Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти соли 2024 дар “Кохи Ваҳдат” бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуда, оид ба бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизм ва амсоли инҳо андеша ронда, аз ҷой доштани равандҳои номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, миёни мардум, бавижа ҷавонон, изҳори нигаронӣ карданд.
Мо дар ин замина фикру андешаҳои намояндагони касбу кори гуногунро гирд овардем, ки фишурдаи онро манзури хонандаи азиз мегардонем.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ, сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард:
– Мутаассифона, имрӯзҳо дар хориҷи кишвар доираҳои манфиатдори диндоре ҳастанд, ки мехоҳанд мардуми мо пойбанди хурофоту таассуб бошад ва дар ин ҷода саъю кӯшиш низ доранд. Зеро, чуноне медонем, ашхоси бесаводро идора кардан ниҳоят осон аст.
Маҳз ба ҳамин хотир, Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Суханронии Президенти Тоҷикистон ҳамон барнома ва дастурамали ватандӯстонаву ватанхоҳонае аст, ки имрӯзҳо бояд роҳнамои асосии ҳар сокини Тоҷикистони озоду биҳиштосову соҳибтамаддуни мо бошад, зеро танҳо дар он метавон кафолати ояндаи дурахшону созанда ва пойдори ин сарзаминро мушоҳида кард.
Моҳира САФАРЗОДА, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
– 9-уми марти соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи васеи масъалаҳои ҳалталабро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар он ба сатҳи маънавиёту маърифати мардуми кишвар дахл намуда, бори дигар даъват сохтанд, ки пайваста илму дониш биомӯзем ва аз технологияҳои муосир бархӯрдор бошем. Мақсуд аз ин даъватҳои ҳамешагии Ҷаноби Олӣ чист? Танҳо якест: ҳифзи асолати миллӣ ва фарҳанги хеш. Зеро дар ин ҷаҳони пуртазод фақат миллати бамаърифат метавонад аз хеш ҳимоят кунад, вагарна ҷаҳолату таассуб боиси парокандагии қавму халқиятҳо ва аз байн рафтани давлатҳо мегардад.
Пас, моро мебояд, ба ҳар сухани Пешвои муаззами миллат, ки саросар пур аз ҳикмату ояндасоз аст, гӯш диҳем ва дар амри иҷрои онҳо талош намуда, Ватани маҳбуби худро бо омӯзиши илму технологияи муосир ва меҳнати содиқонаву софдилона ривоҷу равнақ бахшем.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”