Тули зиндагии хеш, дар солҳои гуногун, бо одамоне вохӯрдаю аз суҳбатҳояшон баҳра бардоштаам, ки барои минбаъд дар ҷодаи эҷод устуворона қадам бинҳоданам, мадади ҳамаҷониба расондаанд. Яке аз ин гуна инсонҳои фурӯтану дарёдил ва хирадоин рӯзноманигори шинохта, публитсисти соҳибқалам Маҳмуд Шаҳобиддинов ба шумор меравад, ки бо амри тасодуф бо ӯ рӯ ба рӯ гардида, маслиҳатҳояшонро, ки бас дӯстона ва аз сари сидқу самимият буданд, раҳнамои фаъолияти рӯзноманигории худ қарор додам. Соли 1983 устодони кафедраи журналистика ва адабиёти халқҳои СССР-и УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) профессор, доктори илми филология Воҳид Асрорӣ ва устод Иброҳим Усмонов мо – муҳассилини курси дуюми риштаи журналистикаро ба нашрияҳои даврии ҷумҳуриявӣ ва телевизиону радио ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карданд. Ман таҷрибаомӯзиро дар рӯзномаи маъруфи «Тоҷикистони советӣ», ки нашрияи рақами яки ҷумҳурӣ ҳисоб меёфт, оғоз бахшидам. Бояд хотиррасон кард, ки бо рӯзномаи мазкур аз қабл ҳамкорӣ доштам, хабарҳои навиштаам чоп мешуданд ва маро ба иншои мақолаю лавҳа руҳбаланд менамуданд. Аз кормандони нашрия Маҳмуд Шаҳобиддиновро аз давраи мактабхонӣ мешинохтам, ки он таърихи аҷибе дорад. Дар синфи даҳум таҳсил мекардам. Падарам як умр дар колхоз ба чорвопарварӣ машғул буданд, гоҳҳо шомгоҳон дар хусуси азобу машаққатҳои кашидаи худ ба мо – фарзандон, бо дард ҳикоят мекарданд. Ӯ аз падару модар ятим монда, дар тарбияи тағову модарандар қарор доштааст. Бародарбузургаш амаки Усмон ва қиблагоҳаш бобои Малах аз ҷанг барнагаштанд, аммо падарам мехост савод бароварда, оянда соҳиби касбу ҳунаре шавад. Солҳои вазнини баъдиҷангӣ, қаҳтию нодорӣ, гуруснагӣ... Падарам либоси дурусте надошта, дар зимистон, дар тан куртаи рангбохтаи тобистона ва дар пойҳояш калушҳои даридаю кандагӣ ба мактаб мерафтааст. Боре бо чунин ҳайат дар зери барфбориши бошиддат аз дарс дер мемонад. Иттифоқо, ҳамон пагоҳӣ роҳбари аввали ноҳия дар саҳни таълимгоҳ бо падарам вомехӯрад. Ба сарулибос ва чеҳраи рангпаридаи падарам, ки аз сармои шадид чун барги бед меларзидааст, назар афканда, аз ҳолу аҳволаш мепурсад.
Вай аз кисаи палтояш қаламеро бароварда, ба ман дода, сарамро сила карда: «Хон, писарам, аз мактаб дер намон», – гуфта, аз дастам гирифта, ба назди директор, ки иштирокчии ҷанг буд, бурд ва фаҳмонд, ки ба ин бача ёрӣ расонед. Ду рӯз баъд, аз ноҳия ба падарам шиму костум, пойафзоли зимистона ва палтои нав фиристоданд.
Падарам нақл мекарду мо ҳикояти ӯро бо таҳаммул мешунидему хомӯшу сокит он рӯзҳоро пеши назар овардан мехостем…
Боре, баъд аз шом, падарам рӯзномаҳоро мутолаа карда (вай чун одат газетаю журналҳоро дар соатҳои фориғ аз кор мехонд), як сӯ гузошт ва ба ман гуфт, ки дафтари тозаву қалами худкор ҳозир созам. Падарам ба навиштан шуруъ намуд.
Чанд рӯз баъд навиштаи воқеан пурсӯзу гудози падарамро, ки чашмро пуробу дилро ғарқи андуҳ мекард, дубора иншо ва таҳрир намуда, роҳ сӯйи пойтахт гирифтам. Ба идораи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ворид гардида, лаҳзае ҳайрон монда, намедонистам ба кадом ҳуҷра сар дарорам. Ногоҳ ҷавонмарди қадбаланде, ки дар чашм айнаку куртаи остинкӯтоҳе ба бар дошт, дар роҳрав пайдо шуд ва маро даступогумкарда дида пурсид, ки назди кӣ омадаам. Ба ӯ фаҳмондам, ки навиштае дорам, онро барои чоп ба газета овардам.
– Ин мақоларо аз номи падарам иншо кардаам, – тавзеҳ додам. Пас аз мутолааи навиштаам, ӯ бо меҳр сӯям нигариста:
– Медонӣ – чӣ, бародар, – гуфт ӯ, – ман дарёфтам, ки лаёқати хуби навиштанро доро ҳастӣ. Дарди одамро, боз ин ки вай, шахси азизу ба дил наздик – падар мебошад, бо маҳорат тасвиру нақл карда тавонистаӣ. Дар навиштаат ҷавҳаре нуҳуфтааст. Аз ин мақола очерк офар, ана ҳамин саргузашти падарро бо тарзу шеваи образноки бадеӣ тасвир намо. Ту навишта метавонӣ.
Баъд вай худро шинос намуд:
– Маҳмуд Шаҳобиддинов.
Мо перомуни адабиёт, асарҳои адибони тоҷик, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ҷаҳон хеле суҳбат кардем.
– Ба кори эҷод ҷиддӣ бояд машғул шуд, – таъкид кард ӯ. – Дар ин роҳ беҳавсалагӣ ва сарам-дилам муносибат кардан касро ба мақсуд намерасонад. Бисёр омӯхтан даркор. Заҳмати пурмашаққат, азоби сангин аст, эҷод кардан. Лекин ту натарс, навиштан гир.
Ман шодону хуррамдил аз дари ҳуҷра баромадам ва ҳеҷ боварам намеомад, ки як навиштаам муҷиби ин ҳама маслиҳату машварат гардад. Аз ин суханони Маҳмуд Шаҳобиддинов бовар ба худ, ба қобилияту азми чизе навиштан дар дилам собиту қавӣ гардид.
Вақте ки рӯзи аввали таҷрибаомӯзӣ дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» бо Маҳмуд Шаҳобиддинов рӯ ба рӯ омадам, вай ҳамон хандон сӯям нигариста, дастамро фишурда:
– Ана, акнун майдон аз далер аст, ҳам мақола менависӣ, ҳам ба эҷоди ҳикоя машғул мешавӣ, – гуфт.
Ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ҳамвора аз маслиҳатҳои беғаразонаи Маҳмуд Шаҳобиддинов ва дигар кормандони рӯзнома баҳра мебардоштам. Инак, аз он айём расо чил сол сипарӣ мегардад, аммо ҳар гоҳ ба иншои мақола ё очерку ҳикояе шуруъ намоям, симои гарми акаи Маҳмуд дар пеши назарам пайдо мешавад. Вай дар пиндорам аз паси айнаки калон сӯям бо меҳру хайрхоҳӣ менигараду маро ба навиштан талқин месозад.
Шодӣ РАҶАБЗОД, нависанда