(дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30-юми майи соли 2024)
ҶОЙГОҲИ ИЛМ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ ВА ҶОМЕА
Мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар марҳалаи бисёр пурпечутобу пуршиддати равандҳои сиёсии ҷаҳон сурат гирифт. Маҳз дар шароити кунунӣ рӯ овардани Роҳбари давлат ба илму маориф ва зиёиёну ходимони илм гувоҳи он аст, ки ягона василаи расидан ба ҳадафу ормонҳои миллиро дар рушду нумӯи илми тоҷик мебинанд. Яъне, бо донишҳои муосир мусаллаҳ гардондани наврасону ҷавонон, бевосита кафили ҳифзи амният, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷойгоҳи илм дар рушди истеҳсолоти ҷомеа ишора менамоянд, ки «мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чи хизмате анҷом дод. Ва мо чи тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд».
Дар ин росто, муҳимияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишварро таҳлилу натиҷагирӣ ва баррасиву ояндабинӣ ҷиҳати рушди илми ватанӣ ва пайванди ногусастании он ба истеҳсолот метавон арзёбӣ намуд.
Бевосита ишора гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи шароитҳоро муҳайё намудааст.
Вобаста ба ин, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, махсусан роҳбарияти олии сиёсии кишвар, ба ин раванд нигаронида шудааст, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, дар мамлакат барои баланд бардоштани мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шудаанд.
Дар ҳамин замина, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – муассисаи бузурги таълимии мамлакат, имконот ва захираи калони илмӣ мавҷуд буда, муҳаққиқон, ихтироъкорон, навоварон ва донишмандони соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд, ки дар пешрафт ва рушди илми мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар Донишгоҳ дар баробари дар сатҳи баланд иҷро намудани самти муҳими фаъолият – таълим, ба рушд ва равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи бевосита равона мешавад. Ин аст, ки то ин муддат дар Донишгоҳ 12 академик, 16 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 209 доктори илм, профессор, 684 номзади илм, дотсент, 251 доктор Phd, инчунин, пажӯҳишгоҳҳову марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият менамоянд, ки натиҷаву дастовардҳои онҳо дар рушди истеҳсолот, ки ҳамчун заминаи густариши соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баромад менамояд, нақши муҳимро мегузорад.
Қайд намудан бамаврид аст, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи ҳамаҷиҳатаи фаъолияти якҷояи муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ҳалли масъалаҳои муҳими илмию техникӣ, коркарди технологияҳои нав, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар иқтисодиёт, фарҳанг ва маориф ва доир ба тайёр кардани мутахассисони тахассуси олӣ андӯхта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирӣ ва тарбияи олимони ҷавон, рушди эҷодӣ ва ба ҷалби фаъолонаи онҳо дар фаъолияти илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар ин замина, тамоми унвонҷӯён, пажӯҳишгарон ва олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муваззаф мегарданд, ки ба таҳқиқу баррасии масъалаҳои илмӣ, инноватсионӣ ва пайвасти он ба истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар намуда, якҷоя бо роҳбарони илмӣ тадбирҳои саривақтиву судманд ва ҳадафнокро роҳандозӣ намоянд.
ИНЪИКОСИ ДАСТОВАРДҲОИ ҲУКУМАТИ КИШВАР ДАР СОҲАИ ИЛМ ВА МАОРИФ
Яке аз бахшҳои муҳиму меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишварро масоили роҳандозии дастоварду дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи илм ва маориф ташкил менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои бобарори он изҳори назари судманду саривақтӣ намуданд.
Бо таъкиди Пешвои миллат, дар марҳалаи соҳибистиқлоли миллӣ Ҳукумати мамлакат барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намуда, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил дод.
Ҳамзамон, дар марҳалаи нав дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла барои пешрафти илму маориф, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуд.
Махсусан, бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи чунин чораандешиҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат низоми фаъолияти илмӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рушду нумӯ ёфта, то ин муддат ба як қатор дастоварду музаффариятҳо ноил гардидааст.
Айни ҳол дар Донишгоҳ 19 факултет бо фарогирии 133 ихтисосҳои равияҳои гуногун фаъолияти таълимиву илмӣ ба роҳ монда шуда, пояи илмии ихтисосҳои гуногун инкишоф ёфта, мутахассисони варзидаву муҳаққиқони навовар омода карда мешаванд.
Танҳо дар даҳ соли охир аз ҷониби кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 172 рисолаи докторӣ, 1298 рисолаи номзадӣ (41 доктор Phd) дар соҳаҳои муҳими илми кишвар дифоъ карда шудааст, ки самараи таҳқиқоти онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши муҳим гузошта, натиҷаҳои назаррасро соҳиб шуда истодаанд.
Ҳамчунин, ихтирооту пажӯҳишҳои кормандону омӯзгорони Донишгоҳ ба озмуну олимпиада ва форуму шаклҳои ба ин монанди рақобатҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод шуда, ҷоизаву мукофот, диплом, шаҳодатнома, сертификат ва амсоли ин ҳуҷҷатҳои сатҳи байналмилалиро соҳиб гаштаанд, ки ишора ба дастовардҳо, рушди илми ватанӣ ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.
МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИЛМӢ, ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ ИЛМӢ, МУБРАМ БУДАНИ МАВЗУЪҲОИ ТАҲҚИҚОТӢ, СИФАТИ КОРҲОИ ИЛМӢ ВА АҲАМИЯТИ АМАЛИИ ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ МУЛОҚОТ
Воқеан, омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи асоситарин рисолати макотиби олӣ ва дигар муассисаҳои донишандӯзӣ ба ҳисоб меравад. Ин вазифаи пуршараф ва пурмасъулият ҳар як омӯзгор ва кормандони илмиро водор месозад, ки дар таълиму тадриси ҷавонон ҷиддӣ, сахтгир ва серталаб бошанд, то баҳри ояндаи дурахшони давлат кадрҳои арзанда омода шаванд. Масъалаҳои мазкур низ ҷузъи меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишварро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат саҳми олимонро дар рушди кишвар хеле арзанда арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки “олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳими давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, саҳмгузор бошанд.”
Дар ҷараёни мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳбуди сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ, инчунин, фароҳам овардани имконият ба муҳаққиқони кишвар, ки имкони ҳимояи диссертатсияҳои худро дар кишварамон дошта бошанд, ба ҳисоб меравад.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо, хеле нигаронкунанда мебошад. Яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳу сифати корҳои илмӣ хунукназарии шуроҳои диссертатсионии амалкунанда, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда ва муқарризони расмӣ ба масъалаи арзёбии диссертатсияҳои ҳимояшаванда мебошад.
Дар баробари ин, дониши тахассусии баъзе довталабоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро тибқи низоми докторантура аз рӯйи ихтисос ҳимоя мекунанд, ҷавобгӯи талабот ва дараҷаи илмии дарёфтшаванда нест.
Ин ҳама аз мушкилоти умдае мебошанд, ки дар самти таҳқиқи корҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ Пешвои миллат иброз намуданд ва барои ислоҳи чунин мушкилот олимон, муҳаққиқону унвонҷӯён ва шуроҳои илмиро зарур аст, ки чораандешии саривақтӣ зоҳир намоянд.
Дар партави суханронии Пешвои миллат, бояд таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷодаи тарбия ва омода намудани муҳаққиқону олимон яке аз муассисаҳои калонтарин ва пешсафи илмӣ ба шумор меравад.
Барои рушди соҳаҳои гуногуни илм дар мамлакат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳ 300 унвонҷӯ, 191 докторант, 777 магистр ба пажӯҳиш машғул мебошанд. Танҳо дар се соли охир, 535 унвонҷӯ (33 доктор Phd) ва 75 докторант рисолаҳои илмиро ҳимоя намуданд.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 26 шурои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқ, таърих, сиёсатшиносӣ, фалсафа, математика, физика, иқтисод ва ғайра амал менамоянд, ки баҳри ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ нақши муҳим мегузоранд.
Дигар масъалаи муҳим, ки Пешвои миллат дар ин самт иброз намуданд, ин муайян намудани самтҳои авлавиятдоштаи илм мебошад. Бо ин мақсад, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат чор маротиба: барои солҳои 2007-2009, 2010-2012, 2015-2020 ва 2020-2025 Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Соли 2020 дар вохӯрӣ бо олимони кишвар Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки самту равияҳои афзалиятдошта бояд, пеш аз ҳама, ба навсозиву ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона шаванд. Таҳлили ҳамаҷонибаи номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пешрафти илми ватаниро бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таъмин карда наметавонад ва бозбинии ҷиддиро тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз, Сарвари мамлакат вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзиро вазифадор намуданд, ки номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмиро аз нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Аз мулоқот марбут ба масоили дарҷшуда хулоса бояд кард, ки беҳтар сохтани инфрасохтори соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии олимони ҷавон, таваҷҷуҳ ба илмомӯзӣ ва забономӯзии ҷавонону наврасон ва дар умум, рушди илму маориф чун ҳамешагӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар мебошанд.
ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИВУ ТЕХНИКӢ» – ЗАМИНАИ МУҲИМИ ГУСТАРИШИ МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ ИЛМ
Пешвои муаззами миллат қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ»-ро аз соли 2022 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонда, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.
Воқеан, Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст.
Дар натиҷагирӣ аз мазмун ва моҳияти Қонуни мазкур Пешвои миллат баён доштанд, ки «ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки Қонун таҳия нагардидаанд ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мо доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд».
Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва, татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест.
Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ, аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт, ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳамин замина, аҳли илм ва махсусан таҳқиқотчиёну унвонҷӯёнро зарур аст, ки бо дарназардошти муқаррарот ва нишондодҳои Қонуни мазкур ва дастгириҳои давлатӣ ба коркарду таҳқиқи мавзуъҳои ба талаботи замон мувофиқ ва мубрам машғул гардида, низоми тиҷоратикунонии онро истифода намоянд.
АМАЛИСОЗИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ» ВАСИЛАИ МУҲИМИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ
Дар баробари масъалаҳои илму маориф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ихтироъкориву навоварӣ, тавсеаи «зеҳни сунъӣ» ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро дар ин самтҳо арзишманд ва нақши паркҳои технологиро барои расидан ба ҳадафҳои мазкур мувофиқу мусоид донистанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои амалӣ ва ихтироъкориву навоварӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»-ро қабул кардем, ки беш аз даҳ сол инҷониб амал мекунад. Соли 2021 Паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро аз андоз озод намуда, ба онҳо иловатан як қатор имтиёзҳо додем. Тибқи маълумот, ҳоло дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 24 Парки технологӣ амал мекунад.
Аз ҷумла, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2011 Парки технологӣ ташкил гардида, дар фаъолияти худ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд: ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот; ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот; омӯзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад; такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд; рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи инноватсионӣ ва технологияи нав ва ғ.
Бояд гуфт, ки истифодаи фарох аз Парки технологӣ имконият медиҳад, ки доираи васеи донишҷӯёну муҳаққиқон ва мутахассисон дар пайвасти илм ба истеҳсолот саҳм гузоранд. Дар ин замина, Паркҳои технологӣ заминаи мусоид барои фаъолияти муштараки донишмандону муҳаққиқон буда, дар табодули таҷриба ва донишҳои нав миёни муҳаққиқон метавонанд саҳми бузург дошта бошанд.
Пешвои миллат махсус иброз доштанд, ки «илова ба кам будани чунин Паркҳо, фаъолияти онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда, аксарашон ба ном вуҷуд доранд. Бо дарназардошти ин, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти Паркҳои технологӣ то охири соли ҷорӣ тадбирҳои дахлдор андешанд».
Дар заминаи мушкилоти мавҷуда доир ба фаъолияти Паркҳои технологӣ ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вазифадор мешавад, ки дар самти пайвасти донишҳои назариявии муҳаққиқону донишҷӯён бо истеҳсолот, ҷоннок намудани баргузории машғулиятҳои амалӣ, дарёфти мутахассисону донишмандони навовару ихтироъкор, яъне, дар маҷмуъ, пайванди илм ба истеҳсолот чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд.
ТАВСЕАИ ТАФАККУР ВА ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ ВАСИЛАИ АСОСИИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ХУРОФОТ, ИФРОТИШАВӢ, ЗОҲИРПАРАСТИИ ДИНӢ ВА ГАРОИДАН БА ҒОЯҲОИ ИРТИҶОӢ
Дар мулоқот таъкид шуд, ки бо дарназардошти вазъи пешгуйинашаванда ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар зери таъсири манфии омилҳои ҷаҳонишавӣ бо истифода аз неруву қувваи созандаи илм зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бехатарии давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлоли давлатӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст.
Дар воқеъ, имрӯз башарият дар асри XXI дар рубарӯи хатарҳои глобалӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ, ҷиноятҳои фаромилии муташаккил, коррупсия қарор дорад, ки онҳо ба амнияти давлат, мудофиаи мамлакат ва дахлнопазирии ҳудуди кишвар таҳдид менамоянд.
Масъалаи хеле муҳиме, ки ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа гаштааст, хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидани ҷавонон ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву тундрав ва аз банди хурофот раҳобахшии шаҳрвандон пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва дигар ниҳоду сохторҳои масъули давлатӣ қарор дорад.
Дар пайвандӣ ба масъалаи мазкур Пешвои миллат иброз доштанд, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифат ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат бори дигар таъкид доштанд, ки рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавқеи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирии хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гаравидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.
Бо ҳамин мазмун, Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 иброз доштанд, ки ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мешавад. Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур ёдрас шуданд, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.
Имрӯз зарурати таърихӣ пеш омадааст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти хатарнок, ки ба соҳибихтиёриву истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва амнияти ҷомеаи башар дар умум таҳдид мекунанд, дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ҳар як шахси бонангу номус, ватандӯсту соҳибмаърифат мубориза баранд. Бо дарназардошти ҳолати ҷойдошта, дар шароити кунунӣ зарурати ҳарчи бештари истифодаи қудрату неруи ваҳдатсози илм ҳамчун омили асосии пешгирии хурофот ва ифротишавӣ рӯйи кор омадааст.
НАСРИДДИНЗОДА Эмомалӣ Сайфиддин,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон