Бо фаро расидани фасли тобистон чун ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то 40 дараҷа ва бештар аз он мерасад, оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии наврасон ва ҷавонон табдил меёбад. Дар ин ҳолат аксари кӯдакону наврасон, ки дарёро макони оббозӣ интихоб мекунанд, бехабар аз қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд.
Ба ҳамин хотир, бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур бо муроҷиатномаи худ аз сокинони шахри Душанбе хостааст, ки ҳангоми шиноварӣ дар дарё ва кӯлҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.
На ҳама рӯду дарёҳо барои шиноварӣ муносиб мебошанд. Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо дар ҷойҳои махсусгардондашуда метавонад аз оқибатҳои ногувор ҷилвагарӣ намояд. Бинобар сабаби сар назадани ин ҳодисаҳо, бахши раёсати Кумита дар ноҳияи Шоҳмансур пайваста бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронда, аз шаҳрвандон дархост менамояд, ки дар дарёи пуртуғёни «Душанбе» ва каналҳо шино кардан катъиян манъ шудааст.
«Аз волидон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки фарзандони хешро дар мавзеъҳои барои оббозӣ мамнуъ беназорат нагузоранд ва дар ҷойҳои барои шиноварӣ манъшуда аз оббозӣ кардан худдорӣ намоянд», - омадааст дар муроҷиатнома.
Бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ба шаҳрвандон чанд тавсия низ додааст, ки чунинанд;
- Танҳо дар ҷойҳое машғули оббозӣ шаванд, ки барои оббозӣ иҷозат дода шудааст;
- Дар минтақаҳои тезҷараён набояд ба шиноварӣ машғул шуд:
- Кӯдакон ва наврасон бояд танҳо зери назорати волидон ба оббозӣ машғул шаванд;
- Дар ҳолати сархушӣ ба об даромадан қатъиян манъ аст;
- Дар ҷойҳои ноошно ба об даромадан манъ аст;
- Ҳангоми шиноварӣ аз бозиҳои хатарнок худдорӣ намоянд;
- Кӯдаконро дар канори рӯду ҳавз бе назорат гузоштан қатъиян манъ аст;
- Ба аломатҳои огоҳкунанда таваҷҷуҳ ва ҷиддан тибқи онҳо амал кардан мувофиқи мақсад мебошад;
- Танҳо дар ҷойҳои барои оббозӣ муқарраршуда шиноварӣ намудан мумкин аст.
Бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур