Прокурори генералӣ, вазири адлия, раиси Суди Олии иқтисодӣ ва намояндагони дигар мақомоти давлатӣ дар Форуми 12-уми байналмилалии ҳуқуқ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия баргузор гашт, иштирок намуданд.
Ба мо аз Прокуратураи генералӣ иттилоъ доданд, ки дар Форум намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд. Ба иштирокдорони Форум намоишгоҳҳои гуногун, аз ҷумла дастовардҳои охирини мақомоти давлатии Россия, роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилот ва масъалаҳои ҷорӣ, манзур гардиданд.
Баррасии ҳамкориҳо бо Малта ва САҲА
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, аврупоӣ ва тиҷоратии Малта, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ян Борг мулоқот дошт.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, ки дар вохӯрӣ доираи васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Малта, инчунин, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои Озарбойҷон дар Тоҷикистон
Таҳкими ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар мулоқоти раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки марказии Озарбойҷон Толеҳ Казимов баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи ҷаласаҳои Гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор шуда, дар он ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории байнибонкӣ ибрози назар намуданд.
Баррасии ҳамкориҳои энергетикӣ дар доираи тарҳи CASA-1000
1-уми июл зимни вохӯрии вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо губернатори музофоти Хайбар-Пахтунхваи Покистон Файсал Карим ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар доираи Лоиҳаи «CASA-1000» баррасӣ гардиданд.
Ба мо аз Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои энергетика ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон табодули назар намуда, ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкорӣ баён доштанд.
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи мансабдорони сатҳи баланди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Остона иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар доираи чорабинии мазкур ба қароргоҳи нави Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона санги асос гузошта шуда, ҷаласаи Кумитаи сегона (Тоҷикистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон) баргузор гашт.
Корҳои бартарафсозии оқибати сел дар Нуробод ва Варзоб идома доранд
«30-юми июн, соати 15:00 бинобар боришоти зиёд дар деҳаи Яхак, деҳоти ба номи И. Ҳалимов ва дарёи Зуманаки ноҳияи Нуробод сел омад. Дар натиҷа, дар деҳаи Яхак селпарто бо дарозии 60 метр ва баландии 3 метр аз сангу лойқа пур шуд», – иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Бино ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми 30-юми июн дар ноҳияи Варзоб низ сел омад. Соати 16:22 сел аз дараи Мазор, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Оби Гарми деҳоти Варзоб-Қалъа, ҷорӣ шуд. Дар натиҷа, таҳхонаҳои манзили зисти сокинони маҳаллӣ зери об монда, ба иншооти ёрирасон қисман осеб расонд. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ корҳои зарурӣ ба анҷом расонда шуданд.
«Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин»
Таҳти ҳамин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор гардид, ки дар он беш аз 70 асари мусаввирони Тоҷикистону Чин ба маъраз гузошта шуд.
Аз Осорхонаи миллӣ ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар намоиш 50 асари рассомони Тоҷикистон, 21 мусаввара ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин ба намоиш гузошта шуданд. Осори ҳунарии пешниҳодгардида таҷассумгари мақому манзалат ва иффату покдомании зан дар ҷомеа мебошад. Дар маросими ифтитоҳи намоиши муштарак вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ва сафири фавқулода ва мухтори Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин ибрози назар намуданд.