2-юми июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, вазири федералии молия хонум Карин Келлер-Зуттер ва раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳангоми мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
– Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад, – изҳор доштанд дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш номида шуд.
Ҷалби сармояи Швейтсария ва технологияҳои муосири он ба рушди соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, фарматсевтика, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, рақамикунонии иқтисодиёт зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои дигари судовар, аз ҷумла сайёҳӣ, равобити зичи фарҳангиву башарӣ ва илму маориф, табодули афкор намуданд.
Аз ҳамоҳангиҳои доимӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои калидии замони муосир изҳори қаноатмандӣ шуда, дастгирии доимии Швейтсария дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим таъкид гардид.
Дар баробари ин, зимни вохӯрӣ ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.