Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сохтмону барқарорсозии иншооти гуногун идома дорад. Бинои таълимӣ барои курсантони факултаи чоруми Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд яке аз чунин иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад.
Иншоот аз шаш ошёна иборат буда, дорои 17 синфхона, ошхонаву хобгоҳ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино барои таълиму тарбияи курсантон шароити мусоид фароҳам мешавад.
Зимни шиносоии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои сохтмонии Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” иттилоъ доданд, ки иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд бунёд гардида, дар он дар як вақт то 1000 варзишгар ба машқу тамрин машғул шуда метавонад. Маҷмааи мазкур дорои толорҳои варзишии бокс, гӯштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка ва теннис буда, дар он бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст.
НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ВАРЗИШГОҲИ ДЕҲОТИ ИСФИСОР НАВСОЗӢ МЕШАВАД
Дар доираи омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ варзишгоҳи деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навсозӣ шуда, барои машқу тамрини варзишгарон ва гузарондани мусобиқаҳои сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Чуноне Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд маълумот дод, варзишгоҳ дар қарни 20 сохта шуда, давоми чанд соли охир фаъолияти босамар надошт.
Тибқи лоиҳа, варзишгоҳ дорои 6500 ҷойи нишаст буда, дар он иншооти ёрирасон, аз қабили ҳуҷраҳои корӣ ва либосивазкунӣ низ, сохта мешавад.
Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон анҷом дода шуда, дар назар аст, ки иншоот соли равон ба истифодода дода мешавад.
ҶДММ «СИРДАРЁ» ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ ТО 5 ҲАЗОР ҚУТТӢ ШАРБАТУ АФШУРА ОМОДА МЕКУНАД
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар як шабонарӯз беш аз 10 тонна маҳсулотро коркард карда, аз он то 5 000 қуттӣ шарбату афшура омода менамояд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов маълумот дод.
Дар корхона бо ному тамғаҳои гуногун обҳои ташнагишикан ва афшураҳои гуногун истеҳсол ва меваву сабзавот пурра коркард мешаванд. Музаффар Юнусов гуфт, ки ҳамасола корхона олуча, зардолу, шафтолу, анору себ, помидор ва бодирингро аз деҳқонон қабул намуда, коркард карда, маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои дохилӣ ва давлатҳои гуногун содирот менамояд.
Дар корхона ҳоло беш аз 40 нафар бо ҷойи кор таъмин аст, ки аксарашон бонувон мебошанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» ба масъулон барои ҳарчи бештар харидани меваҳои шаҳдбор аз деҳқонон ва коркарду содироти маҳсулот тавсияҳои муфид дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»