Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федералии корҳои хориҷии Швейтсария Инясио Кассис мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷонибҳо зимни суҳбат мавзуъҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб оид ба густариши робитаҳо дар татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ, тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ, такмили низоми бонкии ҷумҳурӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, таъкид гардид.
Тамоюли мусбати нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон
«Бо вуҷуди вазъи мураккаби ҷаҳон, дар натиҷаи тадбирҳои муассире, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ андешида шуданд, нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон тамоюл ба самти мусбат доранд», – изҳор дошт вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода.
Ин нукта дар ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки аз 1-ум то 3-юми июл баргузор гардид, баён шуд. Дар ҷаласа вазири молия афзуд, ки суръати афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли 2024 беш аз 8 фоизро ташкил дод.
Муаррифии Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм ҷаласа оид ба ҷамъбасти Нақшаи миёнамуҳлат барои солҳои 2021-2023 ва муаррифии нақшаи миёнамуҳлати Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баргузор гашт.
Аз Вазорати маориф ва илм ба мо иттилоъ доданд, ки мақсади асосии Стратегия бунёди низоми самараноки соҳаи маориф мебошад, ки он имкониятҳои махсус, инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, шуғли кор ва беҳтар намудани шароити зисти аҳолии Тоҷикистонро таъмин менамояд.
Вусъати ҳамкориҳо байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон
Дар доираи сафари Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон, байни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон «Харитаи роҳ» ба тасвиб расид.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, «Харитаи роҳ» бо мақсади вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» имзо шуд.
Имзои Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Ташкилоти Агроаксияи Олмон
«3-юми июн байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид», – хабар додааст АМИТ «Ховар».
Ёддошти тафоҳум дар вохӯрии раиси Кумита Фарҳод Раҳимӣ ва директори Ташкилоти Агроаксия Йоҳаннес Калтенбах ба имзо расид. Иброз шуд, ки Ташкилоти Агроаксия дар доираи ҳамкорӣ дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошими ВМКБ Литсейи касбии техникиро пурра навсозӣ намуда, онро бо техника ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонд. Ҳамзамон, Ташкилот тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дар ноҳияи Лахш Литсейи касбии техникии муосир сохта, мавриди истифода қарор диҳад.
«МАЛАКАИ РОҲБАРӢ». БАРНОМА БАРОИ ЗАНҲОИ БОЛАЁҚАТ
Аз 1-ум то 6-уми июл дар доираи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 бо ширкати 30 нафар намояндаи мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машғулиятҳои такмили ихтисос идома доранд.
Кумитаи кор бо занон ва оила иттилоъ додааст, ки машғулиятҳои илмию амалӣ бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» гузаронда мешаванд.