Дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Агентии иттилоотии “Синхуа” мусоҳиба анҷом доданд.
Зимни суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, ҳадафҳо ва афзалиятҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи мавқеи Созмони ҳамкории Шанхай дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, инчунин, дигар самтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигори Чин посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.
Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори чинӣ дар Агентии иттилоотии “Синхуа”, сомонаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардид.
Дар мақолаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо номи “Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон” роҳбари кишвари ҳамсоя оид ба рушду густариши робитаҳои шарикии стратегӣ, сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ, нақши арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмиқи муносибатҳои дӯстию ҳамсоягии Тоҷикистону Чин, саҳми назарраси Сарвари давлати Тоҷикистон дар таъсис ва пешрафти Созмони ҳамкории Шанхай, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак бар нафъи мардумони ду кишвар бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ кардаанд.
“Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд”, – овардааст дар мақолаи худ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин.
Бояд гуфт, ки мақолаи Роҳбари кишвари ҳамсоя дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва дигар матбуоти даврӣ нашр гардид.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
RT. Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, зимни нишасти СҲШ плюс дар Остона изҳор дошт, ки СММ омода аст бо СҲШ дар мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунад.
Гутерриш, ҳамчунин, зикр кард, ки барои кишварҳо зарур аст, то аз шаклгирии «макони терроризм» дар Афғонистон пешгирӣ намоянд.
Фонтанка.ру. Дар Британияи Кабир интихоботи парлумонӣ 4-уми июл ба охир расид. Мувофиқи маълумоти экзит-полҳо ҳизби Лейбористӣ ғалаба мекунад: он метавонад дар парламент 410 ҷой гирад. Роҳбари ҳизби Лейборист Кир Стармери 61-сола бо эҳтимоли зиёд Сарвазири ояндаи Британияи Кабир хоҳад шуд.
ТАСС. Сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай зимни нишасти ин Созмон дар Остона тасмим гирифтанд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази зиддимухаддирот таъсис диҳанд. Дар ин бора ба ТАСС ҳамоҳангсози миллии СҲШ аз Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода хабар дод.