Футбол барои кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз солҳои баъди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 яке аз машғулиятҳои дӯстдошта ва обутоби ҷисмонӣ ба шумор мерафт. Солҳои 1975-1985 дастаи футболи «Тоҷикистони советӣ» дар байни тимҳои расонаҳои хабарӣ ва маҷаллаҳо чанд карат чемпион шуда буд.
Махсусан, солҳои 1983-1984 бо роҳбарии котиби масъули газета Наҷмиддин Азизов даста дар чемпионати байни рӯзномаҳо ҳамеша ғолиб меомад. Мудири шуъбаи ороиши рӯзнома М. Раҳмонов, ки дар дастаҳои ноҳияи Варзоб, шаҳри Душанбе ва лигаи дуюми чемпионати Тоҷикистон машқ карда, таҷрибаи хубу маҳорати баланд дошт, тренер-бозигари дастаи мо буд. Хабарнигор-футболбозони рӯзнома: Имомназар Холназаров, Шамсиддин Насриддинов, Усмон Солеҳ, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, Хурсанд Ҷумъазода, Раҳимқул Мавлонов, Зикрулло Сайфуллоев, Саидқосим Ҷалолов, Файзулло Каримов, Мақсуд Ҳусейнов, Насриддин Наврӯзов ва дигаронро бо либоси махсуси варзишӣ таъмин намуда, ҳафтае ду маротиба дар майдонҳои футболи «Динамо», «Спартак» ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино машқ медод. Капитани команда Наҷмиддин Азизов буд. Вай хеле тез медавид, ҳарчанд дар сол аз ҳама бузург буд. Дар зӯрозмоӣ бо дастаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») чор бар сифр ғолиб омадем. Исмоил Ҳикмат, капитани дастаи ҳариф, баъди бозӣ гуфт, ки бурди шумоён дар он аст, ки ба мусобиқа бо тайёрии ҷиддӣ омадед, мо гумон доштем, ки «мӯйсафедон»-ро осон мағлуб менамоем.
Дар санҷиши маҳорати футболбозӣ бо дастаи Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон низ «Тоҷикистони советӣ» дастболо шуд. Бозигарони Шурои Вазирон бо сарварии капитани команда Нарзулло Латифов, шореҳи шинохтаи футбол, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ҳарчанд кӯшиданд хатти муҳофизати дастаи «Тоҷикистони советӣ»-ро рахна созанд, вале ба мақсад нарасиданд. Ҳимоятгарон Шамсиддин Насриддинов, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода моҳирона тӯбҳоро зада мегардонданд. Саидқосим Ҷалолов дарвозабон буд, ӯро мо Яшини даста меномидем. Вай дар ҳама ҳолат худро гум намекард. Ӯ дар намуди варзиши каратэ низ маҳорат дошт. Метавонист тӯби партофтаи ҳарифонро ҳам бо даст ва ҳам бо пою сар муваффақона баргардонад. Ҷавонони «Тоҷикистони советӣ» ҷисман пурқувват буданд, хастагиро намедонистанд, аз ин рӯ, пайваста тӯри дарвозаи ҳарифро ба нишон мегирифтанд ва ҳамлагарон Имомназар Холназаров, Наҷмиддин Азизов бисёр вақт ба комёбӣ муваффақ мешуданд. Футболбозони Шурои Вазирон, ки аксар соянишин, яъне аз дафтари корӣ кам ба ҳавои офтобӣ мебаромаданд, зуд хаста шуда, маҷоли давиданашон намемонд. Бинобар ин, бо натиҷаи се бар сифр шикаст хӯрданд ва дигар бо мо ба бозии минбаъда дилёб нагаштанд.
Дар Рӯзи матбуоти шуравӣ, яъне 5-уми май, кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар байни рӯзномаву маҷаллаҳо пойга барои гирифтани мукофоти рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ва нерусанҷии шоҳмотбозонро барои ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони мамлакат баргузор мекарданд. Мусобиқаҳо аз субҳ то нисфирӯзӣ сурат мегирифтанд. Ҷавонони «Тоҷикистони советӣ» дар пойга ҳамеша зинаҳои ифтихориро ба даст меоварданд. Дар шоҳмот дастаи «Тоҷикистони советӣ»-ро Мутеулло Наҷмиддинов, Наҷмиддин Азизов, Мамадвафо Мамадризоев, Шодӣ Саидов, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Ғуломҳайдар Муродалиев намояндагӣ мекарданд. Аз Вазорати фарҳанг Султон Сафаров, драматурги шинохта, аз рӯзномаи «Маориф ва маданият» Нафасбек Раҳмонов, аз «Совет Тожикистони» (ҳоло «Халқ овози») Мансур Неъматуллоев ва Ӯлмас Ҷамол, журналист ва шоири маъруф, хеле бо маҳорат бозӣ мекарданд.
Имрӯз низ ҳамин анъана дар «Ҷумҳурият» идома дорад. Дастаи футболи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар байни дастаҳои футболи Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри «Шарқи озод» ва нашрияҳои даврӣ ва дигар идораҳои муҳими ин маҷмаа аз мақоми хоса бархӯрдор аст. Қариб даҳ сол мешавад, ки дар мусобиқаҳои байни коллективҳои меҳнатӣ ширкат намуда, соҳиби сипосномаҳо мегардад. Ҳатто, дар шаҳри бостонии Самарқанд бо тими рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» зӯр озмуд ва бо ҳисоби 7 бар 5 ғалаба ба даст овард. Ҳоло футболбозони «Ҷумҳурият» ҳафтае ду маротиба тамрин карда, ба зӯрозмоиҳои оянда, ки ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ баргузор мегарданд, омодагӣ мегиранд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»