Даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда оғоз гардид.
Маркази миллии тестӣ хабар додааст, ки барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд, ки дар онҳо беш аз 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода шудааст.
АМИТ "Ховар"