Дар ҷое хонда будам: “Омӯзгорӣ шуғл нест, ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб кардаӣ, раҳояш бикун (аз баҳраш гузар). Вале, агар он ишқи ту бошад, муборак бод”.
Воқеан, ишқи омӯзгорӣ буд, ки Гулзорамо Соибназарова тамоми ҳастии худро фидои ин роҳ кард. Устоди соҳибэҳтироми дабистон, Аълочии маориф ва илм Гулзорамо Соибназарова таҷрибаи зиёда аз чилсолаи педагогӣ дошт. Маҳз муҳаббат ба касб ва шавқ ба олами беғубори кӯдакон ӯро ба дабистон овард. Омӯзгори соҳибкасб 20-уми апрели соли 1959 дар деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ)-ро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Г. Соибназарова дар дафтари ёддошти худ мегӯяд: “Азбаски талаботи замон сахт буд, Вазорати маориф маро ба Мактаби миёнаи №32-и ноҳияи Ишкошим ба симати омӯзори фанни забон ва адабиёти рус сафарбар намуд. Маҳз дар соли аввали фаъолияти педагогӣ дарк кардам, ки кӯдаконро дӯст надошта, ба онҳо дарс додан амрест муҳол”.
Бо сабаби кӯч бастани оила ба водии Ҳисор фаъолияти кориро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳия идома медиҳад. Гулзорамо Соибназарова кор дар ин даргоҳро мактаби омӯзиш ва сайқал додани маҳорату малакаи педагогӣ унвон кардааст.
Ӯ дар дафтари ёддоштҳои худ чунин қайд мекунад: “Баъдтар, гӯё ба ҳаёти шукуфони насли мо чашми бад расид. Тоҷикистони ободу зебо ба гирдоби ҳодисаҳои номатлуб печид. Мо низ қатори мардуми бегуноҳи ҳаросон ба зодгоҳ рафтем. Чанд муддат дар он ҷо ба кору касби дӯстдоштаи хеш машғул шудам. Бо ба сари давлат омадани наҷотбахши мардуми тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тинҷу ором намудани вазъияти мураккаб, мо низ ба Душанбе, шаҳри азизамон баргаштем. Ин каломи зиндагиафрӯзи Президенти муҳтарами мо ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки гуфта буданд: “Ҳар фарде, ки имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат барояш азиз аст, бояд дар роҳи соҳибмаърифату соҳибкасб ва дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврас ва ҷавонон саҳми муносиб гузорад””.
Гулзорамо Соибназарова ин суханони некбинонаро пешаи кори худ намуда, аз соли 1995 то дами вопасин дар МТМУ №28-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳайси омӯзгор кор кардааст.
Омӯзгори дарёдил, ки тамоми умр Ватани озод, дӯстии халқҳо ва ободию пешрафти рӯзгорро васф мекард, шогирдонро низ дар ҳамин руҳия ба камол расондааст. Ӯ бо матбуоти даврӣ ҳамкории зич намуда, мулоҳиза ва фикру андешаҳои худро роҷеъ ба таълиму тарбия, саводу ақлу хирад, сайқали илму дониш, салоҳиятнокӣ ва сифати таълиму тарбия, кор бо падару модарон, робитаи мактаб ва оила чоп намудааст. Ба ҷуз ин, дар бораи Ватан, Душанбе, об, зан, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, бузургони миллат маводҳои зиёд дорад. Дар мақолаи “Душанбе – даргоҳи меҳру шафқат” чунин нигоштааст: “Дӯстии халқҳои Тоҷикистон дар Душанбе ба дарахти тануманд, серҳосил, азамат ва бороварии серреша табдил ёфтааст”.
Гулзорамо Соибназарова ният дошт, ба ифтихори Ҷашни 100-солагии пойтахти дилоро Душанбе нигоштаҳои худро дар шакли китоб ба табъ расонад, аммо умр вафо накард. Китоб бо дастгирии пайвандон омодаи чоп буда, фикру андеша ва мулоҳизаҳои муфиди педагогии ӯ барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, навкор ва камтаҷриба дастури муҳим ба шумор меравад.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”