Хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанберо бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ду қисмат иборат аст, зинат медиҳад. Кушодашавии ботантанаи ин бино дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон доир гардид.
Тавре раиси ширкати IPPR-и ҶМЧ, муҳандиси генералӣ оид ба лоиҳакашӣ Ҷанг Тонг И дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» доир ба ифтитоҳи ин иншооти бошукӯҳу пурҳашамат иброз дошт, лоиҳаи сохтмон якҷоя бо ташкилоти пешбари лоиҳакашии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шаҳрсозӣ ва ҳудудсозии ҶСК «Шаҳрофар» таҳия шуда, бунёди бино аз ҷониби ҶДММ «Тсзянсу Тсзянду» ба сомон расид.
Бинои Ҳукумат бо миқёс, нозукиҳои мукаммали худ, ки меъмории миллии муосири тоҷикро бо услуби махсус ва ҳашаматаш ба ҳам мепайвандад, касро ба ҳайрат меорад. Тарҳи асосии лоиҳаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд.
– Кӯшиш кардем, ки ҳангоми нақшакашӣ ва сохтмон ҳамаи талабот ва тавсияҳои ҷониби Тоҷикистонро иҷро намоем. Дар сохтмони бино мармар, чӯбу тахта, умуман масолеҳи бинокории аз ҷиҳати экологӣ хушсифат истифода бурда шуд. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бино ду дарахти шоҳбулут ҳифз шуд, ки имрӯз ба тарҳи нав мувофиқат мекунад. Ростӣ, ранги берунаи биноро низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуданд. Қариб ҳамаи маводи ороишӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони машҳур аз Чин ворид гардид. Зиёда аз 10 ҳазор тонна масолеҳ барои ороиши берунаи бино аз хориҷ ворид карда шуд, – илова мекунад мутахассис.
Ҳуҷраҳои барҳаво, толорҳои муҷаҳҳазшудаи замонавӣ барои вохӯриҳо, ки калонтаринашон барои 1000 нафар пешбинӣ шудаанд, бо ҳашаматнокӣ ва технологияи муосир касро ба ҳайрат меоранд.
Дар рафти сохтмони бино беш аз 1500 коргар – ҳам аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва ҳам аз Чин – ҷалб шуд. Дар ҳамин ҳол, бештари коргарони Чин аз дигар мамлакатҳо, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ба Тоҷикистон омаданд. Тақрибан 80 фоизи коргарон аз Тоҷикистон ва 20 дарсадашон аз Чин буданд.
– Вазифаи асосии лоиҳакашӣ – ин ба назар гирифтани сейсмикии минтақаи сохтмон буд. Бинои Ҳукумат бо назардошти тамоми талаботи сохтмонӣ бунёд шуда, ба заминҷунбии то 9-балла метавонад тоб оварад. Барои таъмини бехатарӣ мутахассисон озмоиши муқовимат ба сейсмикӣ гузаронданд. Бешубҳа, он ба мардуми тоҷик беш аз 100 сол хизмат хоҳад кард,– иброз дошт Ҷанг Тонг И.
Ба гуфти раиси ширкати IPPR, бунёди иншооти мазкур, дар наздиктар шудани ду халқ ва таҳкими дӯстии байни онҳо нақши амиқ хоҳад гузошт.