамкории иқтисодӣ шарафманд гардид.
Академик Бобо Сангинов то охири умри бобаракати худ ба пешааш содиқ монд ва дар роҳи тараққиёти соҳаи кишоварзӣ хидмат кард. Соли 2017 дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.
Барои зинда нигоҳ доштани хотираи неки академик Бобо Сангинов МТМУ №3-и деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ ба номи ӯ гузошта шуд ва дар саҳни ҳавлии ин дабистон нимпайкараи устод қомат афрохт, ки аз хидматҳои арзандаи ӯ дар соҳаи кишоварзӣ гувоҳӣ медиҳад.
Тоҳирхоҷаи ХОҶАЗОД, рӯзноманигор