Чанд соли ахир дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳаввулоти тоза ба амал омада, раванди ҳамкориҳои ду мамлакат дар доираи беш аз 200 санаду созишнома ба роҳ монда шуд. Ҳоло уфуқҳои тозаи равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳар ду мамлакати дӯст ва шарикони ҳамаҷонибаи стратегиро дар мисолҳои зерин метавон ифода намуд.
Якум, аз сатҳи робитаҳои муқаррарии расмӣ то ба шарикии стратегӣ баровардани ҳамкориҳои дуҷониба. Си Ҷинпин баъд аз интихоб шудан ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар миёни сарварони давлатҳо нахустин мулоқоти худро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дод. Зимни мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбарони ду давлати дӯст барои тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба Эъломияи муштарак доир ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба имзо расонданд, ки оғози марҳалаи нави ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад.
Мавриди ёдоварист, ки баъд аз ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои дуҷониба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва илм, технология, фарҳанг, кишоварзӣ ва амнияти минтақавӣ тақвият ёфтанд.
Тоҷикистону Чин дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба якдигарро шарики боэътимод медонанд. Мамлакатҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи ҳамсон ё наздик доранд ва аз ташаббусҳои ҳамдигар дар сатҳи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд.
Соли 2014 дар ҳошияи Ҳамкории иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Осиё ва уқёнуси Ором мулоқоти навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Си Ҷинпин се ҳадафи стратегии Тоҷикистон: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро се ҳадафи стратегии шарикии Тоҷикистону Чин номид.
Воқеан ҳам, Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои стратегии худ ҳаҷм ва сифати сармоягузориҳои мустақимро дар бахшҳои иқтисодӣ ва кишоварзии Тоҷикистон бештар ва беҳтар намуд.
Дуюм, афзоиши бесобиқаи гардиши мол. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» муносибатҳоро вусъат мебахшанд, зеро лоиҳаи мазкур ба рушди иқтисодии минтақа ва ҷаҳон такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ҳоле ки вазъи созмонҳои молиявӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҳоли тағйир аст, густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бо Чин бисёр муҳим ва саривақтӣ аст, зеро Чин яке аз кишварҳои дорои иқтисоди қавӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки дар густариши робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ муҳим мебошад. Дар натиҷаи тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни ду мамлакат зеркомиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Чин таъсис дода шуд, ки ба афзоиши гардиши мол мусоидат кард.
Сеюм, сохтмони иншооту инфрасохтори муҳим ва стратегӣ. Дар мамлакат як қатор иншоотҳо дар ҳамкорӣ бо Чин сохта шудаанд. Аз ҷумла, Маҷмааи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай – Данғара Син Силу Текстил", роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, корхонаи сементбарории Хуаксин Ғаюр – Суғдсемент, корхонаҳои истеҳсоли фторидӣ ва криолит, нақбҳои Шаҳристон, Хатлон, Дӯстӣ, Озодӣ, қитъаи роҳи мошингарди Дарвоз – Ванҷ – Рӯшон ва дигар иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта.
Бо маблағгузории ҷониби Чин иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон сохта шуда истодааст. Ширкати чинии ТВЕА дар ҳамкорӣ бо ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази гармидиҳии Душанберо ба истифода дод. Инчунин, ба маблағи 37 миллион доллар хатти интиқоли барқи 220-киловолтаи «Хуҷанд – Айнӣ» сохта шуд. Чандин лоиҳаҳои дигар дар нақша ва қисме дар ҳолати иҷро ҳастанд.
Чи тавре мебинем, робитаҳо дар соҳаи энергетика ба таври густурда тавсеа ёфта, ба манфиати ду мамлакати дӯст ва ҳамсоя мебошанд. Дар баробари ин, ҷониби Тоҷикистон ва Чин амалӣ кардани лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавиро ба иҷро мерасонанд. Аз ҷумла, сохтмони роҳи оҳани минтақавии Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, роҳи мошингарди Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон, роҳи мошингарди Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва амсоли инҳо.
Чорум, афзоиш ёфтани шумораи корхонаҳои Чину Тоҷикистон.
Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз зиёда аз 70 корхона ва корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин бо беш аз 300 лоиҳаи гуногун, асосан, дар бахшҳои истеҳсоли семент, нақлиёт, маъдан, кишоварзӣ ва энергетика фаъолият доранд. Зиёда аз 580 ширкат бо сармоягузории чинӣ дар соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон кор мекунад. Ин тадбирҳо ҳам ба гардиши молии мамлакат мусоидат мекунанд ва ҳам барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароити фароҳам меоранд.
Панҷум. Ҳамкорӣ дар доираи С5+1. Тоҷикистону Чин ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавии бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Ҳамкории иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Осиё ва уқёнуси Ором, формати С5+1-ро тавсеа дода, аз дидгоҳҳои якдигар дар доираи созмонҳои мазкур ҷонибдорӣ менамоянд.
Дар доираи формати С5+1 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориро дар самтҳои таъмини амният, таҳкими дӯстӣ ва рушди устувори иқтисодӣ тақвият бахшиданд. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи формати С5+1 ба маблағи 3,72 миллиард доллар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки бебозгашт кард. Инчунин, сармоягузории Чин дар иқтисоди кишварҳои минтақа 15 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳафт маркази зеҳнии Чин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, доир ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон табодули андеша менамоянд.
Дар маҷмуъ, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳолати рушд буда, дар сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба беш аз пеш тақвият меёбанд.
Ҷаҳонгир МАҲМАДЗОИР,
сармутахассиси раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон