6-уми июл сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6-уми июл ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Бо нишони эҳтиром ва самимияти хос меҳмони олиқадр - Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Роҳбари кишвари ҳамсоя баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ бо таассуроти нек аз меҳмоннавозии тоҷиконаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Пекин баргашт.