Аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар шаҳри Парижи Фаронса XXXIII Бозиҳои олимпиада баргузор мешавад. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст. Онҳо барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.
ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024
Дар Бозиҳои олимпии соли 2024-ум 14 варзишгари тоҷик (11 нафар тариқи роҳхати олимпӣ ва 3 нафар аз рӯйи ҷойҳои универсалӣ), аз рӯйи 6 намуди варзиш – ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук – ширкат мекунад. Дар ҷудо бори аввал Тоҷикистон сазовори 6 роҳхати олимпӣ гардид: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг). Дар бокс се нафар – Миҷгона Самадова (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Давлат Болтаев (-92 кг), таеквондо як нафар – Мунира Абдусаломова (+67 кг), гӯштии тарзи озод як нафар – Виктор Рассадин (-74 кг) ҳаққи иштирок дар олимпиадаро пайдо карданд. Инчунин, ба хотири фаро гирифтани варзишгарони ҳамаи давлатҳо федератсияҳои байналмилалии варзиши сабук ва варзишҳои обӣ ҷойҳои универсалӣ таъсис доданд, ки се варзишгари тоҷик даъват гардид – дар шиноварӣ ду нафар – Екатерина Бордачева, Фахриддин Мадкамов ва дар варзиши сабук – Фаворис Музрапов. Шиноварони мо дар масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис дар дав ба масофаи 100 метр сабқат мекунанд.
Бояд гуфт, ки аз миёни 14 варзишгарамон 10 нафараш бори аввал иштирокдори Бозиҳои олимпӣ мегардад. Комроншоҳ Устопириён сеюм маротиба, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Баҳодур Усмонов дуюм маротиба дар олимпиада ширкат меварзанд.
ТОҶИКИСТОН ТО ПАРИЖ-2024
Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпӣ аз соли 1996 ширкат мекунанд ва чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Ягона медали тиллои олимпӣ ба гурзандоз Дилшод Назаров мутааллиқ аст. Ӯ соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ба унвони чемпионӣ даст ёфт. Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Пекин дар риштаи гӯштии тарзи озод, вазни -84 кило сазовори медали нуқра гаштааст. Медалҳои биринҷиро дар Олимпиадаи Пекин-2008 Расул Боқиев дар ҷудо, вазни -73 кило ва Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар риштаи бокс, вазни -60 кило мушарраф шудаанд.
ПАРИЖ ДУЮМ ШАҲРЕСТ, КИ СЕ МАРОТИБА МИЗБОНИ ОЛИМПИАДА МЕШАВАД
Париж дар иҷлосияи 131-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар Лима (Перу) 13-уми сентябри соли 2017 ҳаққи баргузории XXXIII бозиҳои олимпиро соҳиб шуд. Ин шаҳр, ки қаблан солҳои 1900 ва 1924 мизбони бозиҳои олимпӣ шуда буд, пас аз Лондон дуюм шаҳре мешавад, ки се маротиба бозиҳои олимпиро мизбонӣ мекунад (Лондон солҳои 1908, 1948 ва 2012 бозиҳоро доир карда буд). Барои Фаронса бошад, ин шашум олимпиада аст, ки мизбон мешавад. Ин кишвари аврупоӣ, инчунин, се маротиба бозиҳои зимистонаи олимпиро баргузор кардааст: Шамонӣ-1924, Гренобл-1968, Албертвил-1992.
ИШТИРОКИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН
Бозиҳои олимпии Париж-2024 аввалин олимпиадае мешавад, ки дар он иштироки баробари мардону занон (50 ба 50) таъмин мегардад. Ҳамчунин, он ба гуфтаи президенти КБО Томас Бах, “фарогиртар, шаҳритар ва устувортар” хоҳад буд.
Дар Бозиҳои олимпии қадим дар Юнон занҳо ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳоро надоштанд. Вале аз дуюм Бозиҳои олимпии муосир (Париж-1900) занҳо дар баъзе риштаҳои варзиш, мисли варзиши сабук ва шиноварӣ, ширкат карданд. Соли 2012 дар Лондон бошад, дар ҳайати ҳамаи давлатҳо занон буданд. То он вақт кишварҳои Арабистони Саудӣ, Қатар ва Бруней бонувонашонро ба олимпиада намефиристоданд.
МЕДАЛҲО
Медалҳои олимпӣ ва паралимпии Париж-2024 як пораи махсуси металл доранд, ки як замон қисми бурҷи Эйфел буд. Чӯяни бурҷи Эйфел соли 1889 ҳангоми азнавсозӣ гирифта ва нигоҳ дошта мешуд, ки акнун як қисми медалҳои олимпӣ аст.
Барои Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Париж-2024-ум 5084 медал тайёр кардаанд, ки қутраш 85 мм, ғафсиаш 9,2 мм буда, дар ҳар медал 18 грамм оҳан аз бурҷи Эйфел истифода шудааст. 529 грамм вазни медали тилло, 525 грамм вазни медали нуқра ва 455 грамм вазни медали биринҷӣ мебошад. Медалҳои тилло аз нуқра ва 1,13% тилло, медалҳои нуқра аз 100% нуқра ва медалҳои биринҷӣ аз мис, руҳ ва қалъагӣ сохта шудаанд.
МАРОСИМИ ИФТИТОҲ
Маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпии соли 2024 бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва паради ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қадди дарёи Сена баргузор хоҳад шуд. Масири 6-километрии парад намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Парижро дар бар мегирад.
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ПУЛ МЕСОЗАНД
«Бозиҳои олимпӣ ҳамеша пул месозанд, ҳеҷ гоҳ девор намесозанд. Одамонро дар сулҳ ва ҳамфикрӣ муттаҳид менамоянд. Ин зебоии варзиш аст. Он моро ба ҳаракат илҳом мебахшад, ҷиҳатҳои беҳтаринро дар мо зоҳир месозад, моро солим нигоҳ медорад ва ба ҳам меорад – ҳамчун дӯстон ва ҷомеа, дар куҷое, ки бошем ва кадом роҳеро, ки интихоб кунем”, — гуфтааст дар яке аз суханрониаш президенти КБО Томас Бах.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”