Чанд сол пеш дар натиҷаи такудавҳои зиёди собиқ раиси совети қишлоқи Басид 3. Назариев байни маркази райони Рӯшон ва қишлоқи Басид роҳи мошинагузар сохта шуд. Маскани мо бошад аз қишлоқи Басид 27 километр дуртар воқеъ аст. Барои ба маркази район рафтан, масофаи зикршударо пиёда муддати як рӯз тай карда, танҳо рӯзи дувум то роҳи мошингузар мерасем. На ҳама ба чунин пиёдагарди тоб меоваранд. Бахусус, маризон, занон, кӯдакон ва мӯйсафедони деҳа, азоб мекашанд. Баъзан ҳангоми гузаштани пайраҳаҳои борики кӯҳӣ ҳодисаҳои нохуш рӯй медиҳанд. Ягона воситае, ки моро аз ин уқубат раҳо мекунад, сохтани пайраҳаҳои мошингузар байни деҳаҳои Рошорв ва Чалуд мебошад.
Ин корро кӣ ба зимма мегирифта бошад? Чаҳор сол қабл аз ин ба таври ҳашар бо белу зоғнӯл хостем илоҷе кунем. Ташаббусамон зоҳиран бо суханону ваъдаҳои роҳбарони маҳаллӣ ва району вилоят дастгирӣ шуд, лек ҷомаи амал напӯшид. Охир, одам бо зоғнӯлу бел пеши кӯҳ оҷиз аст. Набудани техника низ сабаб гашт, ки дар чор сол мо ба муваффақияте ноил нагардем.
Дар ин даврон ҳаёти маишию мадании халқро бе барқ, "оинаи нилгун", радио ва телефон тасаввур кардан мумкин нест. Аммо, мо гӯё дар як гӯшаи торик зиндагӣ мекарда бошем, аз ҳамаи ин чизҳо маҳрумем.
Баъди кӯшишҳои зиёд имсол дар қишлоқ дизели электрӣ шинонданд. Коркунони барқи вилоят аз 135 хонавода ба 50-то симу симчӯб кашониданду халос. Бепарвоии роҳбарони району вилоят ва бо масолеҳ таъмин нашудани коргарон ба он расонд, ки кор нимкола шуда монд. То ҳоло дар қишлоқ ягон чароғ фурӯзон нашудааст. Чунин аҳвол дорем. Шояд вақте расаду мо ҳам ба мисли дигарон аз дастовардҳои Ҳокимияти Советӣ баҳра барем.
М. Мадимаров, Х. Сабзиков,
П. Ашурмамадов. Ҷамъ 68 имзо
“Тоҷикистони советӣ”, 3 феврали соли 1990. №29, (18.010)
«ТОҶИКИСТОНИ СУРХ» ДАР РӮЗҲОИ ҒАЛАБА
«Тоҷикистони сурх», 10 май 1945. Зери сарлавҳаи «Пеш аз имзо кардани акти оид ба таслимшавии ҳарбӣ» чунин хабарро дарҷ кардааст: «Берлин, 8 май (ТАСС). Солҳо, даҳҳо сол, садҳо сол мегузаранд. Вале рӯзи 8 май соли 1945-ро халқҳои озодидӯсти ҷаҳон абадӣ дар хотир нигоҳ хоҳанд дошт ва ин рӯзро ҳамчун таърихи тантанаи ҳаққоният, ҳамчун таърихи Ғалаба бар Германияи гитлерӣ ёдоварӣ хоҳанд кард...».
* * *
«Тоҷикистони сурх» 10 май 1945. Репортажи А. Деҳотиро бо номи «Иди ғалаба дар пойтахти республика» чоп кардааст. Аз ҷумла, дар он навишта шудааст: «Дина чӣ рӯзи нек, чӣ рӯзи хушбахтӣ буд... Соати 11. Дар майдони назди почтаи марказӣ издиҳоми бузурге ҷамъ омад. Минбар бо сурати пешвоёни партия ва ҳукумат зинат дода шуда буд. Имрӯз дар ҳақикат иди Ғалабаи умумихалқ шуд. Тамошои ин ид ба кас орзуе мебахшид, ки умри дароз бинаду ояндаи дурахшони Ватани азиз ва халқи ғолиби худро мушоҳида кунад».
* * *
«Тоҷикистони сурх», 12 май, 1945. Аз Бюрои информационии советӣ. То шаби 9 май ба қӯшунҳои фронти 3-и Белоруссия 11 ҳазор нафар ва ба қӯшунҳои фронти 2-и Белоруссия 10 ҳазор нафар солдату офицерони немис таслим шуданд. Қабулкунии асирон давом дорад. Гурӯҳи қӯшунҳои немис дар Чехословакия аз ба қӯшунҳон советӣ таслим шудан саркашӣ карда, саросемавор ба сӯи ғарб ва ҷануби ғарб ақиб гашта истодааст. Қӯшунҳои фронти 1-и Украина дар натиҷаи монёври суръатноки шабона гузарондани соедененияҳои танкӣ аз аскарони пиёда муқобилияти душманро шикастанд ва 9 май дар соати 4-и пагоҳӣ пойтахти Чехословакияи ба мо иттифоқчӣ - шаҳри Прагаро аз истилогарони немис озод карданд.
«Тоҷикистони сурх» 10 ва 12 майи соли 1945
Омодасоз Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”